Табрик
Ҳамватанони азиз!
Шумо, тамоми мардуми сермиллатро бо – Рӯзи 8 декабр – Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона муборакбод менамоям.
Конститутсия таҳкурсии мустаҳками давлатдории миллӣ ва соҳибихтиёрии мо, тамоми комёбиву марраҳои имрӯз бадастовардашуда, саъю талоши мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқии демократӣ мебошад. Ва мо ба нақши бемислу монанди Қонуни Асосӣ дар ривоҷу равнақи Ӯзбекистони азизамон баҳои баланд медиҳем.
Бешубҳа, имсол ин ҷашн, ки дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, рушди кишвар аҳамияти махсус дорад, мазмуни махсус пайдо мекунад.
Пеш аз ҳама барои он, ки дар таърихи миллии мо Конститутсия бори аввал дар таҳрири нав дар раъйпурсии умумихалқӣ, ки 30 апрели соли равон баргузор гардид, қабул шуда буд.
Аз рӯйи моҳият Қонуни асосии ҳақиқии халқӣ буда, он, бешубҳа, кафолати муҳими ҳуқуқии бебозгашти ислоҳоти васеъмиқёс, ки ба бунёди Ӯзбекистони Нав нигаронда шудааст, гардид.
Дар таърихи нави Конститутсия панҷ қоидаи асосӣ қатъӣ мустаҳкам шудаанд – Ӯзбекистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва дунявӣ ба ҳисоб рафта, мазмуни он куллан такмил дода, бобу моддаҳои нав илова карда шуданд.
Барои ноил гардидан ба мақсадҳои некамон мо тамоми меъёру тамоюлҳое, ки дар Қонуни асосӣ муайян шудаанд, ба ҳаёт татбиқ менамоем. Аҳамияти таъмини волоияти Конститутсия ва қонунҳоро дар ҷамъият амиқ дарк намуда, фаъолияти мақомоти давлатиро дар асоси шароитҳои нави конститутсиониву ҳуқуқӣ ташкил карда, мо дар ин самт ба кори мунтазам оғоз намудем. Аз ҷумла, бо назардошти қоидаҳои Қонуни асосӣ ҳамоҳангсозии қонунҳои дарамал бо меъёрҳои нави конститутсионӣ бо суръати баланд амалӣ гардонда мешаванд.
Ба ин муносибат бояд қайд кард, ки дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз 30 қонун ва санадҳои зерқонунӣ дар таҳрири нав ба Конститутсия мутобиқ карда шуданд.
Тамоюли волоияти Конститутсия ва қонунҳо – маҳакҳои асосии рушди устувор. Дар тӯли солҳои охир тамоми ислоҳоти худро мо маҳз ба ин тамоюл такя намуда, ба амал баровардем.
Тасдиқи равшан он аст, ки дар шаш соли охир дар кишвар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар, шумораи соҳибкорон 2 баробар афзуда, рушди саноат аз 40 фоиз гузашт.
Маблағҳое, ки соли ҷорӣ ба соҳаи иҷтимоӣ равона карда шуданд, 134 триллион сӯмро ташкил дода, нисбат ба соли 2016 5,6 баробар зиёд мебошад.
Натиҷаҳои ислоҳоти миқёсан васеъ ва системаноки мо дар арсаи байналхалқӣ ба таври васеъ эътироф карда мешавад. Аз ҷумла, дар тӯли солҳои охир Ӯзбекистон дар Индекси байналмилалии дарки фасод 32 зина, дар Индекси озодии матбуот 28 зина ва дар Индекси волоияти қонун 13 зина боло рафт.
Дӯстони азиз!
Мо дар шароити нави конститутсионӣ ислоҳотро оид ба таъмини манфиатҳои инсон, шаъну шарафи онҳо боз ҳам қатъитар давом медиҳем. Мувофиқи иродаи халқамон мо тамоюлҳои дар Қонуни асосӣ мустаҳкамшударо пурра дар амал татбиқ намуда, онҳоро ба ҷузъи таркибии ҳаёти худ табдил додем.
Ба ин муносибат мехостам вазифаҳои аввалиндараҷаеро, ки дар назди мо қарор доранд, қайд намоям.
Якум, чуноне ки Конститутсияи мо зикр кардааст, манбаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ халқ мебошад. Бо назардошти ин қоида ислоҳот ҷиҳати густариши иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлат ва ҷомеа пайваста идома хоҳад ёфт.
Дуюм, мо бояд ба таҷрибаи истифодаи мустақим ва бевоситаи Конститутсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият гузарем. Танҳо дар ҳамин сурат халқи мо қувва ва таъсири ҳаётбахши Қонуни асосиро амиқ ҳис карда метавонад.
Дар ин самт оид ба ҷорӣ намудани истифодаи мустақими меъёрҳои конститутсионӣ дар фаъолияти тамоми муассисаҳои давлатӣ, аз он ҷумла судҳо чораҳои амалӣ қабул хоҳанд шуд.
Сеюм, ислоҳоти суду ҳуқуқ ба соҳаи нави конститутсионӣ ҳамоҳанг карда мешавад. Дар ин ҷараён равона намудани фаъолияти мақомоти суду ҳифзи ҳуқуқ ба ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.
Чорум, ба мақсади татбиқи тамоюли конститутсионии мутаносибии таъсири ҳуқуқӣ зиёда аз 150 чунин чора дар санадҳои қонунгузорӣ пурра таҷдиди назар карда мешаванд. Аз ҷумла, ислоҳоти ҳуқуқӣ оид ба хориҷ кардани баъзе кирдорҳо аз тоифаи ҷиноятҳо ва тағйир додани намудҳои ҷазо, бекор кардани ҷавобгарии маъмурӣ, ки аз муносибатҳои шаҳрвандиву ҳуқуқӣ бармеоянд, амалӣ карда мешавад.
Панҷум, дар Конститутсияи кишвар тамоюли дахлнопазирии шаъну шарафи инсон ба таври қатъӣ мустаҳкам шудааст, аз ин рӯ мубориза бар зидди ҳама гуна амалҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯ мухолиф аст, бешубҳа, яке аз вазифаҳои муҳимтарини мо мебошад.
Дар ин самт ба ҷорӣ кардани механизмҳои самарабахши ҳуқуқии пешгирӣ намудани ин гуна ҳолатҳо, инчунин такмил додани фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Олий Маҷлис, Омбудсмани бачаҳо ва дигар институтҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи асосӣ дода хоҳанд шуд.
Шашум, мақсади асосии мақомоти давлатӣ таъмин кардани он аст, то ки инсон ва манфиатҳои ӯ, некуаҳволӣ ва зиндагии шоистаи мардум мавқеи асосиро ишғол намояд. Дар тӯли солҳои охир ба ин мақсад қариб 300 намуди хидмати давлатӣ рақамӣ гардонда, ба аҳолӣ беш аз 50 миллион хидмат расонда шуд.
Ба ин муносибат мо бояд оид ба барҳам додани саддҳои бюрократӣ дар муносибатҳои байни шаҳрвандон ва давлат, инчунин омилҳои коррупсионӣ дар ин раванд корро устуворона идома медиҳем.
Ҳафтум, мо инчунин ба масъалаи омӯхтани Конститутсия дар асоси консепсияи «Ӯзбекистони Нав – ҷамъияти маърифатнок» эътибори ҷудогона медиҳем. Парлумон Барномаи миллии амалиёт оид ба омӯзиши Конститутсияро қабул кард. Бояд ба омӯзиши Қонуни асосӣ аз кӯдакистон оғоз намуда, ба ин раванд муассисаҳои таълимии тамоми дараҷаҳо, табақаҳои гуногуни аҳолӣ, хусусан хидматчиёни давлатиро пурра ҷалб кард. Аз ин рӯ, ҳангоми қабул ба хидмати давлатӣ низоми тафтиши дониши асосҳои Конститутсия ҷорӣ карда шавад.
Ҳаштум, дар таъмини волоияти Конститутсия ва қонунҳо баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ ва мансабдорон дар назди ҷомеа аҳамияти муҳим дорад. Дар ин масъала ба дастгирии институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, дар тӯли солҳои охир шумораи созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ қариб 40 фоиз афзуд ва барои дастгирии онҳо зиёда аз 700 миллиард сӯм ҷудо карда шуд.
Дар баробари ин мо бояд назорати ҷамъиятиро ҳамчун унсури муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ пурзӯр намуда, минбаъд низ ҷиҳати дастгирии фаъолияти созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ ва амиқсозии шарикии иҷтимоӣ чораҳои мушаххаси амалиро идома диҳем.
Ҳамватанони муҳтарам!
Дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон зиддиятҳо ва низоъҳо, задухӯрдҳои мусаллаҳона тезутунд мегардад. Дар назди мо мушкилоти нав ба нав пайдо мешаванд. Дар вазъияти ҳозираи ниҳоят душвор ва ташвишовар мо бояд боз ҳам бештар муттаҳид шавем. Халқи далеру шуҷоатманди мо, ки дар таърихи худ бисёр озмоишу душвориҳои мураккабро сазоворона паси сар кардааст, бешубҳа хуб дарк менамояд, ки мо бояд аз роҳи интихобкардаамон бемайлон пеш равем.
Бовар дорам, ки дар ин роҳ Конститутсияи нави Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои мо манбаи тавонои қувват, неру ва илҳом мегардад.
Ба Қонуни асосӣ такя карда, мо якҷоя бо халқи сермиллат, саховатманду наҷиби худ – офарандаи чунин Конститутсияи нотакрор ба ҳадафҳои баланди худ ҳатман ноил мегардем.
Ӯзбекистони Навро мо якҷоя бунёд менамоем.
Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро бо Рӯзи Конститутсия аз таҳти дил табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломатӣ, сулҳу субот ва ба хонадонатон файзу баракот таманно дорам.
Бигузор, Худованди мутаъол моро дар ҳама корҳои некамон дастгирӣ кунад!
Бигузор, осмони Ватанамон софу беғубор, халқи Ӯзбекистон фараҳманд бошад!
Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.