БИГИРЯМ

Шеър

Фасли хазон расида, чун барги тар бигирям,
Бар ҳоли сабзаҳои хушкидасар бигирям.
Ҳар дам гузар намоям аз водии хамӯшон,
Бар марги волидайнам бори дигар бигирям.
Бинам чу зиндаеро аз мурда мурдатар аст,
Чун модаре, ки гашта хуни ҷигар, бигирям.
Нодон ба қудрат ояд, доно ба зиллат афтад,
З-ин нобаробариҳо шому саҳар бигирям.
Гуфто Назар: амон деҳ, ё Раб, аз оташи ҷаҳл,
Сӯзад ҳама баробар гар хушку тар, бигирям
.

Абдуназари НАБӢ,
ноҳияи Нурато.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: