ТАШРИФИ АВВАЛИН

Дар идораи рӯзномаи “Овози тоҷик” вохӯрии сафири томулихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ҷамоаи рӯзнома баргузор шуд.

Дар идораи рӯзномаи “Овози тоҷик” вохӯрии сафири томулихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ҷамоаи рӯзнома баргузор шуд.
 
Ҷамъомадро сармуҳаррири рӯзнома Шерпӯлод Вакилов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Вай аз ташрифи сафир ба идораи рӯзнома арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки бо иродаи сиёсии роҳбарони ду мамлакат: муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои фарҳангӣ, адабӣ ва иқтисодии ду кишвари дӯсту бародар рӯ ба густариш ниҳод. 
Боиси хушнудист, ки дар бисёр чорабиниҳои фарҳангии кишвари мо иштирок менамоед, гуфт ӯ дар идомаи суханаш, дар вилоятҳо бо мардум вомехӯред. Чанде қабл бо иштироки шумо ҷашни 80-солагии шоир Ҷонибеки Қувноқ ва 110-солагии нависандаи бузурги тоҷик Сотим Улуғзода пуршукӯҳ гузашт. Фикр мекунам, ки ин ҳама вохӯрӣ ва гирдиҳамоиҳо ба хотири таҳким бахшидани дӯстию бародарии халқҳои ӯзбеку тоҷик аст.
– Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони ду кишвар роҳҳои нави ҳамкориҳо боз гардид, – сухан оғоз намуд Абдуҷаббор Раҳмонзода. – Аз қадим халқҳои тоҷику ӯзбек бо ҳам дӯсту бародар буданд. Дар сарчашмаҳои таърих дар ин хусус маълумоти фаровон ба назар мерасад. Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ба рамзи дӯстиву бародарии ин ду халқи ҳамқисмат табдил ёфтаанд. Сардие, ки як муддат ба вуҷуд омада буд, халқҳои моро ба ташвиш андохт. Сафари расмии Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар ин марҳила сафари таърихӣ буд. Байни ду ҷумҳурии бародар робитаҳои нав оғоз ёфтанд. Миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон созишнома, аз ҷумла созишномаи шарикии стратегӣ ба имзо расид, ки аҳамияти калони таърихӣ дорад.  Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба таҳким бахшидани дӯстӣ ва қаробати халқҳои мо заминаи мусоид фароҳам меоваранд. 
Сафир ҳамчунин қайд намуд, ки дар рӯзномаи “Овози тоҷик” доир ба ҳамаи соҳаҳо матолиби ҷолиб чоп мешаванд. Дар охир ӯ пешниҳод намуд, ки байни рӯзномаи “Овози тоҷик” ва рӯзномаи “Ҷумҳурият” як созишномаи ҳамкорие ба имзо расад. Пешниҳоди сармуҳаррири рӯзнома Ш. Вакилов, ки ба масъалаи омода кардани кадрҳои журналистӣ дар матбуоти тоҷики ҷумҳурӣ иртибот дошт, низ саривақтӣ буд. Воқеан, нашрияҳои тоҷикӣ, барномаҳои тоҷикии телевизион ва радиои ҷумҳурии мо ба кадрҳои баландмалака ниёз доранд. Агар дар муассисаҳои таълими олии Тоҷикистон ё Ӯзбекистон гурӯҳе барои омода кардани кадрҳои журналистӣ кушода мешуд, нашрияҳои тоҷикии Ӯзбекистон бо кадрҳои баландмалака таъмин мешуданд. 
Байни ходимони рӯзнома ва сафир як суҳбати озод ба вуқӯъ пайваст. Дарвоқеъ, Раҳмонзода аввалин сафирест, ки дар тӯли қариб сӣ соли истиқлолият аз идораи рӯзнома дидан ба амал овард. 
Дар охир сафири фарҳангдӯст ба идораи рӯзнома чанд китоби бадеӣ туҳфа кард.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик”.      
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: