Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар нишасти Созмони кишварҳои туркӣ бо сафари амалӣ ба Остона рафт.
Ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар чаҳорчӯби ин созмон, пеш аз ҳама дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, муҳити зист, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра ворид карда шудаанд.
Имсол ба СКТ Ҷумҳурии Ӯзбекистон раисӣ мекунад.