ШОИРИ ТОҶИК — “ШОИРИ ҶАҲОНИИ 2022”

Ибодуллоҳи Солеҳ аз ҷониби Иттифоқи нависандагони ҷаҳон ҳамчун “Шоири ҷаҳонӣ – 2022” эътироф шуд.

Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» дар такя ба як сипосномаи шоир дар саҳифаи иҷтимоӣ ба масъулини озмуни мазкур иттилоъ дод. Ёдрас мешавем, ки осори Ибодуллоҳи Солеҳ бо забонҳои гуногуни дунё тарҷумаву нашр шудаанд, аз ҷумла бо забонҳои португалӣ, арабӣ, русӣ ва ғайра. Ҳамзамон, то ин дам шеърҳои шоир дар маҷаллаҳои бонуфузи Бангладеш, Португалия ва Бразилия нашр шуда, тариқи радиоҳои “Садои афғон”, “Океан-плюс” садо додаанд.
Ибодуллоҳи Солеҳ 5-уми январи соли 1962 дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар муассисаи таҳсилоти ҳамагонии ҳамин деҳа солҳои 1969-1979 таҳсил намуда, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро пас аз хидмати ҳарбӣ хатм кардааст. Айни замон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошад. Ба эҷоди шеър шавқи беандоза дошта, бо тахаллуси «Ҳоҷӣ» ва «Солеҳ» шеър мегӯяд. Ибодуллоҳ дилбастаи шеъру адабиёт буда, дар баробари мавзӯъҳои меҳанпарастонаю хештаншиносона ишқу зиндагиро ба риштаи назм кашидааст. Шоир таносуби суханро дар шеърҳояш моҳирона истифода намуда, дар офаридаҳояш шебу фарозҳои зиндагиро бо ишқу муҳаббати беандоза баён намудааст.

Фарзона СОБИРӢ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: