ШИРИНИПАЗИҲОИ ЗАМОНИ СОМОНИЁН

Ҷойгоҳи зан – модар ҳанӯз аз оғози таърих мақоми шоистаеро соҳиб буд.

Аз давраи қадим тарзи омодасозии таомҳои гуногун дар байни занон ба таври васеъ паҳн шудааст. Аз ҷумла, шириниҳо, ки барои ҷашну маросимҳо бештар омода мекарданд, тавассути рангорангии худ дасторхонро оро медоданд.
Дар давраи Сомониён низ занон барои ороиши суфра таомҳои миллӣ ва шириниҳои гуногун мепухтанд, ки ин меҳнати зиёд талаб мекард. 
Ҳангоми пухтани ширинӣ духтаронро низ ба он ҷалб мекарданд ва ба воситаи ин ҳунари пазандагиро аз насл ба насл интиқол медоданд.     
Занони бухорӣ, ки дар ҳама ҷабҳаҳо фаъол буданд, дасторхонро низ хуб оро медоданд. Дасторхони бухориён ҳамеша аз анвои шириниҳо пур буд, зеро онҳо далели сулҳу осоиши ҷамъият маҳсуб меёфтанд. Тавре ки Ибн аз-Зубайр дар «Аз-Захоир» қайд мекунад, занони бухорӣ беш аз даҳ анвои шириниро омода менамудаанд.
Яке аз инҳо ширбиринҷ аст, ки аз ширу биринҷ ва шакар тайёр карда мешавад ва ин усули пухтани ширбиринҷ то даври мо омадааст. Ҳалвои мавизин, ки қисми асосиаш аз мавиз буда, ба он чормағз, пистаи хандон ва кунҷит илова мекарданд, аз хуришҳои болаззат буд. Боз як намуди ҳалвои дигари мавизин аз шарбати меваҳои хурмо ва ангур омода карда мешуд. Ҳалвои лафз – ҳалвои бодомӣ, чуноне ки дар «Ятимат-ут-даҳр»-и Ас-Саолибӣ омадааст, навъҳои хушк ва форсии он омода карда шудаанд. Ин навъи ҳалворо аз оби садбарг, шакар ва бодоми кӯфта бо роҳи даромехтан бо хамир ва равғани писта мепухтанд. Ҳалвои яхак – мармелади имрӯза бошад, бо ба ҳам омехтани хурмо ё ангуру равған таҳия карда мешуд. Боз як намуди ширинӣ – қиёми ғафс аз асалу шиннӣ омода мегардад. «Буҷулаки оҳу»-ро бо роҳи ба ҳам омехтани чормағзу шакар, мавиз ва долчини резакарда тайёр мекарданд. Ҳалвои арзанак, ки дар ҷашнҳо зеби суфра буд, аз омехтаи орди арзан, равған ва шакар пухта мешуд. Ширинии дигар – машаш, яъне қиёми асали сахтшуда аст. Анвои ҳалвоеро, ки мисли ангуштони даст аст, «ангуштони Зайнаб» меномиданд.
Асалхурмо шириние мебошад, ки бо ба ҳам омехтани асалу хурмо пухта мешавад. Ҳалвои хурмо ва равғани зард, ки Ал-Масъудӣ дар «Мирвоҷ-уз-заҳаб» овардааст, бо ба ҳам омехтани асалу хурмо тайёр карда шуда, дасторхонро оро медод. Ҳалвои дигаре, ки аз тарафи занони бухорӣ таҳия карда мешуд, ҳалвои таранҷабинӣ – таранҷабин (янтоқшакар) ном дошт. Шарбати ширине, ки аз растании хордоре бо номи «ҳоҷул» ҳосил мегардад, пеш аз тулӯи офтоб ҷамъоварӣ карда мешавад. Аз он ҳалвое, ки «манна» ном дорад, таҳия мешавад.
Хулоса, аз давраи Сомониён то даври мо шириниҳои зиёде расида омадаанд, ки ворисони тоҷикон онҳоро ҳанӯз таҳия ва тановул мекунанд. Дар шароити имрӯза, ки воситаҳои нави техникӣ рушд ёфтааст, барои бонувон омода намудани таомҳои миллӣ ва шириниҳои гуногун хеле осон гаштааст. Аз ин боис, мо бояд мероси аҷдодамонро ҳифз намоем.

Комилҷон РАҲИМОВ,
ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии
ба номи Абурайҳон Берунӣ.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: