ТАЪЛИМИ УМУМИИ МИЁНА ҲАТМӢ ВА БЕПУЛ АСТ

Улдон Қараеваро хонандагони «Овози тоҷик» тавассути хабару мақола, очерк ва гузоришҳои хонданиаш мешиносанд.

Вай чанд сол қабл бори хабарнигории рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро дар вилояти Қашқадарё бар дӯш дошт. Ҳоло ӯ бо тақозои тақдир дар Шветсия зиндагӣ мекунад.
Чанде қабл ӯ ба рӯзномаи дӯстдоштааш маводи ҷолиберо интиқол дод, ки аз тарзи таҳсил дар муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабӣ ва олии Шветсия нақл мекунад. 
Роҳбари давлатамон ҳар сари чанд вақт дар нутқҳояш доир ба таҷрибаи кишварҳои пешқадами хориҷӣ сухан ба миён меоварад. Фикр мекунем, ошноӣ бо тарзи таълим дар муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабӣ ва олии ин мамлакат, дар даврае, ки соҳаи мактабу маорифамон ислоҳоти ҷиддиро аз сар мегузаронад, аз манфиат холӣ нест.

БАХШИ МАКТАБ ВА МАЪНАВИЯТИ 
«ОВОЗИ ТОҶИК».
Кӯдакистон дар Шветсия – ҳокимиятҳои маҳаллӣ барои пешниҳоди муассисаҳои томактабӣ барои кӯдаконе, ки дар Шветсия ба қайд гирифта шудаанд ва аз синни яксолагӣ сурат мегиранд, аз рӯйи қонун масъуланд. Мисли маркази баъдидарсӣ ба боғчаи бачагона рафтан ихтиёрист ва аз соли 1970 инҷониб шумораи бештари кӯдакон ба  муассисаҳои томактабӣ ҷалб карда мешаванд. 
Дар ин ҷо ҳангоми қабули кӯдакон ба мактабу боғча ҳуҷҷатҳои зиёде пур карда мешаванд. Падару модарон ба саволҳои бисёр ҷавоб медиҳанд. Масалан, агар бача гиря кунад, бо чӣ таскин меёбад? Оё аз чизе ҳассосият (аллергия) дорад? Ба ғайр аз падару модар боз кӣ метавонад ӯро бибарад? Оё ғизои махсусе барояш омода кунанд?.. ва монанди ин чандин саволи дигар, ки ба ҳаёти кӯдак рабт доранд. Кӯдакон то замоне, ки волидонашон дар кору дарс ҳастанд, дар ҳудуди боғчаи бачагона мемонанд. 
Дар ин кишвар боғчаи бачагона, мактаб, донишгоҳ ва кулли идораҳо барномаи зидди табъиз доранд. Бачаҳо аз замони кӯдакӣ бо тарзи демократӣ зиндагӣ кардан, мустақилона либоси худро пӯшидану хӯроки худ хӯрдан ва ба ҷомеа ҳамроҳ шуда, эҳтиром кардани якдигарро ёд мегиранд. 
Таҳсил дар мактабҳои Шветсия барои ҳамаи кӯдакони аз 6 то 16-сола ҳатмӣ ва ройгон аст.  Барои бачаҳо ғизою китобу дафтар ва дигар асбобҳои хониш бепул дода мешавад. Таъмири мактаб, ҷиҳози хониш ва дигар харҷҳо аз ҳисоби давлат пардохта мешавад. 
Соли хониш дар ин кишвари Скандинавия одатан аз охири моҳи август то нимаи аввали моҳи июни соли дигар давом мекунад. 
Таътили ҷашни Милод ва Соли нави милодӣ аз нисфи моҳи декабр то ҳафтаи аввали моҳи январ соли хониши Шветсияро ба ду чоряк тақсим мекунад – «чоряки тирамоҳӣ» ва «чоряки баҳорӣ». 
Таҳсилоти расмӣ дар мактаби ибтидоӣ, мактаби миёна ва донишгоҳ сурат мегирад. Дар баробари таҳсилоти давлатӣ таҳсил метавонад аз ҷониби мактабҳои хусусӣ ё мактабҳои мустақил дода шавад. Илова бар ин, дигар муассисаҳои таълимӣ, аз қабили мактабҳои олии мардумӣ, иттиҳодияҳои таълимӣ, ширкатҳои гуногуни хусусии таълимӣ ва ғайра мавҷуданд. Маълумоти расмӣ дар Шветсия дар сатҳи ибтидоӣ аз асри XIII, дар сатҳи миёна аз асри XVII ва таҳсилоти академӣ (олӣ) аз замони таъсиси Донишгоҳи Упсала (соли 1477) вуҷуд доранд. 
Барои баланд бардоштани сатҳи дониши муаллимон аз тарафи маъмурияти мактаб рӯзҳои омӯзиш ташкил карда мешаванд. Аттестатсия нест, муаллим бо ҳамон ҳуҷҷате, ки баъд аз таҳсили мактаби олӣ шаҳодатномаи таълим мегирад, корашро пеш мебарад. 
Муаллимон бо методҳои пешқадам дарс медиҳанд ва бо бачагон хеле хушмуомилаю самимӣ ҳастанд. Хонандагони мактаб ҳам устодони худро дӯст медоранд ва дар бораи мушкилоти хеш озодона бо муаллим суҳбат мекунанд. 
Ҳар як мактаб равоншинос ва  ҳамшираи шафқати худро дорад. Агар бача ба дарсҳо иштирок накунад ё дар андӯхтани дарсҳо душворӣ кашад, равоншиносу педагогҳои махсуси мактаб кори ӯро баррасӣ мекунанд. Муаллимон зуд бачаҳоеро, ки сатҳи донишашон  бо ҳамсинфони худ баробар нест, аниқ карда, бо онҳо вақти зиёдтар ҷудо месозанд. Агар ин натиҷа надиҳад, онҳоро ба синфҳои махсус, ки  бо методҳои гуногуну сода таълим медиҳанд, мегузаронанд. 
Муаллимон вазифаи ба хадамоти иҷтимоӣ ҳисобот доданро доранд. Агар бача ба мактаб бесабаб ҳозир нашавад, аз тарафи волидон ё шахсони калонсол мавриди хушунат қарор бигирад, сару либоси бача дар ҳолати бад бошад, дар хонаводаи ноором зиндагӣ намояд,  муаллим бояд ҳисоботи ташвишовар бифристад. Хадамоти кумаки иҷтимоӣ дар ин ҳолат метавонад бачаро аз волидон бигирад. Чунки бояд ҳуқуқи бача дар мадди аввал бошад. 
Агар дар як мактаб панҷ бача бо як забони хориҷӣ суҳбат кунанд, барояшон дарси забони модарӣ ташкил карда мешавад. Аз рӯйи тадқиқоти пажӯҳишгарон бачагоне, ки бо ду забон камол меёбанд, ояндаи дурахшон доранд.   
Зимни суҳбат чанде аз падару модарони ғайришвед иброз доштанд, ки онҳо хеле нигаронанд, зеро фарзандонашон дар хона бо ҳам бо забони шведӣ, ҳатто бо волидон ҳам шведӣ мулоқот мекунанд. Муаллими мактаб дар ҷавоб гуфт, ки  боиси нигаронӣ нест. Вақте ки онҳо бо забони шведӣ суҳбат мекунанд, шумо бо забони модариатон ба саволҳои онҳо ҷавоб диҳед ва бачаҳо бо ду забон балад мешаванд. 
Агар хонандаи мактаб барномаи синфи хондаашро тамом карда натавонад, аз як синф ба синфи дигар намегузарад. Варзиш, мусиқӣ ва меҳнат ҳам дарси асосӣ ҳисоб мешаванд ва агар хонанда аз инҳо баҳо нагирад, барнома иҷро нашуда мемонад. Масалан, агар хонанда барномаи синфи 9-умро хатм карда натавонад, ба гимназия дохил шуда наметавонад. Агар талаба дар гимназия хол (имтиёзҳо)-и кофӣ надошта бошад, ба донишгоҳ роҳ намеёбад. 
Дар Шветсия либоси махсуси хонандагони мактаб вуҷуд надорад. Духтарони мусалмон метавонанд бо ҳиҷоб ба мактаб оянд. 
Вақте ки хонандаи мактаб барномаи мактаби нӯҳсоларо хатм мекунад, ба гимназия дохил мешавад. Таҳсил дар ин ҷо 3 сол аст ва ҷавонон аз рӯйи риштаҳои мухталиф дарс мехонанд. Онҳое, ки мехоҳанд дар донишгоҳ таҳсилашонро идома бидиҳанд, фанҳои махсусро меомӯзанд. Онҳое, ки мехоҳанд соҳиби ягон касб шаванд, дар гимназия ҳам ин шуғлро метавонанд ёд гиранд. Шуғлҳои устои мошин шудан, ошпазу ороишгар, фурӯшанда аз амсоли онҳост. 
Аксарияти волидони швед мехоҳанд фарзандонашон дар 18-солагӣ мустақил бошанд, фарзандонашон ҳам барои мустақил шудан кӯшиш мекунанд. Аммо то замоне, ки фарзандон гимназияро хатм мекунанд, падару модарон масъули харҷи онҳо ҳастанд. 
Абитурент метавонад ба чанд донишгоҳ ҳуҷҷат супорад ва он баҳое, ки дар ҷараёни таҳсил дар гимназия ба даст овардааст, дар кадом донишгоҳ ё мактаби олӣ таҳсил гирифтанашро муайян мекунад. Таҳсил дар донишгоҳҳо бепул аст, аммо барои додани кирояи хона, хӯрок, китоб маблағ лозим мешавад. Маркази кумаки донишҷӯён ба онҳо нафақаву қарз медиҳад. Агар донишҷӯ сари вақт аз ягон фан қарздор шавад, ин кумак дода намешавад ва донишомӯзиро қатъ кунад, пуле, ки дар давоми шаш моҳ гирифтааст, бояд баргардонад. 
Донишҷӯ баъди хатми донишгоҳ вақте ки сари кор рафт, барои пардохтани қарзаш шурӯъ мекунад. Донишҷӯ шудан синну соли муайян надорад, баъзан марду занҳои миёнсол метавонанд барои табдили касбашон дарс бихонанд. Тамоми шароит барои толибилмон муҳайё аст. Онҳое, ки хондан намехоҳанд, дар курсҳои мухталифи касбомӯзӣ таҳсил гирифта, соҳиби шуғли дӯстдоштаашон мешаванд. Идораи кор ҳам барои раҳнамоии чунин ашхос барномаҳои хуб пешниҳод мекунад. Ин корҳо барои рушду равнақи давлат ва беҳбудии зиндагии мардум кӯмак мекунанд. 

Улдон ҚАРАЕВА,
шаҳри Тимро/Шветсия.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: