Сиёсат

СТРАТЕГИЯ ВА РАВАНДИ ТРАНСФОРМАТСИЯИ БОНКҲО БАРРАСӢ ШУДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 июл оид ба масъалаҳои татбиқи Стратегияи ислоҳоти низоми бонкӣ барои солҳои 2020-2025, ки ба афзун гардондани ҳиссаи сектори хусусӣ дар активҳои бонкӣ аз 15 то 60 фоиз ва тезондани ҷараёнҳои трансформатсияи бонкҳои тиҷоратӣ нигаронда шудааст, ҷамъомад баргузор намуд.

Тафсилот...

ДАР БОРАИ МУЛОҚОТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 июл бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Тафсилот...

ПЕШОМАДИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ БО ҶОПОН, ҶУМҲУРИИ КУРИЁ ВА АМА БАРРАСӢ ГАРДИД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 июл дар шакли видеоконфронс бахшида ба баррасии иҷрои нишондиҳандаҳои пешгӯйии фаъолияти сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии мамлакат бинобар натиҷаҳои нимсолаи якуми соли ҷорӣ, инчунин баррасии татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва молиявиву техникӣ бо Ҷопон, Ҷумҳурии Корея ва Аморати Муттаҳидаи Араб ҷамъомад баргузор намуд.

Тафсилот...

Дар бораи мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 июн бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон — Элбошӣ Нурсултон Назарбоев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Тафсилот...

ЮНЕСКО БО ДАСТГИРИИ ИА ДАР ӮЗБЕКИСТОН ЛОИҲАИ НАВИ АРЗИШАШ 10 МИЛЛИОН ЕВРОРО БА КОР МЕДАРОРАД

Дар ин бора дар мусоҳиба ба АИ «Дунё» муовини директори генералии ЮНЕСКО оид ба масъалаҳои таълим Стефания Ҷаннинӣ, ки ба саъю кӯшиши Ӯзбекистон оид ба таъмини таълими муттасил дар вазъияти пандемияи «COVID-19» баҳои баланд дод, изҳор кард.

Тафсилот...

Котиби давлатии ИМА: «ДАР ӮЗБЕКИСТОН БОБАТИ БЕҲТАР НАМУДАНИ ВАЗЪИЯТ БИНОБАР ОЗОДИИ ДИНӢ ҚАДАМҲОИ ҶИДДӢ ГУЗОШТА ШУДАНД»

10 июн Департаменти давлатии ИМА Маърӯзаи навбатиро вобаста ба озодии динӣ дар соли 2019-ум интишор кард, ки дар он ба ҳолати озодии эътиқоди динӣ дар ҷаҳон баҳо дода мешавад.

Тафсилот...

ХАБАРИ МУХТАСАР

дар бораи ҷамъомади Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон11 июн ҷамъомади Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

Тафсилот...

Маҷмӯи қоидаҳои Фармони Президенти Ӯзбекистон ба сифати ҳуҷҷати расмии иҷлосияи 74-уми Ассамблеяи генералии СММ нашр шуд

Қоидаҳои асосии Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи омурзиши гурӯҳи шахсоне, ки муҳлати ҷазоро адо менамоянд, аз кирдорашон самимона тавба кардаанд ва қатъӣ ба роҳи ислоҳ гузаштаанд» аз 21 майи соли 2020 ба сифати ҳуҷҷати расмии иҷлосияи 74-уми Ассамблеяи генералии СММ қабул шуда, ба ҳамаи забонҳои расмии СММ байни давлатҳои аъзои созмон паҳн карда шуданд.

Тафсилот...

ҲУҚУҚИ ИНСОН, РУШДИ МУТТАСИЛ ВА ПЕШОМАДИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ

Дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шакли робитаи конфронси видеоӣ анҷумани байналхалқии парлумонӣ дар мавзӯи «Нақши парлумонҳо дар татбиқ сохтани тавсияҳои оинномавӣ ва шартномавии мақомоти СММ: дар мисоли Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон ва Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои инсон» баргузор шуд.

Тафсилот...