Меҳмонони туркиягӣ ба Хива омаданд

Президент Шавкат Мирзиёев ва Президент Режеп Таййип Эрдоған ба маҷмӯи Ичан-қалъаи Хива ташриф оварданд.

Маълум аст, ки ҳарду раҳбар ба таърих таваҷҷуҳ ва эҳтироми зиёд доранд. Сарвари давлатамон ҳангоми сафар ба Туркия ба қасри Топкапии Истанбул ташриф оварда буд.  Қаблан Режеп Таййип Эрдоған аз Бухоро дидан карда буд.

Ичан-қалъа ягона шаҳр-муҷассама аст, ки дар Осиёи Марказӣ нигоҳ дошта шудааст. Аз ин рӯ, он ҳамчун «музеи зери боми кушод» эътироф шудааст. Дар ин ҷо зиёда аз 120 ёдгории меъморӣ мавҷуд аст.

Хива 12 декабри соли 1990 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шуд. Соли 1997 шаҳр 2500-солагии худро ҷашн гирифт.

Дар ин таърихи тӯлонӣ Хива маркази бисёр давлатҳои туркӣ буд. Соли 2020 Созмони байналмилалии ТУРКСОЙ Хиваро пойтахти фарҳангии ҷаҳони туркӣ эълон кард.

Дар ин замина боздиди сарони Ӯзбекистон ва Туркия аз шаҳри бостонӣ аҳамияти хоса дорад.

Меҳмонон дарвозаи Ғарбӣ, манораи Калта-минор, қалъа ва мадрасаи қадимии Куния-арк, инчунин устохонаҳои ҳунариро тамошо карданд. Мақбараи Паҳлавон-маҳмуд ва Масҷиди ҷумъа зиёрат карда шуд.

Сарони давлатҳо бо ҳунармандон ва сайёҳон суҳбати самимӣ доштанд. Суруду рақсҳои хоразмӣ фазои идона ба амал овард.

Таърих ва нақши Хива дар инкишофи давлатдорӣ ва илм, ёдгориҳои кадима ва санъати ин шаҳр дар меҳмонони туркиягӣ таассуроти калон гузошт.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: