Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе омад

  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба шаҳри Душанбе омад.

Дар фурудгоҳи пойтахт Сарвари давлатамонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.

Ба шарафи меҳмони олиқадр қаровули фахрӣ саф ороста, парчамҳои давлатии ду кишвар овехта шуданд. Дар мулоқоти Президенти Ӯзбекистон намояндагони ҷавонон ва гурӯҳҳои эҷодии тоҷик низ ширкат доштанд.

Баъди расидан Президенти кишварамон ба майдони “Дӯстӣ” рафта, ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни музокироти сатҳи олӣ раҳбарон масъалаҳои амиқсозии минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Тоҷикистонро баррасӣ намуда, оид ба ҳамкориҳо дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор мекунанд.

Дар барномаи сафар иштироки муштарак дар консерти устодони санъати ду кишвар, инчунин боздид аз намоишгоҳи молҳои “Made in Uzbekistan” пешбинӣ шудааст.

Дар доираи сафари давлатӣ аллакай як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла форуми занон, Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон, конфронси зиёиён, олимону муаррихҳо, фестивали таомҳои миллӣ ва имконоти сайёҳӣ баргузор шуданд.

Қаблан дар шаҳри Тошканд Форуми ректорон ва дар шаҳри Душанбе анҷумани тиҷоратӣ баргузор шуда буд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: