Ҳайати Ӯзбекистонро Президенти Покистон ба ҳузур пазируфт

9 майи соли 2024 ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистонро таҳти сарварии вазири корҳои хориҷӣ Бахтиёр Саидов Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ қабул кард.

Вазир саломи самимии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро расонд.

Зимни суҳбат ҷонибдорӣ аз таҳкими робитаҳои Ӯзбекистону Покистон ҷиҳати амалӣ намудани иқтидори назарраси истифоданашудаи муносибатҳои дуҷониба қайд гардид.

Рӯзномаи ҷаласа мавзӯъҳои васеъро дар бар гирифта, имкониятҳои назарраси дипломатияи иқтисодиро нишон доданд. Ҳамкории зичтари созмонҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ таъкид шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: