(Пурсиш ва посух аз гузаштагони бузург)
Ҳақназар ҚУРБОНМАМАДОВ,
профессор
САДОҲО АЗ ЖАРФОИ ТАЪРИХ
(Пурсиш ва посух аз гузаштагони бузург)
(Эссе)
(Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои № 68, 69).
ПУРСИШ ВА ПОСУХ АЗ ҲАКИМ АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
(940 - 1020)
Ҳакими бузург! Барои мо насли садаи ХХI қудрати эҷодкории Шумо то кунун асрорангез ва идрокнашаванда аст. Бузургии Шуморо ягон мутафаккир, шоир, файласуф беҳтару комилтар ифода карда натавонистааст. Шумо воқеан аз сухан барои худ пайкарае сохтед, ки шояд аз аҳромҳои Мисри Қадим ҳам пояндатар бошад, яъне аз обу оташу «боду борон наёбад газанд». Мо дар бораи бузургӣ, таъсири эҷодиёти Шумо ба фарҳанги арабу турк, русу гурҷӣ, барои рушди баъдинаи фарҳанги эронӣ, форсизабонон чизе намегӯем, зеро ин ба ҳама маълум аст. Медонем, ки «Шоҳнома»-и безавол китоби рӯйимизии хонаводаи мутафаккири машҳури асри ХIX Карл Маркс буд. Адибони барҷастаи немис Гёте ва Гегел Шуморо «паёмбари сухан» ном бурдаанд, агарчи «Шоҳнома»-ро дар тарҷума хондаанд. Маълум аст, ки ақидаву назарияҳои илмӣ, подшоҳон, диктаторон пайи ҳам мераванд, вале тавре ки шоир ва мутафаккири форсу тоҷик Низоми Арӯзии Самарқандӣ ишора мекунад: номи Шумо, «Шоҳнома»-и безавол абадист.
Аммо пурсиши мо аз Шумо ба дигар мақсад аст. Шумо дар «Шоҳнома» гуфтед, ки ҷангҳо, юришҳо, зиддияти байни давлатҳо, қавмҳо, мардумон танҳо дар ҳолате аз байн мераванд, ки курраи Замин аз ҳаракат бозмонад, ё нури Хуршед қатъ гардад. Дар дигар ҳолат онҳо бо шаклу сабабҳои гуногун, дар ҳар як давру замон зуҳур мекунанд ва боиси бадбахтии одаму олам мегарданд. Шумо фармудед:
– Азизон! Ҷанг як намуди ифодаи манофеъи моддӣ ва маънавии қавму гурӯҳҳо ва давлатҳо мебошад. Барои бартараф ва ё пешгирӣ кардани он ақлу фаросат, хираду ҳикмат офарида шудааст. Тимсоли ҷангҳо Аҳриман аст. Дар ҷойе, ки ҷанг ҳаст, он ҷо ақлу хирад нест ё коста шудааст.
Ҷангҳо хунину сард, динию мазҳабӣ, қавмию қабилавӣ, сиёсию идеологӣ, хонагию оилавӣ ва ғайра мешаванд. Аз қадимулайём ҷангҳо миёни қавму миллатҳою давлатҳо «панҷараҳои оҳанин», бегонашавии қавмӣ, бадбинӣ, хусумат, сангарҳои фарҳангию илмӣ ва дигар амалиёти ба табиати инсон бегонаро эҷод мекунанд. Дар ҳар як давру замон ҷангҳо аломати ба худ хосе доранд. Ман дар «Шоҳнома» даҳ сабаби асосии ҷангҳоро номбар кардаам. Вале яке аз сабабҳои асосии онҳо ҷаҳолати ҳокимон ва гурӯҳи одамон аст. Тааҷҷубовар он аст, ки ҳокимон, одамон ҳаргиз ба ҷаҳолати худ иқрор намешаванд, ҷангро амали адолатхоҳӣ, ҳақиқатҷӯйӣ, росткорӣ ва адлу инсофхоҳӣ таъбир мекунанд. Барои аз дили ҷангҷӯён пок кардани ҷаҳолат ҳикмат зарур аст, на қудрат. Одам, чун зодаи табиат, зебоию рифоати зиндагиро дер дарк мекунад ва гиромӣ медонад.
Инсон дар аввали таърихи худ барои пешгирии ҷангҳо табу (манҳиёт)-ро эҷод кард. Баъд арзишҳои ахлоқӣ (баробарӣ, бародарӣ ва ғайра), сипас адёну имон, силсилаи китобҳои осмонӣ (Таврот, Инҷил, Забур, Қуръон), баъд созишномаҳои иҷтимоӣ, қонунҳои давлатӣ (Қонуни Асосӣ), сипас қавонини байналмилалӣ (СММ) рӯйи кор омаданд. Аммо талаботи ҳамаи ин ҳуҷҷатҳоро сарфи назар мекунанд. Дар замони шумо даҳшатноктарин ва бераҳмтарини ҷангҳо ба давлату ҳукуматдориҳо мансубанд. Бегонашавии байни давлату шаҳрвандони он сабаби асосии ҷангҳо мешавад. Давлатҳо (агар кору вазифаҳои дохилӣ ва берунии онро сарфи назар кунем) гурӯҳи бюрократҳост, ки манфиати қувваҳои интеллектуалӣ, фикрӣ, эҷодӣ, хидматрасонӣ ба аҳолиро (ки дар сиёсатшиносӣ синфҳо ҳам мегӯянд) поймол мекунад. Қонуни Асосиро тавре ки хоҳанд, ба манфиати як шахс, ё як гурӯҳ, як ҳизб, як қавми ҷинояткор тағйир медиҳанд. Хулоса, давлат мардумӣ намегардад, ба давлати теократӣ ё плутократӣ (қаллобон), клептократӣ (дуздон), кланократӣ (кланҳо) табдил меёбад. Чунин давлатҳо таҳти шиорҳои «Ҳифзи давлатдорӣ», «Сулҳу амонӣ» худро сафед мекунанд.
Дар ин бобат ман дар «Шоҳнома» бино ба бераҳмиҳои бегонагон дар хоки Эрону Турон андешаҳои худро баён кардаам.
Умуман, агар ба тарзи дигар гӯем, ҷаҳолат дар асри ХХI зери шиори «Сулҳу амонӣ» зуҳур мекунад.
Дар «Шоҳнома» вобаста ба подшоҳии Анушервони одил фикрҳои зиёде ифода шудаанд. Воқеан, рафтору кирдор, давлатдорию давлатронии Анушервон хости мардумист, натиҷаи ҳикмати башарист, на ҳақиқати воқеӣ.
Дар даврони шумо агар ниҳодҳои қавонини умумибашарӣ ба эътибор гирифта нашаванд, ё салби хотир шаванд, ҷомеа ба ҷомеаи дуздону фасодкорон, бесалоҳияту бемасъулиятон, муфтхӯрон табдил меёбад. Ҳанӯз юнониёни қадим фармудаанд, ки чунин давлатро давлат гуфтан ҷоиз нест, зеро дар он «Ҳомос», яъне қонуни башарӣ зери по шуда ё шакл нагирифтааст.
Дар чунин ҳолат мебояд дирафши коваёнӣ боло бардошт, то аз зулмоти ҷанг раҳоӣ ёбед. Зеро танҳо дар шароити озодӣ инсон зарурати худсозӣ, ватансозӣ, ҷомеасозиро дарк мекунад, барои мустаҳкам кардани решаҳои фарҳанги миллӣ саъй менамояд.
(Давом дорад).