МУКОФОТОНИИ САЗОВОРИ ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН

Дар Осорхонаи шуҳрати олимпии пойтахт маросими мукофотонидани узви дастаи мунтахаби миллии Ӯзбекистон Муродҷон Аҳмадалиев, ки оид ба бокси касбӣ дар вазни нимсабук бинобар таснифҳои WBA ва IBF дар шаҳри Майами-Бич (ИМА) чемпиони ҷаҳон гардид, баргузор шуд.

Дар Осорхонаи шуҳрати олимпии пойтахт маросими мукофотонидани узви дастаи мунтахаби миллии Ӯзбекистон Муродҷон Аҳмадалиев, ки оид ба бокси касбӣ дар вазни нимсабук бинобар таснифҳои WBA ва IBF дар шаҳри Майами-Бич (ИМА) чемпиони ҷаҳон гардид, баргузор шуд. 
Дар чорабинӣ мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Абдувоҳидов, муовини аввали Сарвазир, раиси Федератсияи бокси Ӯзбекистон О. Раматов, вазири тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Ҷ. Набиев, раиси Кумитаи миллии олимпӣ Р. Шоабдураҳмонов, роҳбарони  вазорату идораҳои дахлдор, фидератсияҳои варзишӣ, намояндагони ҷомеаи васеъ, кормандони расонаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд. 
Таъкид шуд, ки ба шарофати эътибори махсус, ки Президент Шавкат Мирзиёев ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун ба воситаи муҳими тарбияи ҳамаҷонибаи насли наврас медиҳад, навъҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла бокси ҳаваскорӣ ва касбӣ миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон торафт оммавӣ мегардад. 
Алҳол шогирдони мактаби бокси Ӯзбекистон дар мусобиқаҳои бонуфуз – Бозиҳои олимпӣ ва осиёӣ, чемпионатҳои ҷаҳон ва қитъа ба натиҷаҳои бузург ноил мегарданд. Аз ҷумла дар чемпионати ҷаҳон, ки соли 2019-ум дар Русия баргузор шуд, дастаи яккачини мо соҳиби 3 медали тиллоӣ, ҳамчунин барандаи 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардида, дар ҳисоби умумиҷамоавӣ ҷойи аввалро ишғол намуд. 
Ба қарибӣ дар шаҳри Майами-Бичи иёлати Флорида (ИМА) Муродҷон Аҳмадалиев соҳиби камарҳои чемпиони ҷаҳон оид ба таснифҳои Иттиҳодияи умумиҷаҳонии бокс ( WBA) ва Федератсияи байналхалқии бокс (IBF) гардид ва бо ин шуҳрати Ватани моро дар арсаи байналхалқӣ дучанд кард. 
Мувофиқи Фармони дахлдори Президенти кишвари мо барои зуҳуроти иродаи мустаҳками варзишӣ,  қобилияту маҳорат, пирӯзӣ ва қайд намудани рекорд дар мусобиқаҳои оид ба бокси касбӣ, ки дар шаҳри Майамии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд ва дар таърихи бокси ватанӣ бори аввал ба даст овардани унвонҳои чемпионӣ оид ба таснифҳои  WBA ва IBF, ҳамчунин барои хидматҳои бузургаш бобати дар шуури ҷавонон мустаҳкам намудани эҳсоси ифтихори миллӣ, муҳаббат ва садоқат ба Ватан ба узви дастаи миллии Ӯзбекистон оид ба бокс Муродҷон Аҳмадалиев Қаҳор уғли унвони фахрии «Ӯзбекистон ифтихори» дода шуд.
– Ба шарофати эътимоди бузурге, ки аз ҷониби Президенти мамлакат нисбат ба варзишгарон, ҳамчунин тарбияву дастгирии мураббиён зоҳир карда мешавад, писари ман Муродҷон чемпиони ҷаҳон оид ба бокси касбӣ гардид, – мегӯяд Ойша Фаёзова. – Ман аз роҳбари давлат барои баланд арзёбӣ намудани меҳнати писарам ва эътимодаш ба ӯ миннатдорам. 
Ба мақсади ҳавасмандгардонии муштзани муваффақ аз номи роҳбари давлати мо ба ӯ калидҳои хона дар Тошканд ва автомобили «Chevrolet Tracker» супурда шуданд. 
Дар чорабинӣ Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Арипов сухан  эрод кард. 

Ҷавоҳир  ТОШХӮҶАЕВ, хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: