БАРҚАРОРИИ НАРХ ТАЪМИН МЕГАРДАД

Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки зери раёсати Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба масъалаҳои нармсозии таъсири манфии пандемияи коронавирус ба дараҷаи зиндагии аҳолӣ ва шабакаҳои иқтисодиёт баргузор гардид, дар бораи додани таътили андоз ба шабакаҳои иқтисодиёт ва имтиёзоти қарзҳои кредит, ҷудо намудани ссудаи буҷет вазифаҳо муайян гардиданд.

Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки зери раёсати Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба масъалаҳои нармсозии таъсири манфии пандемияи коронавирус ба дараҷаи зиндагии аҳолӣ ва шабакаҳои иқтисодиёт баргузор гардид, дар бораи додани таътили андоз ба шабакаҳои иқтисодиёт ва имтиёзоти қарзҳои кредит, ҷудо намудани ссудаи буҷет вазифаҳо муайян гардиданд.

Инчунин Президент 19 марти соли ҷорӣ фармонро «Дар бораи чорабиниҳои навбати аввал доир ба нармсозии таъсири манфии пандемияи коронавирус ва ҳолатҳои инқирози ҷаҳонӣ ба шабакаҳои иқтисодиёт» имзо намуд.
Дар ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии андоз ба муносибати карантин ба муқобили паҳн гардидани эпидемияи коронавирус (COVID-19) барои шахсони ҷисмонӣ ва корхонаҳо чандин имтиёзоти андоз ва сабукиҳо тасдиқ гардид.
Хусусан аз 1 апрел то 1 октябри соли 2020 барои соҳибкорони якка қимати пойгоҳии минималии андози иҷтимоӣ (223 ҳазор сӯм) то 50 фоиз кам карда шуд. Ин ба 239 ҳазор соҳибкори якка имкон медиҳад, ки 155 миллиард сӯм маблағ сарфа гардад.
Ба шӯроҳои депутатҳои халқи ноҳия, шаҳр тавсия гардид, ки барои 3 ҳазору 167 соҳибкори якка, ки фаъолияташон бевосита ва ё бавосита бо соҳаи сайёҳӣ вобастагӣ дорад, миқдори муайянгардидаи қатъии андоз 30 фоиз кам карда шавад. Ҳамин тариқ, дар ҳисоби ин соҳибкорон 2,3 миллиард сӯм боқӣ мемонад.
Барои шахсони ҷисмонӣ муддати супурдани декларатсия дар бораи даромади солона барои соли 2019 то 1 августи соли 2020 ва ҳам муддати пардохти андози мулк ва замини шахсони ҷисмонӣ то 15 октябри соли 2020 дароз карда шуд.
Барои андози мулк ва замини шахсони ҷисмонӣ барои 7,3 миллион шаҳрванд барои соли 2020 2 триллион сӯм андоз ҳисоб карда шуда буд. Қисми ба 1 триллион сӯм баробари ин андоз, ки то 15 апрел бояд пардохта шавад, то 15 октябр дароз карда шуд.
Даромади шахсони ҷисмонӣ, ки аз ташкилотҳои хайрия ба тарзи нафъи моддӣ ба даст меомад, аз 1 апрели соли 2020 аз андоз озод карда шуданд. Ин ба ҳисоби миёна 28,4 миллиард сӯмро ташкил менамояд.
Аз 1 апрел то 1 октябри соли ҷорӣ пардохти корхонаҳое, ки бо савдои кутараи маҳсулоти машрубот машғуланд, аз 5 фоиз то 3 фоиз паст карда шуд. Ҳамзамон барои корхонаҳои хӯроки умумӣ додани ҳуқуқи фурӯши маҳсулоти машрубот ба тариқи чакана, миқдори пардохт аз миқдори муайянгардида то 25 фоиз кам карда шуд. Аз ин имтиёзот беш аз 7 ҳазор воҳиди соҳибкорӣ фоида бурда, дар ихтиёри онҳо 17,1 миллиард сӯм боқӣ мемонад.
Бинобар ин ҳуҷҷат барои обёрии заминҳои хоҷагии қишлоқ аз рӯйи ҳаҷми истифодаи захираҳои об ставкаҳои андоз барои истифодаи онҳо соли 2020 аз ставкаҳои муқарраргардида 50 фоиз паст карда шуд. Аз ин имтиёз 83 ҳазор хоҷагии фермерӣ истифода намуда, ба онҳо ба ҷойи 300 миллиард сӯм пардохте, ки барои андози об муайян гардидааст, пардохтани 150 миллиард сӯм, ё ки дар ихтиёри худ сарфа намудани ҳамин миқдор маблағ имконият фароҳам оварда шуд. Ин барои боло нарафтани нархи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ки дар мамлакатамон рӯёнда мешавад, замина ба вуҷуд меорад.
Мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ба воҳидҳои соҳибкорӣ дар бобати пардохти андоз барои мулк, замин ва истифода аз захираҳои об фоизҳои андозро наситонда, ба муддати шаш моҳ (қисм-қисм пардохтан) дароз намудани муҳлати онро тақдим намуд. Аз ин 14 ҳазору 828 субъект метавонад истифода кунад.
Ғайр аз ин баъзе соҳибкорон барои мол, таҷҳизоти гуногун ба ҳамкорони худ дар хориҷи кишвар маблағ фиристодаанд, лекин ба туфайли вазъият вобаста ба коронавирус эҳтимол дорад, ки маҳсулот дар вақташ нарасид. Бинобар фармони Президент дар чунин вазъият санксияҳои молиявӣ бекор карда мешавад. Ин бинобар ҳисобу китоби пешакӣ маънои онро дорад, ки ба 813 субъект ба миқдори 717,2 миллиард сӯм ҷаримаи молиявӣ ҷорӣ карда намешавад.
Мақомоти андози давлатӣ муваққатан ҳисоб намудани пенияро барои воҳидҳои хоҷагидорие, ки рӯзҳои сахтро аз сар мегузаронанд, барои пардохти андози мулк, замин ва истифода аз захираҳои об нигоҳ медорад, инчунин чораҳои маҷбуран ситондани қарзи андоз андешида намешавад.
Бинобар фармони Президент аз 27 июни соли 2018 «Дар бораи чорабиниҳои боз ҳам такмил додани низоми ҳимояи манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқи воҳидҳои соҳибкорӣ» солҳои 2018-2019 дар воҳидҳои соҳибкорӣ барои ба амал овардани тафтишҳои аснодӣ моратория эълон гаштааст. Ин моратория барои як сол, яъне то охири соли ҷорӣ дароз карда шуд. Инчунин, ҳоло воҳиди соҳибкорӣ рӯзҳои сахтро аз сар мегузаронда бошад, ба онҳо ҳуқуқи дароз намудани муддати пардохти андоз ва пардохтҳои асосӣ дода шуд. Ҳамзамон ягон чораи ҷаримаситонӣ ҷорӣ карда намешавад.
Бинобар супориши Президент бо ҳар як соҳибкор ба тартиби нав кор мебарем. То ки воҳиди соҳибкорӣ дар вазъияти имрӯза аз тиҷорат намудан натарсида, бояд худро зери ҳимояи Президент эҳсос намояд. Инчунин мақомоти андоз ба андоздиҳандагон барои аз хона ба амал овардани маҷбуриятҳои худ намудҳои хидматрасонии фосилавиро меафзоянд. Иловаи мобилии 45 хидмати интерактиви мавҷуд ба вуҷуд оварда шуд ва аз супурдани ҳисоботи андоз то ба амал овардани пардохт имконият ба вуҷуд оварда шуд.
Дар шароити имрӯзаи вазнин барои сари вақт пардохтани маоши муаллимон, ходимони тиб, муассисаҳои тарбияи томактабӣ, ходимони корҳои дохилӣ ва дигар идораҳои давлат, нафақа ва ҳам ба амал овардани пардохтҳои нафақа воридоти андоз аҳамияти муҳим дорад. Аз ин рӯ шаҳрвандон, соҳибкоронро бо истифода аз шароити муносибе, ки ба вуҷуд оварда шудааст, аз хона сари вақт ба амал овардани маҷбурияти андоз даъват менамоем.

Беҳзод МУСОЕВ,
раиси Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
(ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: