ДАР КИШВАРИ БЕГОНА

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта).

Эрнест ҲЕМИНГУЭЙ

ДАР КИШВАРИ БЕГОНА
(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта).
(Ҳикоя)
Ҳар кадом ба сари худ аз мардони шоёне будем ва дар ҳоспитал ба ҷуз аз дидорҳои рӯзмарра чизе вуҷуд надошт, ки моро пайванд кунад. Ва ҳамин хел, вақте ки ба самти қаҳвахонаи «Кова» аз қисмати ниҳоят махуфи шаҳр гузашта мерафтем, шаби торике доман густарда буд ва аз майкадаҳо партави мулоими чароғҳо ба рӯйи роҳрав мерехт, садои баланди сурудхонӣ ба гӯшҳо менишаст. Роҳравҳои пури одамро убур карда, маҷбур мегаштем, ки онҳоро як сӯ тела бидиҳем ва ба худ роҳ бикушоем. Ҳини аз ин мавзеъ гузаштан ҳис мекардем, ки моро ба ҳамдигар ҳамон воқеоти даҳшатбори ҷанг пайванд месозанд ва ҳарчанд он рӯзҳои сахтро ин мардум низ аз сари худ гузаронидаанд, аммо ҷойи таассуф аст, ки нисбатамон нафрат меварзанд ва фаҳмиданамон намехоҳанд.
Дар қаҳвахонаи «Кова» ҳама чиз фаҳмо буд. Ин ҷо гарму хеле фасон, озода ва равшании тирае дорад, шабонаҳо сермағалу пур аз дуди тамоку, ҳамеша дар паси мизҳо духтаракон менишастанд ва инчунин маҷаллаҳои рангобаранги суратдор дар  чангакҳо овезон буданд. Мизоҷони ҷинси латифи қаҳвахонаи «Кова» ватанпарварони асиле буданд. Ба назари ман, дар ҳамон замонаҳо аз ҳама ватанпарварони беҳтарин дар Итолиё духтараконе буданд, ки дар қаҳвахонаҳо менишастанд, бале, бояд имрӯз ҳам онҳо ватандӯст бошанд.
Ҳамроҳонам нахуст ба ордени ман бо эҳтиром мароқ зоҳир намуданд ва пурсиданд, ки ба чӣ хотир онро гирифтаам. Ман ба онҳо фахрияномаҳоямро нишон додам, ки мазомини фохире ба монанди  «fratellanza» ва «abnegazione» («Бародарӣ» ва «фидокорӣ» (итол.)) доштанд ва дар ҳақиқати ҳол, агар ин калимоти тавсифиро канор гузорем, гуфта мешуд, ки орденро барои он додаанд, ки ман маҳз амрикоӣ ҳастам. Баъд аз фаҳмидани ин, ҳарчанд ман дар қиёс бо бегонагон ба онҳо як дӯсти беғаразе маҳсуб мешудам, муомилаи эшон нисбат ба банда як зарра тағйир ёфт. Бале, ман дӯсти онҳо будам, аммо пас аз он ки фахрияномаҳоро бихонданд, ноаён доман буриданд ва дигар маро дӯст намешумурданд. Орденҳои онҳо тамоман фарқ мекард ва эшон онро ба сабабҳои мутлақо дигар гирифтаанд. Рост аст, ки ман ҷароҳат бардоштаам, вале мо ҳама хуб медонистем, ки ҷароҳат оқибати як кори тасодуфӣ аст. Вале ба ҳар ҳол ман аз фарқияти ордени худ шарм намедоштам ва баъзан, пас аз нӯшидани чанд қадаҳи нӯшобаи ширини омехта бо шароб (коктейл), дар худ тасаввур мекардам, ки банда низ ҳамон амалеро анҷом додаам, ки онҳо аз паяш ба орден шарафёб гардидаанд. Вале ҳини аз қаҳвахона баргаштан, дар як поси шаби сарди шамолхез, аз қади ҷодаҳои холӣ қадам задаву аз пеши мағозаҳои дарашон баста гузашта ва ҳадди ақал худро ба паноҳи рӯшноии чароғҳо гирифта, ман нағз мефаҳмидам, ки такрори корномаҳои ҳамроҳонам аз дасти ман намеомад. Ва ман аз мурдан хеле метарсидам ва шабонаҳо дар ҷогаҳ хоб рафта, муттасил дар он бора меандешидам, ки агар дубора ба хатти пеши ҷанг сафарбар созанд, ҳолам чӣ ҳоҳад шуд?!
Он се тани ордендор ба бозҳои шикорӣ монанд буданд, аммо ман чунин шоҳине набудам ва шояд ба касе, ки асло дар умраш шикор накардааст, бози шикорӣ ҷилвагар шавам. Вале он се нафар инро хеле аъло мефаҳмиданд ва... мо ин тавр оҳиста-оҳиста аз ҳам дур шудем. Бо ҷавоне, ки дар рӯзи нахустини ҷанг маҷрӯҳ гашта буд, дӯстиро идома додам, барои он ки вай дар вазъ ҳамранги ман буд. Бинобар ин, он се нафар низ дӯсти нави маро дигар ҳамтабақи худ намеҳисобиданд. Ин ҷавон боз ба ман аз он ҷиҳат маъқул буд, ки мисли худам аз вай ҳам шоҳине намебаромад.
Майоре, ки дар гузашта шамшербози моҳире буд, ба қаҳрамониҳо бовар надошт ва мо то вақте дар дастгоҳҳои табобатӣ менишастем, вай бо ислоҳи хатоҳои грамматикии суханҳои ман машғул мегашт. Боре бо лаҳни итолиёвӣ ҳарф задани маро тавсиф кард ва мо ба дарозо бо ин забон такаллум намудем. Ман гуфтам, ки барои ба таври ҷиддӣ рағбат пайдо кардан забони итолиёвӣ ба ман ниҳоят сода ва омиёна менамояд. Ҳама чиз дар он сабук ифода мегардад. «О, бале, – гуфт майор. – Вале чаро шумо ба грамматика зиёда таваҷҷӯҳ намекунед?» Ва мо ба грамматика бештар эътибор додем, ки дар натиҷа забони итолиёвӣ бароям чунон мушкил тофт, ки акнун ман барои сухане гуфтан ҷуръат намекардам ва аз афташ, ин то замоне идома хоҳад ёфт, ки қоидаи грамматикӣ дар зеҳни ман дурусттар ҷобаҷо гардад.
Майор ба ҳоспитал мунтазам омаду рафт мекард. Маълум буд, ки аз ягон рӯзи табобат намемонад, вале ба ин дастгоҳи тиббӣ боваре надошт ва ҳатто рӯзе гуфта буд, ки ин ҳама музахрафе ҳасту халос. Дастгоҳҳо он замонаҳо як падидае буданд ва онҳоро бояд, ки дар тани мо месанҷиданд. «Як тадбири аблаҳона, – гуфт майор. – Хаёли хом асту бас!» Дар ҳамон рӯз дарсамро тайёр накардам ва майор гуфт, ки ман барои насли номаш одам, бидуни такаллуф, нанге ҳастам ва ӯ худ аҳмақест, ки бо ман андармон мешавад. Майор қади начандон баланде дошт. Вай қомати худро рост гирифта, дар курсӣ менишаст ва дасти ӯ дар панҷаи дастгоҳ буд, рост ба пешорӯйи худ, ба девор менигарист ва тасмаҳое, ки ангуштонаш дар банди онҳо буданд, бо садои кунде поёну боло ҳаракат доштанд.
– Шумо пас аз тамом шудани ҷангҳо чӣ кор мекунед, агар ба шарте, ки батамом хотима ёбанд? – пурсид вай. – Танҳо грамматикаро аз ёд набароред.
– Ман ба Амрико бармегардам.
– Шумо оиладоред?
– Не, аммо умедворам, ки зан бигирам.
– Заб аҳмақиест, – гуфт майор.
Аз афташ, вай хеле ранҷида буд.
– Одам набояд хонадор гардад.
– Барои чӣ, signor maggiore?
– Маро «signor maggiore» нагӯед.
– Вале барои чӣ одам бояд зан нагирад?
– Мумкин нест зан гирифтанаш, мумкин нест! – маъюс гуфт вай. – Агар насибаи одамизод ҳамин хел аз даст додан будааст, вай набояд ин ҳамаро боз ба қимор гузорад. Вай бояд чизеро пайдо кунад, ки гум карданаш мумкин набошад.
Майор оташин сухан мекард ва бадқаҳр ба як нуқта– рост ба пеши худ менигарист.
– Вале барои чӣ вай бояд ҳатман аз даст бидиҳад?
– Аз даст медиҳад, – гуфт майор. Вай ба девор менигарист. Баъд ба дастгоҳи тиббӣ нигоҳ кард ва дасти хушкшудаашро аз чанги тасмаҳо берун оварду бо тамоми нерӯ ба пояш кӯфт. – Аз даст медиҳад! – дод зад ӯ. – Бо ман баҳс накунед! – баъд ӯ санитарро фарёд кард. – Ин дастгоҳи лаънатиро хомӯш кунед.
Вай ба хонаи дигар гузашт, ки он ҷо бо нур ва масҳ кашидан табобат мекарданд. Ман шунидам, ки чӣ хел ӯ аз духтури табобаткунанда иҷозаи занг задан пурсида, аз қафои худ дарро пӯшид. Вақте ки вай дубора ба хона баргашт, ман ба дастгоҳи дигар нишаста будам. Вай дар бар либоси боронӣ ва дар сар кулоҳе дошт. Ба назди ман омад ва дасти худро ба китфам гузошт.
– Маро бубахшед, – гуфт ӯ ва бо дасти сиҳаташ ба китфи ман маҳин зада. – Ман дағал будан намехостам. Ҳозирак завҷаам аз дунё гузашт. Бубахшед маро.
– Оҳ, Худоҷон, – гуфтам ман дарду ғами кушандаи дили ӯро дар худ ҳис намуда, – Чӣ бадбахтие.
Вай дар назди ман лабонашро ба дандон газида меистод.
– Ин хеле мушкил, – гуфт вай, – ҳеч боварам намеояд. 
Вай аз болои сари ман ба панҷара назар дӯхт. Баъд оби чашмонаш шашқатор шуданд. – Ҳеч наметавонам бовар бикунам, – гуфт ӯ ва бо ҳамин овозаш канда шуд. Баъд, вай наистода гирист, сарашро баланд бардошта, ба ягон чиз назар накарда, бо рӯйи аз ашк тар, лабонаш ҳамон дар зери дандонҳо, ҳарбиёна қомат рост гирифта, аз бари дастгоҳҳои тиббӣ қадам задаву бадар рафт.
Духтур ба ман гуфт, ки завҷаи ӯ хеле ҷавон буд ва майор пас аз он, ки куллан ба кори ҳарбӣ корношоям ҳисобида мешавад, бо ҳамин хонум издивоҷ мекунад, аммо он берӯзӣ аз маризии илтиҳоби шуш вафот кард. Беморӣ ҳамагӣ чанд рӯз идома ёфт. Касе чашм надошт, ки вай ин хел зуд ба дори ҳақ мепайвандад.
Майор се рӯз ба ҳоспитал наомад. Баъд дар соати муқаррарӣ дастбандаки сиёҳи нишонаи мотам дар остин дубора пайдо шуд. Дар ин муддат рӯйи деворҳо расми ҷароҳатҳое гузошта шуда буданд, ки пеш аз табобат ва баъди он тавассути дастгоҳҳои тиббӣ ифода мекарданд. Дар назди дастгоҳе, ки майор табобат мегирифт, се сурат овезон ва дар онҳо тасвир шуда буд, ки дасти маҷрӯҳи чун дасти ӯ пас аз муолиҷа барқарор гаштааст. Намедонам, ки духтур ин суратҳоро аз куҷо ёфта бошад. Ман ҳамеша фикр мекардам, ки бо ин дастгоҳҳо нахуст моро табобат карда истодаанд. Аммо ба майор он суратҳо ҳеч умедеро бедор намекарданд ва ӯ эътиборе надодаву аз пеши онҳо ба тиреза назар меандохт.

Аз русӣ тарҷумаи 
Шариф ХАЛИЛ

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: