ПИРИ ҚАССОБҲОИ СӮХЗАМИН

Деҳае, ки Савриддинамаки 97-сола зиндагӣ мекунад, Шарқобод ном дорад.

 Он дар шафати дарёи пурмаҷрову шӯхи Сӯх воқеъ гаштааст. Ҳавояш мусаффост ва соҳиби табиати мафтункунанда мебошад. Аҳолиаш асосан ба шоликориву боғпарварӣ ва чорводорӣ машғуланд. 
– Бобоҷон, падарам бо амакам аз бозор чанд гӯсфанд харида оварданд. Гуфтанд, ки як баромада бинед будааст, – гуфтани яке аз набераҳо ӯро водор намуд, ки нонуштаро мавқуф гузорад ва назди дарвоза барояд.
Вай чойи пиёлаашро нӯшид ва аз ҷояш хест. Ҳар рӯзи якшанбе, вақте ки писари калонӣ Саҳобиддин ҳамроҳи яке аз бародаронаш ба бозор меравад, Савриддинамак баргаштани онҳоро мунтазир мешавад, то бубинад, ки чӣ гуна мол харида меоваранд. Баъд нархашро мепурсад ва рамуз андохта, ба ин тараф-он тарафи мол дида медӯзад ва тахмин мекунад, ки гӯшти он харҷи маблағи сарфшударо ҷуброн хоҳад кард ё на.
– Се гӯсфанди ҳисорӣ будааст. Аммо гӯсфандҳои ҷойдориро низ соҳибонаш хеле хуб парвариш кардаанд. Худо баракати вазнашонро диҳад, – гуфт Савриддинамак ҳамон рӯз ва ба тахтапушти сермӯйи гӯсфандҳо як-як панҷаҳои дасташро халонда дид ва афзуд: – Аз ин гӯсфандҳо ҳаргиз зарар намекунед. 
Саҳобиддину бародараш аз ин ҳарфҳои падар хурсанд шуданд, ки самараи бозорашон бобарор хоҳад буд. 
– Нонушта карданро фаромӯш накунед, – гуфт ба писаронаш Савриддинамак ва сонӣ дастҳоро ба пушт баста, оҳиста-оҳиста қадамзанон ба хона даромад.
Саҳобиддин ба бародараш бо имои сар фаҳмонд, ки  гӯсфандҳоро ба қӯра дароварад ва зуд сари дасторхон, назди падар ҳозир шавад. 
Келинҳо аллакай болои дасторхонро бо хӯрданиҳо пур карда буданд. Онҳо медонистанд, ки шавҳаронашон хӯроки ошхонаҳоро намеписанданд ва дар хона нонушта мекунанд. 
Ин фазилати келинҳо аз назари вай пинҳон намонд ва дар дил ба келинҳояш аз Офаридгор офияту саломатӣ хост. 
Завҷаи шодравонаш Фаризатхон ӯро соҳиби нӯҳ фарзанд гардонид, ки панҷ нафарашон писару чаҳор нафарашон духтаронанд. 
– Мутаассифона, ҳамсари меҳрубонам аз ин 22 сол муқаддам бар асари як бемории сахт вафот кард. Пинҳон намедорам, як бор издивоҷ кардам, аммо бовар ҳосил намудам, ки ягон зани дигар ба Фаризатам баробар шуда наметавонистааст. Ба тақдир тан додаму акнун дар иҳотаи фарзандон ва набераву аберагонам ҳаёти боқимондаамро гузаронам, – мегӯяд Савриддинамак Маҷлунов.
***
Бо ӯ гузаштани вақтро нафаҳмида мемонӣ.
– Ҳама гумон мекунанд, ки кори қассоб осон асту онҳо аз ҳисоби пули мардум зиндагӣ мекунанд. Борҳо шудааст, ки гӯшти моли харидаам пули харҷкардаамро ҷуброн накардааст. Ғайр аз ин, то як барзгов ё гӯсфандро кушта, ба дасти харидор мерасонӣ, чӣ қадар вақт мегузарад ва онро пора карда мефурӯшӣ. Ана, баъд бо хотири ҷамъ ба хона бармегардӣ, – мегӯяд Савриддинамак.
– Шумо гуфтед, ки дар наслу насабатон касе қассобӣ накардааст. Дар он сурат шумо чӣ хел ба ин касб рӯй овардед?
– Солҳои пеш ба сифати узви кумитаи маҳалла қассоб-дасторхончӣ будам. Каму беш молҳои майдаро забҳ менамудам. Рӯзе собиқ раиси колхоз шодравон Ҳайдар Сайдумаров маро ба наздаш хонд ва гуфт, ки чанд сар аспу молро кушта, ба одамон тақсим кардан лозим. Гуфтам, ки куштани асп кори сода нест, вале ҳамин тақозои раис сабаб шуду минбаъд ба касби қассобӣ рӯй овардам ва бештар аз ним аср ба он машғул шудам, – гуфт Савриддинамак. 
***
– Шумо устодони худро дар ёд доред, ки беш аз ҳаштод сол муқаддам бароятон сабақ додаанд?
– Аввал як ҳақиқатро бароятон ошкор мекунам, ки дар мактаб аз толибилмони миёнаҳол шумурда мешудам ва мактабро ҳамагӣ то синфи ҳафт хондаам. Ҳаёт вазнин буд. Аксарият як пора нони сериро намедиданд. Хурду калон шабу рӯз дар саҳро меҳнат мекарданд. Аввали солҳои панҷоҳум шароит андак беҳбуд ёфт, – гуфт Савриддинамак ва баъд идома дод: – Хеле хуб дар хотирам мондааст, ки Солихӯҷа Маҳмудов, Мираброр Аҳроров ва Файзулло Иброҳимов дар ҳамон солҳои вазнин ба мо хату савод ёд медоданд. Бо гузашти айём, шароите, ки давлатамон барои фарзандон, набераву абераҳои мо фароҳам овардааст, ягон насли одамизод надидааст. Дилам мехоҳад, ки онҳо бо истифода аз ин шароит ҳарчи бештар илм азхуд намуда, ба халқу Ватан бо садоқат хидмат кунанд.
– Қассоб соҳиби кадом хислату фазилатҳо бояд бошад?
– Ин касб ҳалоливу покизакориро мепарастад. Қассоб набояд нисбати мизоҷон дуруштӣ кунад, тавассути тарозу ба ҳақи харидорон хиёнат намояд ва барои чанд сӯм шуда виҷдонашро зери суол қарор диҳад ва монанди он.
– Барои забҳ кардани чорво ҷойи махсус лозим аст ва онро саллоҳхона ё кушхона низ мегӯянд. Аммо баъзан гувоҳи он мешавем, ки гову гӯсола ва гӯсфанду бузро дар ҳар ҷойи ростомада забҳ мекунанд. Ин дуруст аст?
– Қассобе, ки ана ҳамин таомулро рияо намекунад, қассобест, ки ё устод надидааст ва ё нисбати кори худ эҳсоси масъулият наменамояд. Барои куштани мол бояд ҳамеша ҷойи махсус интихоб карда шавад. 
Ҷойи зикр аст, ки дар баъзе кишварҳои ҳамсоя барои куштани мол дар берун аз салоҳхонаи қассобҳо ҷаримаи калон месупоранд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистони ҳамҷавор барои куштани мол дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ то 18 ҳазор сомонӣ  (муодули 20 миллион сӯм) ҷарима муқаррар шудааст. Барои ҳамин қассобҳо кӯшиш мекунанд, ки ин рисолатро пурра риоя кунанд.
– Дар «Ҳоити сангин»-и деҳаи Янгиариқ кушхонае буд, ки молро аз бозор харида, дар он ҷо забҳ мекардем ва ба дӯкон бароварда мефурӯхтем. Пештар дар ноҳияи Сӯх танҳо рӯзи якшанбе мардум ба бозор меомаданд ва гӯшту биринҷ ва маҳсулоти дигари мавриди эҳтиёҷашро мехариданд. Ҳоло ҳар рӯз дарвозаи бозор боз аст. Ғайр аз ин, дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Бодомзор» – рӯзи сешанбе, дар маҳаллаи Тӯл – рӯзи чоршанбе, дар маҳаллаи «Сӯх»– рӯзи ҷумъа бозор мешавад ва ҷамъи қассобҳо, аз ҷумла ду писари ман низ молҳои куштаашонро ба ҳамон бозорҳо бароварда мефурӯшанд, – мегӯяд Савриддинамак Маҷлунов.
– Баъзе қассобон моли ҳамлро ҳам кушта, гӯшти онро ба мардум мефурӯшанд...
Вай дар ин робита гуфт, ки боре ба дасташ моли фарбеҳу тозае афтод. Соҳибаш пули калони ӯро дида, ҳатто фаромӯш кард бигӯяд, ки моли фурӯхтааш ҳомила аст. 
– Вақте молро ба замин хобондам ва ба гарданаш дами корд расид, ҳис кардам, ки мол бо имо ба шикамаш ишора мекунад. Мехост гӯяд, ки «Маро накуш. Дар шикамам ҳамл дорам». Дарҳол пойҳои бастаи онро кушодам ва арғамчинро ба як сӯ ҳаво додам. Мол аз ҷо ҷаста хесту мисле, ки арғушт меравад, бо ноз парида-парида сӯйи пайкол давид. Чунин ҳодисаҳо чанд бор ба вуқӯъ пайвастаанд, ки ҳушёру зиракиамро афзудаанд, – изҳор намуд Савриддинамак.
***
Савриддинамак мегӯяд, ки соли 1989 бори охир корди қассобиро аз ғилофаш берун кардаву баъди забҳи як барзагови калон, ки беш аз 500 кг. вазн дошт, ба ин кор хотима бахшидааст. Ҳоло аксари қассобони сӯхӣ ӯро пири худ мешуморанд ва ҳар замон зиёраташ мекунанд, аз суҳбатҳояш баҳра мебаранд. Аммо ӯ Саидваққоси Валӣ ном қассоби исфарагиро пири худ мешуморад ва ҳамеша дар ҳаққаш дуо мефиристад.
Ӯ аз шогирдону писаронаш тақозо мекунад, ки покизакор бошанд, ба одамони эҳтиёҷманд хайру эҳсон кунанд, лозим ояд, кумаки молӣ намоянд. Писаронаш Саҳобиддин ва Гулшан, наберааш Охунҷон аз пайи вай рафтаанд ва аз роҳи қассобӣ маишати хонаводаашонро таъмин мекунанд. Падар низ меболад, ки фарзандони хуб тарбия намудааст, ки барояш раҳмат меоваранд. 
–Дар ҳар давру замон ҳар кӣ даст ба кори нек занад, барака хоҳад ёфт. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Ҳар чӣ мекунӣ, барои худ мекунӣ». Ҳеч кори дунё бе ҳисобу китоб нест, – гуфт дар интиҳои суҳбат Савриддинамак.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: