ҲЕЧ КАС БЕ ҲУҶҶАТ НАМЕМОНАД

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ташаббуси Агентии хидматҳои давлатии назди Вазорати адлияи ҷумҳурӣ доир ба сарҳисоби соли гузашта ва иқдоми ҳуқуқии «Ҳеч кас бе ҳуҷҷат намемонад» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбари Департаменти вазорати адлия Санҷар Абдуллоев таъкид кард, пӯшида нест, ки ҳоло шаҳрвандон ҳар рӯз ба ин ё он муаммо ва мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Ва мехоҳанд дар муддати кӯтоҳ онро ҳал намуда, бо кору фаъолияташон машғул шаванд. Ҷоизи қайд аст, ки солҳои охир дар мамлакат аз ҷониби Президент ва ҳукумат бобати бартараф намудани мушкилоти аҳолӣ, фароҳам овардани қулайиҳои мусоид ба шаҳрвандон, ташкил намудани мулоқоти намояндагони мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ, расондани хидматҳои давлатӣ ва ғайра корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Пас аз қабул шудани фармони Сарвари давлат «Дар бораи чораҳои куллан ислоҳсозии низоми  хидматрасонии давлатӣ ба аҳолӣ» дар назди Вазорати адлия Агентии хидматҳои давлатӣ ташкил шуд. Навиштаҷоти «Шаҳрвандон не, ҳуҷҷатҳо амал мекунанд» шиори агентӣ гардид. Фаъолияти садоратҳои агентӣ дар вилоятҳо ва марказҳои хидматҳои давлатӣ дар назди қабулгоҳҳои халқии тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуданд. 
Агар аз оғози фаъолияти марказҳои хидматҳои давлатӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ бино бар беш аз 50 намуди хидматҳои давлатӣ, ҷамъ 14 ҳазору 700 муроҷиат расида бошад, ин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ, яъне ба ҳолати даҳуми феврал 4 ҳазору 507 муроҷиатро дар бар мегирад. 
Дар соли 2023 тавассути марказҳо 77 намуди хидматрасонӣ ҷорӣ карда шуд, ки шумораи умумии онҳо ба 335 адад расид. Ба шаҳрвандон соли гузашта бо воситаи марказҳо зиёда аз 13,2 миллион хидмати давлатӣ расонида ва равандҳои пешниҳоди 48 хидмати давлатӣ сода карда шуд.
Аз ҷониби Вазорати адлия соли 2024 ба нақша гирифтаанд, ки тамоми хидматрасониҳо дар асоси принсипи «3 қадам» ва 100 намуди хидмати давлатӣ сода карда мешавад.
Яке аз иштироккунандагони чорабинӣ Азиз Мухторов савол ба миён гузошт, ки барои чӣ  иқдоми ҳуқуқии «Ҳеч кас бе ҳуҷҷат намемонад» соли ҷорӣ ташкил гардид.
— Дар маҳаллаву ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ҳангоми таҳлили қабулҳои сайёр, ки аз ҷониби Вазорати адлия омӯхта шуд, ошкор гардид, ки муроҷиатҳои надоштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шаҳрвандӣ низ бисёранд. Боиси бартараф кардани ин гуна мушкилоти шаҳрвандон, иқдоми ҳуқуқӣ аз 20 январ то 20 март амалӣ мегардад, — гуфт роҳбари шуъбаи вазорат Файз Алиев.
Дар поёни чорабинӣ Санҷар Абдуллоев илова кард, ки мувофиқи фармони Президент барномаи чораву тадбирҳо доир ба амалӣ гардондани рӯйхати хидматҳои давлатӣ, ки фақат тавассути марказҳои хидматҳои давлатӣ тибқи тамоюли «Равзанаи ягона» давра ба давра тӯли солҳои 2023-2025 татбиқ мешаванд, тасдиқ гардидааст. Алҳол дар ин марказҳо ба аҳолӣ мувофиқи талаботи замон ва технологияҳои инноватсионӣ хидматҳои давлатӣ расонда мешаванд. Баъди пурра кор кардани низоми мазкур дигар шаҳрвандон идора ба идора намегарданд, балки ҳуҷҷатҳо амал мекунанд. 

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: