Дар Тошканд мусобиқаи литсензионӣ оид ба тенниси рӯи миз баргузор мешавад

17-19 май дар Тошканд мусобиқаи литсензионии Париж-2024 оид ба тенниси рӯи миз баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа, ки миёни мардон ва занон яккаса баргузор мешавад, намояндагони минтақаи Осиёи Марказӣ ширкат мекунанд.

Бояд гуфт, ки танҳо барандагони медалҳои тиллои мусобиқот роҳхат ба Олимпиада хоҳанд гирифт.

Барои ширкат дар мусобиқа 18 варзишгар аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркманистон ва Қирғизистон сабти ном шудаанд.

Дар оғози мусобиқа аз номи кишвари мо 4 варзишгар ширкат хоҳад кард:

мардон: Зоҳид Кенҷаев ва Шоҳрух Искандаров;

занон: Мархабо Магдиева ва Розалина Хадҷаева.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: