СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛХАЛҚИИ «МИР АЛИШЕРИ НАВОӢ ВА ПАНЕЛИ ОСОРИ Ӯ»

Бахшида ба 580-умин солгарди мутафаккири бузург Алишер Навоӣ симпозиуми байналхалқии «Мир Алишери Навоӣ ва панели осори ӯ» баргузор шуд.

Бахшида ба 580-умин солгарди мутафаккири бузург Алишер Навоӣ симпозиуми байналхалқии «Мир Алишери Навоӣ ва панели осори ӯ» баргузор шуд.

Симпозиуми мазкур бо ҳамкории Донишгоҳи забон ва адабиёти ӯзбеки ба номи Алишер Навоӣ, институти Юнус Эмрои Туркия, Федератсияи ҷамъияти турки Авроосиё, ҳайати мутаваллии маданияти «Билга таълим», донишгоҳҳои Анқара, Йилдирим Боязид, Истанбул, Гази ба мақсади васеътар тарғиб намудани мероси ғании илмию адабии Алишер Навоӣ баргузор шуд.
Дар симпозиуме, ки дар Донишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Адишер Навоӣ баргузор шуд, ректори Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд, доктори илмҳои филология, профессор Шуҳрат Сироҷиддинов, ҷонишини Федератсияи ҷамъияти турки Авроосиё Акбар Ясса, ҷонишини вазири адлияи Туркия Угурган Куш, вакили парлумони Бурса Осман Местан ва дигарон доир ба омӯхтани эҷодиёти Алишер Навоӣ дар Ӯзбекистон  сухан ба миён оварданд.
Дар доираи симпозиум тақдимот ва намоишгоҳи минётураҳои осори Алишер Навоӣ ба вуқӯъ пайваст. Он чиз ҷолибият дошт, ки минётураҳое, ки аз ҷониби созмонҳои ҳамкор офаридашуда ба Донишгоҳи Алишер Навоӣ тақдим гардиданд.
Дар чорабинӣ маърӯзаҳои олимони донишгоҳҳои Ӯзбекистону Туркия доир ба ҷойгоҳи Алишер Навоӣ дар дунёи турк ва адабиёти ҷаҳон шунида шуданд.

Дилобар МАМАТОВА,
хабарнигори ӮзА.

 

АДАБИЁТИ КЛАССИКӢ — 
ПУЛИ ЭЪТИМОДБАХШИ 
БАЙНИ ФАРҲАНГҲО

Дар пойтахти Озарбойҷон — шаҳри Боку таҳти мавзӯи «Низомии Ганҷавӣ: пули байни фарҳангҳо» бахшида ба 880-умин солгарди мутафаккири бузург конфронси байналхалқӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Аҳмедов, вазири фарҳанг Анвар Керимов, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия бино ба ҳамкории байналхалқии фарҳангӣ М. Швидкой, вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия Махмет Эрсой, намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва олимон ширкат ҷустанд.
Дар маросими кушоиши конфронс вазири маданияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков аз қаробати эҷодиёти Низомӣ ва Навоӣ, қимати мероси адабии мутафаккир дар имрӯз сухан ба миён овард.
Дар доираи конфронс намоишгоҳи минётураҳое, ки дар асоси осори Низомӣ офарида шудаанд, баргузор шуд.
Вохӯриҳои фарҳангӣ дар формати тангу васеъ, мавзӯъҳои дар атрофи суҳбати мизи мудаввар муҳокимагардида, ки дар фазои дӯстӣ ба вуқӯъ пайвастанд ва вусъат пайдо кардани ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг ба давраи Эҳёи сеюм замина мегузорад.

Н. УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: