ҲИКОЯТ

(Порае аз «Калила ва Димна»)

Овардаанд, ки Кабки дарие дар домани кӯҳе мехиромид ва ғулғулаи садои қаҳ-қаҳааш дар гунбади сипеҳр мепечид. Иттифоқан, Бози шикорие дар он ҳаво мегузашт, чун Кабки дариро дид, дилаш ба муҳаббати ӯ моил гашт ва ба худ андешид, ки дар ин олам ҳар касе бояд ёри мувофиқ ва рафиқи меҳрбоне дошта бошад:
Касе к-андар ҷаҳон ёре
 надорад,
Дарахти ишраташ боре 
надорад.
Ва ин Кабк ёри хушманзар, хандонрӯй, сабукрӯҳ, ширинзабон ва латифҳаракат аст, дил дар суҳбати чунин рафиқе тозаву хуррам гардад.
Пас оҳиста ба ҷониби Кабк моил шуд ва Кабкро назар бар вай афтод ва ҳазаркунон худро ба шикофи санге расонид. Боз аз ҳаво даромада, пеши он сӯрох нишаста гуфт:
— Ай Кабк, пеш аз ин аз ҳунарҳои ту ғофил будам ва фазлу камоли ту бар ман зоҳир набуд. Имрӯз ба воситаи қаҳ-қаҳаи ту кушоише дар дили ман падид омад ва хиромидани дилфиреби ту маро сайд карда. Умед аст, ки минбаъд аз ман тарсону ҳаросон набошӣ ва ба сӯйи ман майл намоӣ. 
Кабк овоз дод, ки «Ай қаҳрамони комгор, даст аз ин бечораи меҳнатзада боздор, ҳар гоҳ, ки обу оташ якҷоя шаванд, ману ту рафиқ шуда метавонем».
Боз гуфт:
— Ай азиз, худ андеша кун, ки ман аз дӯстӣ бо ту ҳеч ғаразе надорам, чанголи ман нуқсе надорад, ки аз сайд ва аз хӯрдан оҷиз шуда бошам. Ман ғайр аз бо ту дӯсту ҳамдам шудан дигар мақсаде надорам. Ту аз суҳбати ман чандин фоидаҳо хоҳӣ дид. Аввало, чун дигар бозҳо мебинанд, ки ту дар сояи парвариши ман ҳастӣ, ба ту тааддӣ намекунанд ва ба дидаи ҳурмат ба ту менигаранд; дуввум, ман туро ба ошёнаи худ мебарам ва ту аз кабкҳои дигар чӣ қадарҳо баланд зиндагӣ мекунӣ; сеюм, аз кабкҳо ҳар мокиёнеро, ки хоҳӣ наздат меорам, бо вай ба хушиву хурсандӣ рӯз мегузаронӣ.
Кабк гуфт:
— Ту амири мурғонӣ ва инони ихтиёри мурғон ба қабзаи иқтидори туст ва ман яке аз табааи ту ҳастам. Агар аз ман кирдоре содир шавад, ки мувофиқи табъи ту набошад, пас сарпанҷаи ғазаби ту маро ба ҳалокат расонад. Беҳтар ин аст, ки дар гӯшаи хилват бинишинам.
Боз гуфт:
— Ай бародар, нашунидаӣ, ки дидаи дӯстӣ айб намебинад ва ҳар зиштие, ки аз дӯст падид ояд, бағоят зебо менамояд:
Заҳри туро дӯст чӣ донад? — 
Шакар.
Айби туро дӯст чӣ донад? — 
Ҳунар!

Ман, ки кирдори туро ба дидаи муҳаббат мебинам, дар гуфту шуниди ту чӣ гуна хати хато кашида метавонам:
Дидаи дӯст айббин набувад.
Кабк ҳарчанд узрҳои писандида мегуфт, Боз ҷавобҳои маъқулу дилпазир дар муқобили он меовард. Дар охир Боз ба аҳду паймон Кабкро аз сӯрох берун овард ва бардошта ба ошёнаи худ бурд. Ҳар ду бо якдигар хуш баромада, рӯзҳоро бо айшу тараб мегузарониданд.

Ду-се рӯз аз ин миён гузашт, Кабк ба Боз тамоман бовар карда, далерона сухан мегуфт ва беибо қаҳ-қаҳа мезад. Боз ҳам худро ба ношуниданӣ зада, аз сари интиқом дармегузашт, аммо кинаи он дар синааш ҷо мегирифт.
 Рӯзе Боз каме бемор шуд ва барои хӯрок аз ҷой ҳаракат карда наметавонист. Ҳама рӯз дар ошёна буд, чун шаб даромад, хеле гурусна монд ва кинаҳои Кабк, ки ба мурури замон ҷамъ шуда буд, Бозро хашмолуд сохт. Ҳарчанд аҳду паймонҳои гузашта ба хотираш меомад, аммо ҳеч ба ақлаш қабул намешуд ва барои хӯрдани Кабк баҳона меҷуст. Кабк осори ғазаб дар башараи ӯ мушоҳида намуда, ба ақлу хирад ҳалоки худро медид ва оҳи сард аз дили пурдард кашида, ба худ гуфт: «Дареғ, ки аз аввали ҳол назар ба поёни кор наяфгандам ва ба ғайри ҷинси худ пайвастам. Бинобар ин, киштии умрам имрӯз ба гирдобе дарафтода, ки маллоҳи тадбир аз халоси он оҷиз аст».
Боз бошад, чанголи озор кушода ва минқори хунхор ба заҳри ситам об дода, баҳонаҷӯйӣ мекард. Кабк аз рӯйи эҳтиёт риояти одоб менамуд ва аз ин сабаб баҳонае барои Боз пайдо набуд. Охируламр Боз бетоқат шуда, аз рӯйи асаб ба Кабк гуфт:
— Оё раво бошад, ки ман дар офтоб бошаму ту дар соя нишинӣ?
Кабк гуфт:
— Ай амири ҷаҳонгир, ҳоло шаб аст ва ҳама оламро сояи зулмат фурӯ гирифта, шумо аз тоби кадом офтоб ба заҳматед ва ман дар сояи чӣ чиз истироҳат дорам?
Боз гуфт:
— Ай беадаб, маро дурӯғгӯй месозӣ ва сухани маро рад мекунӣ, сазои туро додан лозим аст. Инро гуфту Кабкро аз ҳам дариду хӯрд.

***
Ин масал барои он овардам, ки ҳар кас бо ғайри ҷинси худ ва бо каси бовар надоштааш рӯзгор гузорад, монанди Кабки дарӣ шавад.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: