СЕҲРИ ОҲАНГУ СУРУД, СЕҲРИ СУХАН

Баъзан ба саволи оё сеҳр ҳаст ё нест ҷавоб дода наметавонем.

Аммо, ба фикри ман, сеҳр мавҷуд –   сеҳри сухан, сеҳри оҳангу суруд, сеҳри меҳру муҳаббат, ки инсонро ба олами афсонавӣ ҳидоят мекунад.
Вақте бо ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Матлуба Дадабоева суҳбат оростем, бори дигар ба ҷозибадории оҳанг, мазмуну моҳияти инсонпарварона доштани шеъру суруди хонанда гувоҳ гардидем. 
– Модарам Хайринисо Калонова овози форам дошт. Ҳангоми иҷрои корҳои рӯзгор албатта сурудеро хиргоҳӣ мекард. Дар тӯю шабнишиниҳои занона ба ҷону ҳолаш намонда, суруд хон мегуфтанд. Бахусус, доираро хеле хуб менавохт. Падари модарамро Калонбойҳофиз мегуфтанд. Маро низ “дар хунаш ҳаст-дия, сеҳру ҷозибаи овоз аз бобою модараш гузаштааст” мегӯянд. Аз ин мефахрам, – мегӯяд Матлуба Дадабоева.
– Бачагиям ба солҳои 60-70-уми асри гузашта рост меояд. Он рӯзгор барои духтари деҳотӣ сароидану рақсидан, санъаткор шудан душвор буд, нигоҳҳо ғаразнок буданд. Ба интихоби ман падарам норозӣ буд, аммо мисле ки нишонаҳои истеъдод доштаам, модарам гуфт: “Орзуву ормонҳоямро духтарам ба амал барорад, истеъдодашро поймол накунем”. Баъд аз илтиҷоҳои модарам падарам ба санъаткор шудани ман розӣ шуд.
– Ба зодгоҳатон – деҳаи Варзик зуд-зуд меоед. Ёди диёру ҳамдеҳагон ба ин ҷо мекашад, ҳамин тавр?
– Албатта, бачагӣ, хонаи падару модар, наздикон, ҳамдеҳагонро пазмон мешавам. Ба зодгоҳ зуд-зуд оям ҳам, атрофиён вохӯриҳо, шабнишиниҳо ташкил карда, маро таклиф менамоянд. Ба дидорбинии дугонаҳо, ҳамсинфонам бо пазмониҳо мешитобам. Дар мактабу ҷамъомадҳо суруду таронахонӣ ва хиромидани духтараконро дида, бачагиамро ба хотир меорам. Ҳар сафар ба деҳа оям, онро дигаргун мебинам. Кӯчаҳои равон, ду тарафи он гулу райҳон, дарахту арчазор. Дар маркази деҳа бинои муҳташами замонавии Маркази маданият қад рост кардааст, ки ба ободии деҳа афзудааст. То рӯзҳои наздик биноҳои зебову баландро танҳо дар шаҳрҳо медидем. Мардум бо хотири ҷамъу табъи болида аз пайи зиндагии худ ҳастанд. Албатта, ҳамаи ин ба шарофати Истиқлолият, осоиштагии диёр аст. Боиси хурсандист, ки дар назди маркази маданият дастаи фолклорӣ иборат аз занону духтарон созмон ёфтааст. Ба даста “Хайринисомомо” ном гузоштанашонро фаҳмидаму аз чашмонам ашки шодӣ рехтанд. Ин аз он далолат медиҳад, ки халқи мо санъатро дӯст медорад, санъаткорро қадр менамояд. Якҷоя бо дастаи фолклор суруд хондем. 
– Бешубҳа, қадами аввали шумо ба саҳна дар мактаб, дар давраи ҳамдеҳагон ба вуқӯъ омада буд...
– Бале, дар ҷамъомаду маҳфилҳо, суҳбату мушоираҳои адабии мактаб фаъол иштирок мекардам. Дар чорабиниҳои ноҳиявию вилоятӣ суруд мехондам. Дар синфи 8-ум мехондам, воқеае, ки рӯй дода буд, барои ман ҳаяҷонбахш ва фаромӯшношуданист. Бо як гурӯҳ ҳамсафони намангонӣ дар озмуни ҷумҳуриявии ҷавонони боистеъдод иштирок намудам. Ҳамон вақт “Ушшоқи Самарқанд”-ро иҷро кардам. Ҳайати ҳакамот ҷойи дуюмро муносиб донистанд. 
– Дугонаҳоятон мегӯянд, ки Матлуба на танҳо сароянда аст, балки дар қироати шеъру ғазал низ маҳорати баланд дорад...
– Муаллимонам ба ман боварии зиёд доштанд. Матни тоҷикиву ӯзбекии шеъру ғазалҳои беҳтаринро оварда, супориш медоданд, ки азёд кунам. Баъди хатми мактаби миёнаи рақами 13-уми деҳа, ба факултети мусиқӣ-драмавии Институти театр ва рассомии ба номи Маннон Уйғури Тошканд дохил шудам. Солҳои донишҷӯӣ аз Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Асад Азимов, Вера Сундукова ва Илмира Пятигорская барин устодони забардаст сабақ гирифтам, маҳорати овозхониро омӯхтам. 
– Барои занҳое, ки дар соҳаи санъат, умуман занҳое, ки дар корҳои гуногун фаъолият мебаранд, масъулият зиёдтар аст. Оила, рӯзгор, тарбияи кӯдакон...
– Албатта, ҳар як кор мушкилиҳо дорад. Бахусус, барои санъаткор. Чунки бисёртар дар чорабиниҳо, машқ, ҷараёни наворгирӣ, сафарҳои эҷодӣ ва ғайра ҳастем. Зан набояд фаромӯш кунад, ки ӯ аввало модар, кадбонуи оила аст. Тарбияи фарзанд, солиму комил ба воя расонидани онҳо, кадбонуи оила шуданро ҳар як зан мехоҳад. Шодравон шавҳарам низ дар соҳаи санъат кор мекард, маро дастгирӣ мекард, дар тарбияи духтаронам Шоиста, Хуршеда, Ҳуснобод ва Умеда бо ман ҳампаҳлӯ буд. Пастию баландӣ, камию костии рӯзгорро баҳам дидем. 
– Ҳамдеҳагонатон бо шумо фахр мекунанд. Мегӯянд, ки «мо варзикием, бо апаи Матлуба барин санъаткори номдор ҳамдеҳаем». 
– Дарҳақиқат, ба туфайли истиқлол ба мо насиб гардид, ки дар дунё барномаҳои консертии худро намоиш диҳем. Ҳангоми сафарҳои эҷодӣ ба давлатҳои Аврупо, АМА ва дигар кишварҳо гувоҳи он гардидам, ки халқҳои дунё ба санъати миллии мо таваҷҷуҳи зиёд доранд. Дар ҷашнвораи байналхалқии “Таронаҳои Шарқ”, ки ба тарзи анъанавӣ дар шаҳри Самарқанд гузаронда мешавад, мунтазам иштирок менамоям. Беҳуда “Самарқанд сайқали рӯйи замин аст” нагуфтаанд. Ба Самарқанд арӯс шуда омадам, бахти оилавӣ, бахти модариро аз ин ҷо ёфтам. Соли 2007 айнан дар ҳамин шаҳр хабари бо унвони Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон тақдиронида шуданамро фаҳмидам. Ҳамон вақт ашкҳои шашқатори чашмонам рухсорамро шустанд ва албатта, он ашки шукрона, ашки миннатдории як зани оддии деҳотӣ буд. Бояд ёдовар шавам, ки ҳамон вақт бори аввал маро устодам Камолиддин Раҳимов (охираташон обод бод) аз номи намангониҳо табрик гуфта буданд.                         
– Ниятҳои шумо ба ҳамдиёронатон чист?
– Ҳамчун модар мехоҳам дар рӯйи замин сулҳу салоҳ ҳукмрон бошад, падару модарон ғаму ташвиши фарзандонро набинанд. Ҷавонон ояндаи Ватан ҳастанд, аз имкониятҳои имрӯза, ки барои онҳо мавҷуд аст, бояд босамар истифода баранд. 
– Барои суҳбати пурмазмун ташаккур.

Суҳбаторо
Шоҳида ДАМИНОВА. 
Вилояти НАМАНГОН. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: