5. АЛЛОМАЕ, КИ БУХОРОРО «ҚУББАТ-УЛ-ИСЛОМ» КАРДААСТ

Фиқҳшиноси номвари олами ислом

СИЛСИЛАИ ШАРИФ
(Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта).
Писари ин донишманди бузург Абуҳафси Сағир (Абуҳафси хурд) мисли падар пешвои илми фиқҳ буд. Номи ӯ дар баъзе манбаъҳо Фақеҳ Абуабдуллоҳ низ қайд шудааст. Номи пурраи ӯ Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Ҳафс аз-Зибарқон ал-Бухорӣ аст. Ӯ муаллифи китоб оиди ақидаи ислом ва фалсафа «Ал-Имон» мебошад. Китоби дигари ӯ доир ба илми фиқҳ «Фатовии Абуабдуллоҳ» яке аз манбаъҳои муътабари илми ҳуқуқшиносии ислом мебошад. Дастнависи он дар фонди дастнависҳои китобхонаи электронии «Мустафоия»-и Миср таҳти рақами 071005 нигоҳ дошта мешавад. Нашри илмиву интиқодии асари мазкур бо номи «Абуабдуллоҳ ал-Бухорӣ ва масоилуҳу ал-иҷтиҳадия ва ихтияратуҳу ал-фиқҳия» («Абуабдуллоҳи Бухорӣ ва масъалаҳои муҷтаҳидии ӯ ва фиқҳи ихтиёрӣ») дар яке аз мамлакатҳои араб рӯйи чопро дидааст. Баробари ҳамин, ӯ муаллифи асарҳои «Ал-аҳво ва-л ихтилоф» («Гапҳои ҳавоӣ ва номуросоиҳо»), «Ар-радду алал-лафзийя» («Раддия ба нигоҳҳои сатҳӣ») мебошад, ки масоили илми каломро васеъ ва равшан шарҳу эзоҳ намудааст. 
Аммо тақдири чунин китобҳо барои аҳли илми имрӯз номаълум монд.
Абуҳафси Сағир, ки мардум ӯро чун донишманди замон, обид, фақеҳ, валиюллоҳ мешинохтанд, мисли падари бузург дар паҳншавии мазҳаби Ҳанафия дар Осиёи Миёна ҷоннисориҳо кард. Дар аввали асри  IX дар Хуросон вақте ки ноибӣ кардан ба дасти Тоҳириён гузашт, онҳо кӯшиш намуданд, ки сиёсати мустақилона баранд. Ҳукмронии арабҳо ниҳоя ёфта, ҳукумат ба дасти ҳокимони маҳаллӣ гузашта бошад ҳам, аз чунин ҳол аҳволи мардум беҳ нагардид. Додари ноиби Хуросон Ҳусайн ибни Тоҳири Атоӣ баъд аз ба даст даровардани Хоразм, дар он ҷо лашкари зиёд ҷамъ овард ва баъд, соли 874 ба Бухоро юриш кард. Мардуми шаҳр бар зидди истилогарон муборизаи зиёд бурданд, вақте ки пирӯзии онҳо наздик омад, Ҳусайн ибни Тоҳир эълон кард, ки ба аҳли шаҳр амонӣ медиҳад. Мардуми мусаллаҳгардида надонистанд, ки ин ҳилла аст ва майдони ҷангро тарк карданд. Душман аз ин истифода бурд ва мардумро аз дами шамшер гузаронд, шаҳрро тороҷ кард. Дар чунин лаҳзаҳои пурталотум Абӯҳафси Сағир ба шоҳи Самарқанд Наср ибни Аҳмади Сомонӣ нома фиристода, хоҳиш намуд, ки ба Бухоро ҳоким фиристонад. Шоҳи Самарқанд дар муддати кӯтоҳ додари худ Исмоил ибни Аҳмади Сомониро ҳамчун амири Бухоро таин кард. 
Амири нав вақте ба Бухоро омада дид, ки шаҳр ба вайрона табдил ёфтаасту ноором, пушаймон гашт. Аммо Абуҳафси Сағир ва донишмандони дигар ӯро дилбардорӣ карданд, бо маслиҳатҳои худ ба корҳои идора кумак расонданд. Исмоили Сомонӣ заминҳои калоне, ки пештар дар тасарруфи заминдорони араб буд, харида гирифт ва онро чун вақф ва иқта ба уламову сарватмандони маҳаллӣ тӯҳфа кард, дар натиҷа ҳукумати ӯ мустаҳкам гардида, дар Мовароуннаҳру Хуросон давлати мустақил бунёд гардид.
Абуҳафси Сағир, ки Исмоили Сомониро дастгирӣ мекарду маслиҳатгари ӯ буд, соли 264-уми ҳиҷрӣ (877-и милодӣ) вафот кард. Ӯро дар назди қабри падараш дафн карданд.
Набераи Абуҳафси Кабир Абдуллоҳ ибни Ҳафс низ донишманди илми фиқҳ буд.
Тавре ки маълум аст, қабристон қисми ҷудонопазири маданияти ислом буд. Чунки аз рӯйи таълимоти дини ислом  инсон пас аз марг низ азизу муътабар аст. Шустану дафн кардани майит низ қонуну қоидаҳои худро дорад. Пас аз тасаллути дини ислом дар Бухоро одамон майитро дар асоси русуми ислом дафн кардаанд. Бо мурури замон дар натиҷаи зиёдшавии аҳолӣ мазорҳо низ зиёд шудаанд.
Дар манбаъҳои таърихӣ дар Бухоро воқеъ будани чандин мазори муборак қайд шудааст. Мақбараи «Қуззоти сабъа» (Ҳафт қозӣ) дар маҳаллаи Калобод, дар Мазори судур, ки дар наздикии он ҷойгузин будааст, фақат амиру бузургон дафн мешуданд, «Биҳиштиён», «Ҳавз ул-миқдом», «Мазори дол», «Мақбарати боби Мансур» (Мазори дарвозаи Мансур), «Боб-ул-маҷус» (Дарвозаи маҷусиён), «Мазори фағсодара», «Мазори фақиҳ Абуҳафси Кабир» аз ин ҷумла мебошанд. «Мазори фақиҳ Абуҳафси Кабир» ба зиёратгоҳ табдил ёфта, ба он номи «Тариқ-ул-ҳақ» (Роҳи ҳақ)-ро додаанд.  Чунки одамон ба ин ҷо фатвоҳояшонро бурда, аз рӯйи одат истихора мекарданд. Ин қабристонро мардум чун зиёратгоҳи бузург азиз медонистанд, дар ин ҷо дафн шуданро барои худ ифтихор ҳисобида, умед мекарданд, ки дар рӯзи қиёмат бо Абуҳафси Кабир дар якҷоягӣ сар мебардоранд.

ПАНДУ НАСИҲАТ ВА ФАТВОИ АБУҲАФСИ КАБИР

Фақеҳ Абуллайс ас-Самарқандӣ дар китоби «Танбеҳ-ул-ғофилин» якчанд ҳикмати Абуҳафсро ба тариқи мисол овардааст:
«Даҳ чиз дараҷаи олимро баланд мебардорад: тарс аз Офаридгор, панду насиҳат ба мардум, бо раҳму шафқат будан, тоқат ба мусибат, сабр, ҳалимӣ, тавозӯъ, хиёнат накардан ба амонат, мутолиаи китоб, кам будани дарвозабон, яъне манъ набудан ба даромадан аз дарвозаи ӯ, ба шоҳу гадо баробар кушод будани дарвозаи донишманд. Чунки ба мо хабар расидааст, ки Довуд (а) аз бераҳму бешафқатии дарвозабонон дучори санҷишҳо гардида буд».
***
Абуҳафс мегӯяд: «Барои даҳ тоифаи одамон даҳ чиз бад аст: шитобкорӣ барои шоҳ, чашмгуруснагӣ барои сарватманд, тамаъ барои донишманд, ҳирсу ҳавас барои фақир, набудани шарму ҳаё ба номварон, худро чун хурдсол доштани пиронсолон, худро мисли мард доштани зан ва худро мисли зан доштани мард, ба дари аҳли олам омадани зоҳидон ва ба ғафлат мондани одамон».
***
Дар «Чаҳор китоб» чунин навишта шудааст: «Бояд бидонӣ, ки омӯхтан ва аз бар намудани масъалаҳои зерин барои ҳар як мусалмон шарт аст. Имом Абуҳафси Бухорӣ (раҳматуллоҳи алайҳ) фармудаанд: Агар ҳар як намозхон намоз бихонаду фарзи онро пурра адо намояду номи ин фарзҳоро надонад, намози ӯ дуруст намешавад». 
*** 
Фақеҳ Алоуддини Бухорӣ, ки дар асри XIII дар Бухоро ба сар бурдааст, дар китоби «Ҳайрат-ул-фуқаҳо»-и худ чунин фатвои Абуҳафси Кабирро меорад:
Аз Хоҷа Абуҳафси Кабир (раҳматуллоҳи алайҳ) пурсидаанд, ки: Ба кӣ додани закот беҳтар аст: ба дарвеш ё қарздор?
(Давом дорад).
 
Абдулғафур Раззоқи БУХОРӢ,
мударриси мадрасаи Мири Араби Бухоро.

Комилҷон РАҲИМОВ,
ходими калони илмии Институти шарқшиносии ба номи
Абурайҳони Берунӣ, доктори улуми таърих.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: