БАРАКАТ АЗ ҲАРАКАТ

Камина Муроҷиатномаи сарвари давлат муҳтарам Шавкат Мирзиёевро чун тамоми шаҳрвандони кишвар тавассути оинаи нилгун тамошо карда, сипас матни онро аз рӯзномаи «Овози тоҷик» такрор ба такрор, бо диққату эътибори ҷиддӣ мутолиа намуда, боварӣ ҳосил намудам, ки саъю кӯшиши Президент ба осудагӣ ва фаровонҳолии ҳар як оилаи тифоқ ва сермиллати Ӯзбекистони Нав нигаронида шудааст.

Дар урфият мегӯянд, ки барои як мурғ ҳам обу ҳам дон лозим.  Аҳолии кишвари мо ба беш аз 36 миллион нафар расид ва ҳар сол қариб як миллион меафзояд. Тасаввур кардан душвор нест, ки ҳатто дар як оилаи хурд чӣ қадар ташвишу таҳлука ҳаст.
Пас Президент барои 36 миллион аҳолӣ чӣ қадар ғаму ташвиш дорад... Дар омади гап бояд бигӯям, ки ман сарвари давлат Шавкат Мирзиёевро аз солҳои дар Самарқанд чун ҳокими вилоят кор карданаш нағз мешиносам. Он солҳо ман дар ноҳияи Тайлоқ ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Тони Грин»-ро ташкил карда, фаъолияти тадбиркории худро оғоз карда будам. Муаммоҳоро маҳз бо кумак ва дастгирии ҳокими вилоят – Шавкат Мирамонович ҳаллу фасл мекардем.
Аз байн чандин харбузапаз гузашта бошад ҳам, ҳар гоҳ Президенти ғамхору меҳрубон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Самарқанд ташриф оранд, ҳатман бо фаъолияти корхонаи мо шинос мешаванд, бо коргарони одӣ суҳбати дилнишину самимӣ ороста, ҳолу аҳвол мепурсанд, ки камина аз ин сипосгузор ҳастам. 
Воқеан, дар ҳудуди корхонаи мо масҷиди ҷомеи ҳадисшиноси машҳур, устоди Имом ал-Бухорӣ Абдураҳмон ал Дорамӣ вуҷуд дорад, ки ҳоло ба муносибати 1225-солагии ӯ дар ин ҷо корҳои ободонӣ дар авҷ аст.
Барои таъмиру бозсозии  маҷмӯаи мазкур 50 миллион доллар ҷудо шудааст ва имрӯз қариб 100 нафар дар сохтмони ин иншоот меҳнат мекунанд. Чанд сол муқаддам масҷид ҳолати ночор дошт.
Хушбахтона, бо сиёсати дурандешонаи сарвари давлат на танҳо масҷиди ҷомеи Дорамӣ, балки маҷмӯаҳои Имом ал-Бухорӣ ва Имом Мотрудӣ низ ба зиёратгоҳ табдил ёфтанд. Намозгузорон болои ҷойнамоз муҳтарам Шавкат Мирзиёевро дуои хайр мекунанд.
Бояд гуфт, ки хоҷагии фермерии «Сиёб Шавкат орзу», ки фаъолияти худро аз сабзавоткорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ оғоз кардааст, алҳол бо дастгирии Президент бо коркарди меваю сабзавот, маҳсулоти чорводорӣ, паррандапарварӣ, бунёди иншооти истиқоматӣ машғул аст. Дар корхонаи мо беш аз 20 ҳазор нафар меҳнат мекунанд. Бо меҳнати фидокоронаи онҳо маҳсулоти кишоварзӣ, чорводорӣ паррандапарварӣ на танҳо ба қаламрави кишвар, балки ба хориҷа ҳам ирсол мегардад.
Корхонаи мо дар бобати дастгирии шахсони муҳтоҷ, оилаҳои камбизоат, ҳатто барои чопи китобу рисолаҳои адибону олимон саҳим аст.
Аз фурсат истифода бурда, тавассути рӯзномаи дӯстдоштаи худ – «Овози тоҷик» тамоми мардуми шарифи Ӯзбекистонро бо Соли нав табрик гуфта, ба онҳо хушбахтии оилавӣ, дастурхони пурнозу неъмат таманно дорам.

Бахтиёр МАЪРУФӢ, 
роҳбари корхонаи «Сиёб Шавкат орзу»-и ноҳияи Тайлоқи 
вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: