СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ҶАМЪОМАДИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ СОЗМОНИ КИШВАРҲОИ ТУРКӢ

Муҳтарам Қосим-Ҷомарт Кемелевич!

Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Ман аз он ки боз бо шумо мулоқот дорам, бағоят хурсандам. 
Ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муҳтарам Қосим-Ҷомарт Кемелевич Тоқаев барои дар сатҳи баланд созмон додани ҳамоиши кунунӣ миннатдории амиқ изҳор менамоям.
Мехостам суханронии худро бо даъвати гузаштаи бузурги мо – яке аз асосгузорони давлати қадимии туркӣ Билга Хоқон оғоз намоям, ки фармудааст: «Бедор шав, халқи турки ман, худро шинос, то боз сарбаланд бошӣ!»
Дар замони зудтағйирёбандаи кунунӣ, ки Созмони давлатҳои туркӣ фаъолияти худро торафт такмил медиҳад, бешубҳа, ин суханони даъватӣ маънои махсусу амиқ касб менамоянд. Овози халқҳои бародари мо, ки бо забон, дин ва ҳуввиятҳои маънавӣ пайванди ногусастанӣ доранд, алҳол дар тамоми ҷаҳон баландтару пурқувваттар садо медиҳад. 
Аз имконият истифода бурда, халқи бародари Қазоқистонро, ки ба наздикӣ ҷашни миллии худ – Рӯзи ҷумҳуриро васеъ таҷлил кард, аз таҳти дил муборакбод менамоям. 
Ҳамчунин Президенти Туркия, бародари худ, Волоҳазрат Реҷеп Таййип Эрдоған ва тамоми халқи туркро бо санаи хотирмон – Садумин солгарди эълон шудани Ҷумҳурӣ самимона табрик мекунам.
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш! 
Тавре ки шумо хуб медонед, халқи бародари Озарбойҷон дар олами турк мақоми сазовор дорад, соҳиби эҳтиром ва нуфузи воло мебошад. Тӯли солҳои охир халқи озар таҳти роҳбарии дӯсти азизи ман Илҳом Ҳайдарович ба комёбиҳои беқиёс муваффақ мегардад. 
Адолати таърихӣ тантана кард, бобати ба қисми ҷудонопазири мамлакат – ба ҳудуди созандагӣ табдил додани Қаробоғ натиҷаҳои бузург ба даст меоянд. 
Моҳи август ман аз шаҳрҳои Шуша ва Фузулӣ боздид ба амал оварда, шоҳиди корҳои васеъмиқёси дигаргунсозӣ, бунёди инфрасохтори замонавӣ, барқароршавии иншооти харобгардидаи мероси фарҳангӣ гардидам.
Бори дигар халқи Озарбойҷонро бо ғалабаи бузург – истиқрори пурраи якпорчагии ҳудуди мамлакат самимона табрик менамоям.
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш!
Созмони давлатҳои туркӣ дар ҷаҳони нави алҳол ташаккулёфтаистода ва низоми идораҳои байналхалқӣ мақоми махсус дорад. Ҳудуди Созмони мо, ки соҳиби 160 миллион аҳолӣ мебошад, минтақаест, ки дорои имкониятҳои азими иқтисодӣ аст.
Мехоҳам бо қаноатмандии бузург таъкид намоям, ки мамлакати мо бо тамоми аъзои Созмон шарикии стратегиро ба роҳ мондааст. 
Ҳуҷҷатҳои дар ҳамоиши Самарқанд баимзорасида, ки соли гузашта таҳти шиори «Даврони нави тамаддуни туркӣ: дар роҳи пешрафт ва шукуфоии умумӣ» баргузор шуд, мустақимона татбиқ мегарданд. 
Дар давраи раисии Ӯзбекистон беш аз сад чорабинии гуногун гузаштанд, ташаббусҳои муҳим пеш гузошта шуданд.
Дар пояи барномаи асосии «Назари туркӣ – 2040» механизмҳои нави самарабахштари ҳамкориҳои амалӣ ба роҳ монда шуданд. Аз ҷумла, сохторҳои нав, ҳамчун Созмони иттифоқҳои касабаи давлатҳои туркӣ, Академияи тадқиқоти кайҳонӣ, Шӯрои ҷуғрофӣ, Идораи пешгирии хушкшавӣ, Иттиҳоди нотариусҳо кори худро оғоз карданд. 
Бо як қатор сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ – Созмони Милали Муттаҳид ва идораҳои  махсуси он, Созмони ҳамкории исломӣ, Машварат оид ба ҳамкории тарафайн ва чораҳои эътимод дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ робитаҳои қарини шарикӣ устувор гардиданд. 
Бо вуҷуди тезутунд шудани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, ба шарофати кори мунтазаме, ки мо татбиқ менамоем, рушди устувори ҳаҷми савдои тарафайн мушоҳида мегардад. 
Бори дигар ба тамоми давлатҳо ва Котибияти Созмон, ки дар давраи раисии Ӯзбекистон фаъолона кумак расониданд, миннатдории худро изҳор менамоям.
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Мо шоҳиди дар миқёси ҷаҳонӣ торафт шадидтар гардидани буҳрони эътимод мешавем. Бобати таъмин сохтани амнияти ҷаҳонӣ мушкилоти нав ба миён меоянд, мо сартобӣ аз меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқиро бештар мушоҳида мекунем. 
Ҷиҳати бағоят хавфнок дар Шарқи Наздик зиддияти фаластиниву исроилӣ тӯли даврони дуру дароз барои ҳамаи мо ба хусус боиси ташвиши ҷиддӣ мегардад. Дар натиҷаи тасодумҳои яроқнок миқдори фавтидагон ва ҷароҳатбардоштагон дар байни аҳолии осуда, махсусан куҳансолон, занон ва кӯдакон зиёд мегардад, таҳдиди  васеъ паҳн шудани зиддият пурзӯртар мешавад.
Вобаста ба ин мо аз ҷонибҳо даъват менамоем, ки ҳаракатҳои ҳарбиро зуд боздоранд ва оташбас кунанд, ба мақсадҳои инсонпарварӣ ба сулҳу салоҳ оянд. 
Ҳаллу фасли ягона ва адолатноктарини ин мушкилот бояд дар пояи раванди «ду давлат барои ду халқ» қабул карда шавад.
Тавре ки дар қарордоди Созмони Милали Муттаҳид мушаххас шудааст, халқи Фаластин барои бунёди давлати мустақил ҳуқуқ дорад. Дар доираи Созмони худ мо бояд ба тамоми ҷаҳон мавқеи ягонаву қатъии хешро бинобар ин масъала изҳор кунем. 
Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш!
Дар анҷумани ҳолоина, ки таҳти унвони «Даврони туркӣ» мегузарад, мехоҳам таклифҳои зеринро пешниҳод созам, ки ба вусъати минбаъдаи робитаҳои бисёрҷанбаву дарозмуҳлати мо нигаронида шудаанд.
Якум. Мақсади асосии мо ин таҳкими равандҳои эҳтироми тарафайн, эътимод ва рӯшодӣ дар доираи Созмон, самарабахшу якҷоя гузаштан аз тамоми монеаҳо мебошад.
Вобаста ба ин коркарди Хартияи Олами туркро, ки ягонагӣ ва ваҳдати халқҳои турк, гузаштаи бузург, тамаддуни ғанӣ ва ҳувияти воқеии онҳоро инъикос менамояд, зарур мешуморам. Пешниҳод менамоям, ки ин энсиклопедияи ба худ хосу рамзӣ бо иштироки олимони машҳур ва коршиносони соҳа тайёр карда шавад.
Дуюм. Дар ин рӯзҳо Бунёди сармоявии туркӣ кори худро оғоз менамояд. Ба мақсади пурзӯр намудани кооператсияи саноатии байни давлатҳоямон ва татбиқ сохтани лоиҳаҳои бузурги сармоявӣ дар давраи минбаъда мо бояд корро бинобар таъсис додани Бонки рушди туркӣ фаъолтар намоем. Мо омода ҳастем, ки ин муассисаи молиявиро дар Тошканд ҷогузин кунем. 
Сеюм. Мо кори амалиро бинобар таъсис додани Маркази тадқиқи ҳамкории тиҷоратии давлатҳои туркӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем. Имкониятҳои онро самарабахш истифода бурда, минбаъд мо бояд чораҳои мушаххасеро, ки ба аз байн бардоштани монеаҳои соҳаи савдо, васеъ ҷорӣ намудани механизмҳои нави беҳтар сохтани ҳаҷми содирот ва воридот, рушди платформаҳои савдои электронӣ нигаронида шудаанд, якҷо татбиқ намоем. 
Чаҳорум. Масъалаҳои инкишоф додан ва диверсификатсия кардани силсилаҳои ҷаҳонии логистикӣ, ҳамчунин гузаргоҳҳои нақлиётӣ, ташаккул додани шабакаи ягонаи транзитӣ аҳамияти рӯзмарра доранд. 
Ба мақсади қонеъ сохтани талаботи рӯзафзун нисбати боркашонӣ мо вусъат додани иқтидори Гузаргоҳи миёнаро дастгирӣ мекунем. Ҳамчунин ҷонибдори рушди самтҳои иловагии бисёрсоҳа, аз ҷумла, долонҳое, ки аз тариқи кишварҳои мо ба бозорҳои Чин, Осиёи Ҷанубӣ ва Аврупо мегузаранд, рақамикунонии хидматҳои нақлиётӣ мебошем. 
Пешниҳод мекунем, ки Шӯрои идораҳои роҳи оҳани давлатҳоямон таъсис дода шавад ва маъмурияти сохтори мазкур дар мамлакати мо ҷойгир гардад.
Панҷум. Мо аз рушди ҳамкории бисёрҷанба дар соҳаи экология манфиатдор мебошем. Гузаштагони мо аз қадимулайём дар ҳамоҳангӣ бо табиат зиндагӣ кардаанд. Мутаассифона, ҳоли ҳозир муносибати истеъмолгарӣ нисбат ба он торафт пурзӯр мегардад. Аз мушкилоти мухталифе, ки бинобар тағйироти иқлим сар мезананд, тамоми инсоният ҷиддан азият мекашад. Вазъияти мазкур аз тамоми мо чораҳои бетаъхирро тақозо менамояд. Бешубҳа, дар ин роҳ таъсис додани вазорати мунтазамамалкунанда дар сатҳи Анҷумани экологии туркӣ қадами муҳим мегардад. Ин механизми муассир ба дурнамои мо бобати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Созмон мусоидат менамояд. 
Шашум. Ғояи инкишоф додани тамаддуни туркӣ бо дастгирии ҳамаҷонибаи пешрафти технологӣ ва донишҳои пешқадам иртиботи ҷудонопазир дорад. 
Муътақидам, ки ҷавонони дурбин, соҳибистеъдод ва тавонои мо дар оянда Эҳёи нави ҷаҳони туркиро бунёд мекунанд. Дар ин роҳ кашфиётҳои илмии гузаштагони бузургамон, мероси маънавии онҳо ҳамчун пойдевори мустаҳкам хидмат ҳоҳанд кард.
Ба маврид аст қайд кунам, ки дар кишварҳои аъзо бобати амиқ омӯхтани фаъолияти созандагӣ, мероси илмиву эҷодии гузаштагони мо ҷадидҳо, ки дар садаи гузашта зиндагӣ кардаанд, корҳои азим амалӣ мешаванд. 
Мо иштироки фаъоли намояндагони шуморо ба конфронси байналхалқии пешбинишуда дар мавзӯи «Ҷадидҳо: худшиносии миллӣ, ғояи истиқлолият ва давлатдорӣ», ки моҳи декабри соли равон дар кишварамон ба мақсади ба сатҳи нав бардоштани кори самти мазкур баргузор мегардад, даъват менамоем.
Барои дастгирӣ намудан ва рағбатнок кардани писарону духтарони ташаббускорамон, ки ба омӯхтани  навгониҳо саъй доранд, дар Ӯзбекистон кушодани Маркази ҷавонони соҳибистеъдоди Олами туркиро мувофиқи мақсад меҳисобам.
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Истиқрори сулҳу салоҳ дар замини халқи сермиллати Афғонистон, ки таърих ва тақдираш тӯли ҳазорсолаҳо бо ҳалқҳои туркӣ иртиботи ҷудонопазир дорад, шарти асосии таъмин гардидани эътидоли стратегӣ ва амният дар минтақаи мо ба шумор меравад. Вале ҳоло дар партави авҷ гирифтани зиддият ва ҷангҳо дар нуқтаҳои дигари олам ин мушкилот аз назари ҷомеаи байналхалқӣ торафт дур мемонад. 
Даъват менамоем, механизмҳои мушаххас андешида шаванд, ки ба ҳаргиз кам нагардидани кумакҳои инсонпарварона ба халқи афғон, ҳаллу фасли мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ дар ин мамлакат нигаронида шудаанд. 
Ба мо Афғонистони орому боэътидол, ки дар ҷараёнҳои шарикии минтақавӣ ва ҳамкории иқтисодӣ бо тамоми ҳамсояҳо фаъолона иштирок мекунад, лозим аст. Ташаббусҳои мо бобати сохтмони Роҳи оҳани наздиафғонӣ маҳз барои ин мақсадҳои нек хидмат мекунанд. 
Ӯзбекистон минбаъд низ ба халқи Афғонистон кумакҳои зарурӣ мерасонад. Мо пешниҳоди дастгирии башардӯстонаро аз тариқи хабҳои логистикӣ ва омӯзондани шаҳрвандони Афғонистон дар Маркази таълимии воқеъ дар Тирмиз фаъолона идома медиҳем.
Дӯстони азиз!
Аз имконият истифода бурда, ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Ҷомарт Кемелевич Тоқаев, ки раисиро дар Шӯрои сарони давлатҳо қабул менамояд, комёбиҳои бузург орзу мекунам. 
Бовар дорам, ҳуҷҷат ва қарорҳои муҳиме, ки имрӯз ба имзо мерасанд, аз ҷумла, баённомаи ҳамоиш ва Ҳуҷҷати Остона дар роҳи беҳтар шудани ояндаи халқҳои туркии мо қадами муътамади навбатӣ мегарданд. 
Бешубҳа, халқҳои бародари мо, ки дар таърихи худ санҷишҳои зиёдро паси сар карда, ҳамеша мушкилотро ҳамҷиҳатона ҳаллу фасл намудаанд, минбаъд низ қодиранд корҳои бузурги худро татбиқ намоянд. 
Барои эътиборатон ташаккур.                    

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: