Дар Тошканд раҳпаймоии қисмҳои ҳарбии Вазорати дифои Ӯзбекистон баргузор мешавад

Имрӯз, 8 май, соати 14:00 ба ифтихори 9 май – Рӯзи Хотира ва қадр дар кӯчаҳои асосии шаҳри Тошканд раҳпаймоии тантанавии қисмҳои низомии Вазорати дифои Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ эҳтироми баланд ба ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат, ки дар пирӯзӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ саҳм гузоштаанд, нишон додани садоқати муҳофизони кишвар ба Ватан, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар байни аҳолӣ, махсусан чавонон мебошад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиа парад аз "Боғи Ғалаба" тавассути кӯчаҳои Сағбон ва Зарқайнар, Осорхонаи давлатии табиати Ӯзбекистон, бозори "Чорсу", Сирки Тошканд дар қад-қади кӯчаи Зарқайнар, Қасри "Дӯстии халқҳо" бинобар хиёбони Ӯзбекистон ва Фурқат мегузарад.

Раҳпаймоӣ дар майдони назди Боғи Magic City таваққуф карда, дар он ҷо баромадҳои намоишии қаровули фахрӣ ва устодони ҷанги тан ба тан, фарёди  ҷанговаронаи зерқисмҳо ва консерти оркестри ҳарбӣ баргузор мегардад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: