СОЛИ НАВ – ДАР ХОНАҲОИ НАВ

Бо саъю эҳтимоми ҳокимияти вилояти Қашқадарё ба як гурӯҳ бачаҳои ятим ва бепарастори қаламрав хонаҳои алоҳида дода шуданд, ки дар арафаи Соли нав тӯҳфаи арзандае гашт.

Калиди хонаҳои навро ҳокими вилояти Қашқадарё Муротҷон Азимов дар тантанаи хосе ба ин бачаҳо супорид, ки боиси хурсандии бемисли онҳо гардид. Кунун 38 нафар бачаҳое, ки ба муҷибе волидони худро аз даст додаву ба ҳукми тақдир комилан ятим монда буданд, Соли навро дар хонаҳои нав пешвоз хоҳанд гирифт. Ин мурувват дар чаҳорчӯби иҷро намудани талабҳои Қарори Президент  дар амал татбиқ гардиданд, ки «Дар хусуси таъмини сохтори нави ҷорӣ намудани чораву тадобир аз ҷониби давлат барои дастгирии бачаҳои ятим ва парасторони худро гумкарда» ном дорад.
М. Азимов гуфт, ки ҳукумат ҳамеша аз ҳоли бачаҳои ятиму бепарастор огоҳ аст ва дар ҳалли мушкилоти рӯзгори онҳо кумакҳои худро дареғ намедорад.
Яке аз ҷавондухтарони соҳиби хонаи нав гардида бо исми Муниса Тошниёзова гуфт:
– Аз эътибори ҳукумат, хоса роҳбари давлат ба ҳаёти ятимон хеле мамнун ҳастам ва ин тӯҳфа бешак зиндагии манро ба сӯйи нишот кашида, ғаму кулфати ҷудоӣ аз волидонро коҳиш медиҳад. 
Вай ваъда дод, ки барои халқу Ватанаш, ки дар рӯзҳои сахт барояш ин хел шароит фароҳам овардааст, сидқан меҳнат хоҳад кард ва чунин армуғони арзишмандро як умр дар хотир нигаҳ медорад.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси ҳукумат 1-уми июни соли ҷорӣ дар рӯзи таҷлили Иди байналмилалии бачагон ҳам 30 нафар бачаҳои ятиму парасторони худро гумкардаи вилоят бо хонаҳои нави замонавӣ таъмин карда шуда буданд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.  
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: