ЗАҲИРИДДИН МУҲАММАД БОБУР

Заҳириддин Муҳаммад Бобур 14 феврали соли 1483 дар шаҳри Андиҷон дида ба дунё кушодааст.

Падараш Умаршайх Мирзо ҳокими вилояти Фарғона буд. Бобур писари Умар Шайх, абераи Амир Темур аст. Модари Бобур Қутлуғ Нигорхонум духтари дуюми хони Муғулистон ва ҳокими Тошканд Юнусхон мебошад. Юнусхон авлоди 12-уми бевоситаи Чингизхон ба шумор меравад. Бобур аз ҷониби модар насли 14-уми Чингизхон маҳсуб мешавад.
Умар Шайх соли 1494 тасодуфан аз баландие ба поён сарозер афтода ҳалок мегардад. Бобур Мирзои 12-сола, бино ба таомул, ба ҷойи падараш ҳокими вилояти Фарғона таъин мегардад.
Бобур умри худро дар гирдоби муборизаҳо барои тахт гузаронд. Мақсади асосиаш — аз нав ба давлати муқтадири мутамарказ табдил додани Мовароуннаҳр, ба ин васила, барҳам додан ба ҷангҳои хурд ва барқарор кардани салтанати Амир Темур буд. Барои ин бояд Самарқандро, ки аз ҷиҳати стратегӣ ва ҷуғрофӣ басе муҳим буд, ба даст медаровард.
Бобур Самарқандро се бор ба даст даровард. Бори аввал соли 1497, баъди ҳафт моҳи дар муҳосира нигоҳ доштани шаҳр, онро тасхир кард. Ӯ 13-умин темуризода буд, ки ба тахти соҳибқирон нишаст. Вале Бобур Самарқандро ҳамагӣ 100 рӯз идора карда тавонист.
Бори дуюм, тирамоҳи соли 1500 мусаххар кард. Вале ин пирӯзӣ низ дер напоид. Дар ҷанги моҳи апрели соли 1501 лашкари Бобур ақибнишинӣ кард. Сарбозони Шайбонихон 4 моҳ лашкари ӯро дар муҳосира нигоҳ доштанд. Дар ниҳояти кор Бобур пойтахтро тарк кард.
Бори сеюм, баъди ба қатл расонидани Шайбонихон (1510) Бобур бо шоҳи Эрон — Исмоил Сафавии I забон як карда, моҳи октябри соли 1511 Самарқандро ба даст даровард. Вале ин бор аҳолӣ иттифоқи ӯро бо эрониёни шиамазҳаб напазируфт. Баъди 7 моҳ боз аз Шайбониён шикаст хӯрда, маҷбур шуд самти Ҳисор фирор кунад. Соли 1512 баъди шикаст дар ҷанги Ғиждувон маҷбур шуд, ки ба Кобул баргардад.
Баъзе мутахассисон бар онанд, ки баъди ин ҳодиса, ӯ аз баҳри Мовароуннаҳр баромад. Ҳол он, ки ин фикр нодуруст аст. Бобур як умр бо ёди ба даст даровардани Ватани худ — Мовароуннаҳр ба сар бурдааст. Ӯ дар номаи 1,5-2 сол пеш аз марг ба фарзанди калонӣ — Ҳумоюн ирсолдоштааш, аз ҷумла изҳор намудааст, ки баъди ба охир расондани корҳои Ҳиндустон, нияти ба Мовароуннаҳр лашкар кашиданро дорад: «Оё метавон латофати он вилоётро фаромӯш кард? Алалхусус, харбуза ва ангури он ҷоро, ки сабаби рӯшании дил аст, чӣ хел метавон аз ёд бурд?!» Воқеан, боре баъди хӯрдани харбузаи аз ватан интиқолдодашуда, Бобур ғайриихтиёр гиря карда будааст.
Тӯли солҳо саъю кӯшиши Бобур барои дифоъ ва ҳифзи салтанати темуриён барабас рафт. Ба хотири тасхири Самарқанд Андиҷонро аз даст дод. Дар ниҳояти кор ӯ моҳи июни соли 1504 Мовароуннаҳрро тарк намуда, бо 200-300 нафар навкар тавассути кӯҳҳои Ҳисор роҳи Афғонистонро пеш гирифт.  Ин минтақа низ дар асл зери тасарруфи салтанати темуриён буд.
Бобур дар Афғонистон давлати муқтадире барпо кард. Сиёсати оқилона ва одилонаро ба роҳ монд. Фармонфармои Хуросон Ҳусайн Бойқаро соли 1506 барои муттаҳид сохтани нируҳои Темуриён бар зидди Шайбониён Бобурро низ ба шӯрое, ки бояд дар Ҳирот баргузор мешуд, даъват кард. Вале дар ин фосила Ҳусайн Бойқаро ғайричашмдошт вафот кард. Бо вуҷуди ин, Бобур ба Ҳирот омада бо ду вориси тахти ӯ — Бадеуззамон Мирзо ва Музаффар Мирзо музокира анҷом дод. Дар Ҳирот чанд рӯз дар хонаи Навоӣ ба сар бурд.
Орзуи ба давлати бузург табдил додани мамлакат Бобурро ором намегузошт. Барои ин қудрат лозим буд. Мехост Ҳиндустонро ба даст дарорад. Писари хурдиашро Ҳиндол («ҳинд» ва «ол») номидааст, ки басе рамзист. Ин аст, ки соли 1507 ба Ҳиндустон лашкар кашид. Вале дар тохти аввал комёб нагардид.
 Бобур тӯли солҳои 1519-1526 панҷ маротиба ба Ҳиндустон ҳамла кард. Ниҳоят дар тохти панҷум, яъне моҳи апрели соли 1526 ба рақиби асосиаш, султони Деҳлӣ – Иброҳими Лӯдӣ, ки 100 ҳазор нафар лашкар дошт, ҳамагӣ бо 12 ҳазор сарбоз пирӯз омад. Дертар саркардаи бузурги Ҳинд Рано Сангоро низ мағлуб кард. Ба ин тариқ, ин сарзаминро то қисмати Бангола ба тасарруфи худ даровард, шаҳри Аграро ба сифати пойтахт пазируфт ва дар ин мамлакати бузург ба сулолаи Бобуриён асос гузошт. Ин сулола Ҳиндустонро 332 сол (1526-1858) идора кард.       
Бобур дар Ҳиндустон худро на «амир», «хон» ё «мирзо», балки «подшоҳ» эълон кард. Шайбониён вақте ба Мовароуннаҳр ва Хуросон ҳамла оварданд, иддао доштанд, ки «Темуриён соҳиби ғайриқонунии тахт мебошанд, яъне онҳо аз насли Чингизхон нестанд, биноан ҳуқуқи ҳукумат карданро надоранд, мо бояд тахти бобоямон Чингизхонро аз онҳо кашида гирем». Шайбонихон, воқеан, авлоди бевоситаи  Чингизхон буд. Бобур низ аз ҷониби модар авлоди бевоситаи Чингизхон маҳсуб мешуд. Ҳарчанд Амир Темур пештар Ҳиндустонро забт карда буд, Бобур хост, ки аҳолии ин мамлакат ӯро ба сифати авлоди Чингизхон бипазирад. Ин аст, ки баъзе олимони Ғарб  дар манбаъҳо давлатдории бобуриёнро «империяи бузурги муғулҳо» номидаанд.
Бобур бо асари худ «Бобурнома» дар дунё машҳур шудааст. Ин асари ёддоштӣ дар байни солҳои 1518/19 - 1530 таълиф шуда буд, ки пур аз маълумоти муҳим, ҳодисаҳои реалӣ, муносибат ва хулосаҳои мантиқист. Дар асар ном, зиндагинома ва фаъолияти  1 ҳазору 596  нафар, ҳамчунин номи 854 макону мавзеъҳои Мовароуннаҳр, Хуросон, Афғонистон, Ҳиндустон ва маълумоти ҷуғрофӣ доир ба он мавзеву маконҳо оварда шудааст. Ғарб дар қарни сипаригардида барои забт кардани сарзамини мо аз ин асар тавассути тарҷума баҳра бурд. Мо бошем, лоақал барои ҳифзи кишвари  худ тӯли асрҳо аз ин асар баҳра набурдем. Имрӯз низ аксарият ин асарро нахондаанд...
Бобур намояндаи тариқати  нақшбандия – инсони дар сурат шоҳ, дар сират дарвеш буд. Боре ӯро душман дар деҳаи Карнон, воқеъ дар кӯҳсори  Ғоваи ноҳияи Чусти вилояти Намангон, муҳосира мекунад. Адӯ барои дастгир кардани ӯ чор нафарро мефиристад. Бобур маргро ба гардан гирифта, пеш аз ба Ҳақ пайвастан, мехоҳад ду ракъат намоз бигузорад. Вақти сар ба саҷда гузоштан хобаш мебарад. Дар хоб Хоҷа Аҳрорро мебинад, ки мегӯяд: «Ҳоло дар ин лаҳзаҳо фатҳ бар ҷониби туст. Бедор шав!». Ин ҳангом Бобур аз ҷо хеста, ба омадагон садо баланд мекунад: «Ку бубинем, кадоме аз шумо ба ман наздик мешавад!». Ин ҳангом садои пойи аспҳо ба гӯш мерасад. Бобур фикр мекунад, ки душман барои дастгир кардани ӯ қувваи иловагӣ фиристодааст.
Аҷобат дар он, ки дар як вақт дӯсти содиқи ӯ – Қутлуғ Муҳаммади барлос низ Хоҷа Аҳрори Валиро дар хоб дида буд. Хоҷа ба ӯ мегӯяд: «Бобур ҳоло дар кенти Карнон аст. Ӯро бо худ биёр, маснади подшоҳӣ мутааллиқ ба ӯст».
Бобур вақте 47 сол дошт, барои писараш ҷони худро нисор мекунад, ки ин ҳам ба тасаввуф иртиботе дорад. Зиндагинома ва эҷодиёти шоир бе ин таълимот тасаввурнопазир аст. Дар урфият мегӯянд, ки бемори вазнине агар дар роҳи Худо ягон чизи азизашро қурбон кунад, ҷон ба саломат мебарад. Аз ин рӯ, Бобур ба писараш Ҳумоюн, ки бемори вазнин буд, бе ҳеч дудилагӣ ҷонашро садқа кард, ки писар рӯ ба беҳбудӣ овард, вале падар бистарӣ шуд.
Ба ин минвол, Бобур дар сари зиндагиаш тахтро ба писараш – Ҳумоюн супурд ва 26 декабри соли 1530  дар Агра ба Ҳақ пайваст.  Ӯро аввал дар ҳамин шаҳр ба хок супурданд. Дертар, бино ба васияташ, соли 1539 наберааш Шоҳ Ҷаҳон ҷисми ӯро ба Кобул оварда, дар Боғи Бобур ба хок супурд.
Ҳар сол моҳи феврал дар кишварамон чорабиниҳои бобурхонӣ баргузор мешаванд. Донишгоҳи давлатии Андиҷон, театр, китобхона, боғи маданият ва истироҳатии ин шаҳр ба номи Бобур гузошта шудаанд. Дар боғи Бобур осорхонаи «Бобур ва фарҳанги ҷаҳон», мақбараи рамзӣ ва пайкараи шоир мавҷуд аст. Яке аз кӯчаҳои марказии Андиҷон, кӯча ва боғи истироҳати Тошканд ва боғи истироҳатии шаҳри Хонободи вилояти Андиҷон номи ӯро дорад. Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон медалеро бо номи Бобур таъсис додааст. Аз соли 1993 инҷониб Бунёди байналхалқии Бобур фаъолият дорад. Бунёд бино ба бобуршиносӣ мукофоти байналхалқие таъсис додааст.

Султонмурод ОЛИМ,
Ходими шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: