МАҲАЛЛА – МАСКАНИ МЕҲРУ ОҚИБАТ

Дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди қабули Сарқонуни ҷумҳурӣ дар маҳаллаи Оқчангали ноҳияи Хавоси Сирдарё бинои “Маркази маҳалла” ба истифода супурда шуд.

Дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди қабули Сарқонуни ҷумҳурӣ  дар маҳаллаи Оқчангали ноҳияи Хавоси Сирдарё бинои “Маркази маҳалла” ба истифода супурда шуд.
Аз қадимулайём маҳалла маскани меҳру оқибату накӯӣ, гаҳвораи маънавиятест, ки арзишҳои милливу урфу одатҳоро аз аҷдод ба авлод мерасонад. Дар мамлакатамон маҳалла вазифаи кӯпруки ба худ хосро дар байни давлат ва ҷамият иҷро намуда, дар ба ҷомеаи васеъ расондани мазмуну моҳияти ислоҳоти васеъмиқёси амалишаванда, кушодадилӣ, мустаҳкам намудани муҳити меҳру муҳаббат, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳи эҳтиром ба арзишҳои милливу умумибашарӣ ҳиссаи беназир мегузорад.
Солҳои охир бо ташабусси Приздент ба баланд бардоштани нуфузи маҳалла ва васеъ гардондани фаъолияти он эътибори алоҳида дода мешавад. Бахусус, фармони роҳбари давлат “Дар бораи чорабиниҳои боз ҳам такмил додани институти маҳалла” ҳамчун дастуруламали муҳим дар рушди соҳа хидмат мекунад. Доир ба иҷрои фармони мазкур, бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеъ ва нақшаи институти маҳалла корҳои зиёд амалӣ мегардад.
Аз ҷумла, соли ҷорӣ  дигар маҳаллаҳои вилоят соҳиби биноҳои алоҳида гаштанд.
Дар маркази мазкур, ки дар муддати кӯтоҳ ба ивази қариб 2 миллиард сӯм бунёд гардид, нафақат барои ходимон, балки барои ҳар як шаҳрванде, ки ба ин ҷо меояд, шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Сирдарё Акмалҷон Маҳмудалиев бошандагони ноҳияро бо ҷашни хотирмон муборакбод намуда, ба  онҳо саломатӣ ва ба рӯзгорашон фаровонҳолӣ орзу намуд.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: