ЭТНОТУРИЗМ ДАР ЭТНОҚИШЛОҚ

Солҳои охир бинобар барномаҳои гуногун, хусусан «Деҳаи обод» баъзе аз гӯшаҳои мамлакат ончунон намуд ва тарзи маишати худро дигаргун мекунанд, ки ҳусну сифаташон ба андозаи шинохтанашаванда тағйир меёбанд.

Солҳои охир бинобар барномаҳои гуногун, хусусан «Деҳаи обод» баъзе аз гӯшаҳои мамлакат ончунон намуд ва тарзи маишати худро дигаргун мекунанд, ки ҳусну сифаташон ба андозаи шинохтанашаванда тағйир меёбанд. Ҷамоати шаҳрвандони «Эшонобод» дар ноҳияи Чинози вилояти Тошканд адреси навбатии на танҳо ободии муқаррарӣ буд, балки он дар ҳудуд аз ин баъд ба мисоли этноқишлоқ шинохта хоҳад шуд.
Эшонобод аз пойтахт ягон бист километр мебошад. Аз ин боис чун маркази этнотуризм интихоб шудани он ҳам аз лиҳози наздикии масофа ва ҳам аз ҷиҳати ободии роҳу инфрасохтор муносиб мебошад. Муҳимтар аз ҳама дар ҷамоат аз ҷумлаи тоҷикон, қазоқону қирғизу уйғур ва тотор миллиятҳои мухталиф иқомат мекунанд, ки барои ошноӣ пайдо кардан бо расму русум ва маишату рӯзгори онҳо дар як маҳалли ихчам имконият ёфтан мумкин аст.
Инро дар маросими кушодани этноқишлоқ пас аз обод сохтану таъмир намудани объектҳои он якбора намояндагони ҷумҳуриҳои ҳамсояи Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Русия дар шахси сафирони худ аз назар гузаронданд.
Мактабу кӯдакистон, майдончаҳои варзишиву толори варзиш, боғи этникӣ, хонаи маданият, бинои хидмати давлатӣ якҷоя бо идораҳои маъмурии ҷамоати шаҳрвандӣ – ин ҳама ҳоло ё тоза бунёд гаштааст, ё таъмир.
Барои бинанда, хусусан барои чашмони хабарнигорӣ, ки ҳамаи онро синчакорона аз назар гузаронад, вақти зиёд зарур аст ва агар ҳатто вақти зиёд пайдо шавад, барои ҳамаи онро ба таваҷҷӯҳи хонандаи рӯзнома расондан саҳифаи фарохтари рӯзнома зарур аст.

(Тафсилоташ дар шумораи ояндаи рӯзнома).

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: