22 январ соати 23:08 ба вақти Тошканд (22 январи соли 2024, соати 18:08 аз рӯи Гринвич) дар минтақаи марзии Чину Қирғизистон заминларза рух дод.
Бино ба маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, шиддати заминларза дар маркази заминларза 7 дараҷа, умқи он 15 километр ва масофа аз маркази заминларза то Тошканд дар самти ҷанубу шарқӣ 862 километрро ташкил додааст.
Қувваи заминларза дар қаламрави Ӯзбекистон:
Вилояти Андиҷон: 3-4 балл, 602 км.
Вилояти Фаргона: 3-4 балл, 656 км.
Вилояти Наманган: 3-4 балл, 657 км.
Тошканд: 3 балл, 862 км.