Пешниҳодҳо оид ба хоҷагии қишлоқ тақдим гардиданд

  • Пешниҳодҳо оид ба хоҷагии қишлоқ тақдим гардиданд
  • Пешниҳодҳо оид ба хоҷагии қишлоқ тақдим гардиданд
  • Пешниҳодҳо оид ба хоҷагии қишлоқ тақдим гардиданд

Президент Шавкат Мирзиёев 10 май бо пешниҳодот оид ба мутобиқсозии хоҷагии қишлоқ ба тағйирёбии иқлим, босамар истифода намудани замин ва равнақи илми соҳа шинос гардид.

Дар мамлакатамон 3 миллион гектар чарогоҳ ва заминҳои таъиноти хоҷагии қишлоқ хароб гаштаанд, қариб 2 миллион гектар дар дараҷаи мухталиф шӯр гаштааст. Бинобар маълумоти мутахассисони хориҷӣ, то соли 2030 дар минтақаамон захираи об қариб то 6 фоиз бинобар тағйирёбии иқлим метавонад кам гардад. Ҳоло бояд чора андешида шавад.

Бинобар ин барномаи миллӣ иборат аз 52 банд оид ба мутобиқсозии хоҷагии қишлоқ ба тағйирёбии иқлим ва нармсозии таъсири он таҳия гаштааст. Барои ин чораҳои барнома, ҷалб намудани беш аз 294 миллион доллар маблағи грант пешбинӣ мегардад.

Аз он ҷумла, дар ҳавзаи Арал ҳолати 1 миллион гектар манзараи агроэкологӣ ва вайрон гардидани чарогоҳҳо беҳтар карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, инчунин дар вилоятҳои Хоразм, Бухоро ва Қашқадарё ҳавзаҳои муҳофизавии беша ба вуҷуд оварда мешавад. Дар ноҳияҳои таъминоти обашон номусоид парвариши рустаниҳои солодка, настаран, кунҷит ва артемия роҳандозӣ мегардад.

Маркази таҳлил ва пешгӯии тағйири иқлим таъсис ёфта, дар 5 вилоят истгоҳҳои агрометеорологӣ насб карда мешаванд. Ғайр аз ин, дар ҳамкорӣ бо Италия Маркази байналхалқии тухмипарварии интенсив ва ҳавзаи парвариши онҳо, хоҷагӣ оид ба парвариши ниҳоли рустаниҳое, ки ба хушкӣ ва заминҳои шӯр тоқатовар аст, ба вуҷуд оварда мешавад. Дар Қароқалпоқистон технологияи захираи об, ки ба шароити маҳаллӣ мутобиқ гардидааст, истеҳсол хоҳад гардид.

Масъалаи сарфаи об хусусан дар ноҳияҳои ҳавзаи поёнии Амударё муҳим мебошад. Аз ин рӯ, бинобар боз як ҳуҷҷати таҳиягардида барои харҷи  ҳамворкунии лазерии замин дар Қароқалпоқистон субсид ҷудо намудан ба нақша гирифта шудааст. Ҳамин тариқ аз истеҳсолгарони ғалладона ва биринҷ аз буҷети давлатӣ субсид барои то сад фоиз сарпур намудани маводи молиданиву сӯзишворӣ барои ҳар як гектаре, ки бо усули лазерӣ ҳамворшуда субсид ҷудо карда мешавад.

Дар марҳалаи аввали лоиҳаи мазкур он ноҳияҳои Тӯрткӯл, Берунӣ ва Амударёро фаро мегирад. Дар натиҷа интизор меравад, ки ҳосилнокӣ 5-7 фоиз афзуда, харҷи об 15-20 фоиз коҳиш ёбад.

Инчунин нақшаҳои босамар истифода намудани қитъаҳои замини Донишкадаи боғдорӣ, ангурпарварӣ ва шаробпазии ба номи академик М.Мирзоев тақдим гардиданд.

Аз он ҷумла, 142 гектар замини Истгоҳи илмиву таҷрибавии Бандихон дубора ба гардиш баргардонда мешавад. Дар майдони 300 гектар технологияи замонавии сарфаи об устувор гардида, парвариши мева ва токи ба содирот мунҷаргардида парвариш меёбад.

Дар стансияи илмиву таҷрибавии Навоӣ дар ноҳияи Қизилтеппа хоҷагӣ оид ба парвариши ниҳолҳои ток аз ҳисоби навъҳо аз Фаронса ва дигар мамлакатҳо ташкил карда мешавад. Дар ҳар ду стансия барои беҳсозии таъмини об агрегатҳои насоси сарфакунандаи энергия ва трансформаторҳо гузошта мешаванд.

Гармхонаҳо дар таъмини гузориши бетаваққуфи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ҷойгоҳи махсус доранд. Дар солҳои охир майдони гармхонаҳо 2,6 баробар афзуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба беш аз 3 баробар зиёд гардид. Дар ин соҳа 80 ҳазор нафар бо кори доимӣ ва 70 ҳазор нафар бо кори мавсимӣ банд мебошад.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии гармхонаҳо пешбинӣ мегардад, ки 50 фоизи харҷи онҳо барои ҷалби агрономҳои баландмалакаи хориҷӣ, энтомологҳо ва мутахассисони лабораторияҳо, инчунин то 20 фоизи харҷ барои хариди деги ангишт ҷуброн карда шавад.

Роҳбари давлат ҳамеша вазифаи бинобар усули илмӣ ривоҷ додани соҳаро мегузорад. Бинобар ин ташкил намудани фаъолияти Донишкадаи илмиву тадқиқотии навъҳои маҳиннах пешниҳод гардид.

Донишкада оид ба самтҳои нави соҳаи навъҳои маҳиннах машғул хоҳад гардид. Дар асоси натиҷаи онҳо дар соҳа технология ва таҷҳизоти нав ҷорӣ мегардад. Робитаи самарабахши байни илм ва истеҳсолот рентабелнокии корхонаҳои пахтаву бофандагиро баланд мебардорад. Мутобиқати маҳсулоте, ки аз пахта, канаб ва зағир ба даст меоянд, ба талабҳои стандартҳои байналхалқӣ таъмин карда мешаванд.

Президент доир ба тахмили пешниҳодот, таъмини мақсаднокӣ ва натиҷабахшии чорабиниҳо дар соҳа андешидашуда супоришҳо дод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: