ЯК ҚАТОР ЁВАРОНИ ҲОКИМ АЗ КОР САБУКДӮШ ШУДАНД

Ин ба он далел сурат гирифтааст, ки ёварони шомили ин гурӯҳ дар иҷрои ваколату вазифаи бевоситаи худ эҳсоси масъулият накардаанд ва ба камбудиҳо роҳ додаанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли равон дар 1 ҳазору 55 маҳаллаи шаҳру навоҳии вилоят расман ёварони ҳоким таъин гардиданд, ки вазифаи асосии онҳо ба рушди соҳибкорӣ, таъмини аҳолӣ ба шуғл ва коҳиши камбизоатӣ нигаронида шудааст. 

Моҳи апрел иҷрои кори семоҳаи онҳо таҳлил ва аз он натиҷагирӣ ба амал омад. Маълум гардид, ки аз ҷамъи 400 ёвари ҳокими шаҳру ноҳияҳо 200 нафар дар мавриди ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои хурди саноатӣ ва сервис, кумак барои татбиқи лоиҳаҳое, ки роҳандозии соҳибкории оилавиро мадди назар доранд, ягон кори дуруст анҷом надодаанд. 
Тавре ки дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят мегӯяд, Нурматҷон Ғозиев, ёвари раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Чехитой”-и ноҳияи Бағдод, ки дар минтақа натиҷаи беҳтарин нишон додааст, аз тарафи раисиҷумҳур бо ноутбуки “MacBook Pro” ва “Ташаккурнома”-и Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиши камбизоатӣ сарфароз гардидааст.
28-29 апрели соли ҷорӣ барои баланд бардоштани донишу малакаи 205 нафар ёварони ҳокими шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Ташкили самараноки кори ёварони ҳоким, рушди соҳибкорӣ дар маҳалла, таъмини шуғли аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ» семинар-тренинг доир гардид.
Аксарияти ёварон   ба ин семинар даъват шудаанд ва барои онҳо устодони донишгоҳҳо, мутахассисони варзида ҷиҳати беҳбуди кор тавсия ва роҳ нишон додаанд. Ҳарчанд ин семинар ҷиҳати беҳбуди кори маҳаллаҳои зиёд мусоидат намудааст, аммо дар як қатор маҳаллаҳо ягон дигаргунии ҷиддӣ рӯйи кор наомадааст. Барои ҳамин  дар маҷмӯъ 38 нафар ёварони раиси шаҳру навоҳии вилоят бар асоси аризаи худ аз вазифа озод карда шуданд.
Инчунин, бо қарори додгоҳ шартномаи миёни ҳокимият ва ду нафар ёварони маҳаллаҳо бекор карда шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
 “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: