СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ҶАВОНОН – РОҲ БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Рушди иқтисод ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоии ҷомеаи ҷаҳон ва дар айни ҳол тараққию равнақи ин Ватани маҳбубро бе илми техникию технологияи навин, бе соҳибкорони бунёдкору созанда наметавон тасаввур кард.

Рушди иқтисод ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоии ҷомеаи ҷаҳон ва дар айни ҳол тараққию равнақи ин Ватани маҳбубро бе илми техникию технологияи навин, бе соҳибкорони бунёдкору созанда наметавон тасаввур кард. Ба замми ин ҳар як ҷавонро тафаккури комил, маърифатнокӣ, ҷаҳонбинии васеъ, озодандешию донистани чандин забон зарур аст. Зеро онҳо бояд ин раванди таърихиро ҳамқадаму ҳамнафас бошанд. Ҷавонон ояндасози  ҷомеаи иҷтимоӣ мебошанд. Дар ин раванди ояндасоз ба ҷавонони соҳибмаълумоту ҳунарманд, бомаърифату худогоҳи озодандеш, соҳибкори созандаю бунёдкор, ташаббускори далеру забондон зарурат меафзояд. 
Президент дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис дастовардҳои соли гузаштаро, ки даҳшати бузургтарини сад соли охири миқёси ҷаҳон – пандемияи коронавирус дар он рух дод, ҷамъбаст намуда, вазифаҳои соли 2021-ро дар соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маданию фарҳангӣ ва муносибатҳои хориҷӣ возеҳу равшан баён кард. Халқи мо соли равон 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар асоси ғояи наҷиби «Мо дар Ӯзбекистони нав – кишвари озод ва шукуфон зиндагӣ мекунем!» ҷашн мегирад. Ба пойдевори Эҳёи сеюм асос гузошта мешавад. Тавре таъкид гардид, дар ҳалли масоили номбурда ва рушди кишвар ҷавонон мақоми ҳалкунанда доранд. Сарвари кишвар дар Муроҷиатнома баён дошт, ки «нақши ҳалкунандаро дар пешрафти ҳар як ҷомеа рушди солим ва ҳамоҳанги насли ҷавон мебозад, ки ояндаи ин ҷомеа аз вай вобаста аст. Аз ин рӯ, дар масъалаҳои тавсеа додан ва афзудани самаранокии ислоҳоти худ мо ҷавонони серғайрат, ташаббускор, ҳамаҷониба рушдёфтаи дорои дониш ва малакаҳои муосирро такягоҳи худ мешуморем. 
Мо дар назди худ як ҳадафи бузург – ташаккул додани заминаи Эҳёи навро дар кишварамон гузоштем ва бо ин мақсад мо бояд барои тарбияи Хоразмӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Улуғбек, Навоӣ ва Бобурҳои нав муҳит ва шароит фароҳам оварем. Дар ин раванди таърихӣ муҳимтарин омилҳо, ҷузъи ҷудонашавандаи ғояи миллии мо рушди таълиму тарбия, илм ва навоварӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад». 
Аз ин иқтибос ҳувайдост, ки сарвари кишвар бо як эътимод ба ҷавонони ояндасозу бунёдкор муроҷиат намудааст. 
Дар замир ва ҳалли ин муаммо кори таълиму тарбия қарор дорад. Президент борҳо таъкид намудааст, ки «Ӯзбекистони нав аз остонаи мактаб, аз низоми таълиму тарбия шурӯъ мешавад». Ин ғояи ояндасоз зимни табрики Президент ба муносибати рӯзи Конститутсияи Ӯзбекистон ва видеоселектори ба масъалаҳои маданияту маърифат бахшидашуда низ иброз гардид. 
Ин ғоя масъулияти тарбиячиёни кӯдакистонҳо, омӯзгорони муассисаҳои таълими умумӣ, устодону мураббиёни донишгоҳҳо, кормандони соҳаи маданияту маърифат ва рӯзноманигорону дастандаркорон, воситаҳои ахбори оммавӣ, адибону олимонро беш аз пеш афзун мегардонад.  
Мо як давраи муайян аз асли худ дур шудем. Мавлавию Бухориҳоро нахондем. Ҷадидонро миллатгаро пиндоштем. Чандин адибону олимони машҳурро «душмани халқ» шинохтем. Аз дини мубини Ислом канораҷӯйӣ кардем. Таърихи халқи худро наомӯхтем. Ба мо маданияту маънавияти ба тинати мо бегона «импорт» карда шуд…
Фурсат фаро расид. Бояд ғояи миллии худро дар заминаи ғояҳои умумиинсонӣ ва арзишҳои миллӣ офарем. Онро аз худ кунем, тақвият диҳем ва сармашқи фаъолиятамон донем. Алъон озодию адолати иҷтимоӣ таъмин аст. Дар Ӯзбекистон баҳри рушди тафаккур ва маърифат, донишу тарбия, худшиносию озодандешӣ, омӯзиши таҷрибаи муосир, ташаккули маҳорати соҳибкории созандаю бунёдкор, татбиқи ташаббусҳо ҳама гуна имконот муҳайё шудааст. Эътибору имконот барои ҷавонон афзуд. «Хуллас, – дар Муроҷиатнома баён дошт сарвари давлат, – низоми ягона ва ногусастанӣ ба вуҷуд оварда мешавад, ки зимни он аз таваллуд то синни 30 кӯмаки ҳамаҷониба нисбати ҷавонон зоҳир мегардад, то ки онҳо дар ҳаёт ҷойгоҳи муносиби худро ёфта тавонанд». 
Имрӯз халқи Ӯзбекистон бояд ба арзишҳои умумиинсонӣ ва миллии худ арҷгузорӣ кунад ва ба ташаккулу тақвияти онҳо омода бошад. Мо дар Ӯзбекистони нав – кишвари озод ва шукуфон зиндагӣ мекунем! Бояд халқи Ӯзбекистон, ба хусус ҷавонон, аз ҳар гуна бегонапарастӣ канораҷӯйӣ кунанд, арзишҳои умумиинсонӣ ва миллии худро парастиш намоянд  ва тақвият бахшанд. Баҳри ин бояд муттаҳид ва бомаърифату дорои маънавият буд. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фармудааст:
Мо барои васл кардан омадем, 
На барои фасл кардан омадем.    
Лойиқи зиндаёд фармудааст: 
То чанд ту бо гузаштагон менозӣ,
Бо Рӯдакию ба Ҳофизи Шерозӣ.      
Вақт аст сари минбари озоди сухан,
Хайёми дигар, Ҳофизи дигар созӣ. 
                                                                    
Тангир РАҲМОНОВ,
Ӯзбакбойи РАҲМОН,

ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: