ҚИРОАТИ ШЕЪРИ САЪДӢ ДАР ПАРЛУМОНИ АВСТРАЛИЯ

Тибқи хабари гурӯҳи «Садои тоҷик» бо истинод ба сомонаи Pаrs Today чанде пеш Фотима Паймон (дар сурат) вакили парлумони Австралия интихоб шуда, зимни нахустин суханрониаш ин шеъри Саъдӣ Шерозиро ба форсӣ-тоҷикӣ хонда, ба забони англисӣ шарҳ дод:

Бани Одам аъзои 
якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як 
гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад 
рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад 
қарор.
Фотима 27 сол дошта, сеюмин узви ҷавони сенат дар таърихи он ба шумор меравад. Ӯ соли 1995 дар шаҳри Кобул дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Дар панҷсолагиаш оилаи онҳо аз зулми “Толибон” гурехта, ба Покистон паноҳ мебарад. Падараш дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар аз шаҳри Карочии Покистон роҳи пурмашаққати тулониро тай намуда, ба Австралия меравад.  
– Заҳматҳои кашидаи падарамро пеши назар оварда, кӯшиш мекунам, ки орзуи ӯро бароварда созаму нафарони мисли падарам камбизоатро дастгирӣ намоям, – гуфтааст Фотима Паймон.

Таҳияи Н. РАҲМОН

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: