ДУ ҒАЗАЛ
Саъдии ШЕРОЗӢ
(1184 — 1292)
ДУ ҒАЗАЛ
Бигзор, то бигирям чун абр дар баҳорон,
К-аз санг нола хезад рӯзи видои ёрон.
Бо сорбон бигӯед аҳволи оби чашмам,
То бар шутур набандад маҳмил ба рӯзи борон.
Ҳар к-ӯ шароби фурқат рӯзе чашида бошад,
Донад, ки сахт бошад қатъи умедворон.
Бигзоштанд моро дар дида оби ҳасрат,
Гирён чу дар қиёмат чашми гуноҳкорон.
Чандон, ки баршумурдам аз моҷарои ишқат,
Андӯҳи дил нагуфтам, илло як аз ҳазорон.
Ай субҳи ҳамнишинон, ҷонам ба тоқат омад,
Азбаски дер мондӣ чун шоми рӯзадорон.
Саъдӣ, ба рӯзгорон меҳре нишаста бар дил,
Берун наметавон кард, илло ба рӯзгорон.
Чандин кунам ҳикоят, шарҳ ин қадар кифоят,
Боқӣ наметавон гуфт, илло ба ғамгусорон.
***
Дилам то ишқбоз омад, дар ӯ ҷуз ғам намебинам,
Дили беғам куҷо ҷӯям, ки дар олам намебинам.
Даме бе ҳамдаме хуррам зи ҷонам барнамеояд,
Даме бо ҷон барояд, чунки як ҳамдам намебинам.
Маро розест андар дил ба хуни дида парварда,
Валекин бо кӣ гӯям роз, чун маҳрам намебинам.
Қаноат мекунам бо дард, чун дармон намеёбам,
Таҳаммул мекунам бо захм, чун марҳам намебинам.
Хушову хуррамо он дил, ки ҳаст аз ишқ бегона,
Ки ман то ошно гаштам, дили хуррам намебинам.
Нами чашм обрӯйи ман бибурд, азбаски мегирям,
Чаро гирям, к-аз он ҳосил бурун аз нам намебинам?
Кунун дам даркаш, ай Саъдӣ, ки кор аз даст берун шуд,
Ба уммеди даме бо дӯст в-он дам ҳам намебинам.
Абдулло РАҲМОН
МЕРОС
Намебахшад Худо он бандаашро,
Ки рӯ тобад зи лафзи модари худ.
Барои мансабеву шуҳрату шаън
Кунад пинҳон зи мардум гавҳари худ.
Чи хуб донанд мардум миллати ӯ,
Валекин ӯ худ аз он мекунад ор.
Мабодо аслу наслашро бипурсӣ
Ба рӯят бингарад чун бар гунаҳкор.
Забондонӣ чи хуб аст, эй бародар,
Агар сад лафзро донӣ чӣ беҳтар.
Вале бо лафзи модар тифли инсон,
Забонеро насозад беҳ, баробар.
Барояш гар бувад модар муқаддас,
Насозад аз забонаш нанг ҳаргиз.
Зи модар як забон мерос монад,
Дигар моли падар бошад ҳама чиз.
Касе, к-аз лафзи модар рӯй тобад,
Дигар аз ӯ чӣ мехоҳӣ ту виҷдон?
Надорад ҳар кӣ лафзи модараш дӯст,
Чи сон онро ту мегӯӣ баимон?
Шавад ҳар кӣ забонгумкарда, аммо,
Худоё, кошкӣ шоир набошад.
Суханро ҳам кунад чун модараш хор,
Худашро беғалат одам тарошад.
Фақат манқурт аз модар кашад даст,
Фақат девона нашносад падарро.
Фақат оқи падар – модар шуморад,
Аз эшон бартар ашхоси дигарро.
Бишӯрад беш фарзанди ҳаромӣ,
Аз ӯ гар аслу наслашро бипурсанд.
Вале фарзанди одам гар ҳалол аст,
Падар бошад гадо ҳам ҳаст хурсанд.
НА, ҲАМЕША БА КОРИ ХУД БАНД БУД
Духтараки чорсолае дар таксӣ назди марде нишаста буду қанд мехӯрд.
Мард гуфт:
– Магар намедонӣ, ки қанд ба саломатӣ зарар дорад?
Духтарак ба ӯ нигоҳе афканду гуфт:
– Падарбузургам, Худо раҳматаш кунад, 115 сол умр дид.
Мард бо тааҷҷуб пурсид:
– Ба сабаби қанд хӯрдан?
Гуфт:
– На! Чун ҳамеша ба кори худ банд буду ба дигарон коре надошт.
Мардро ҷавоби духтарак то ҳадде мафтун кард, ки тӯли се рӯз ба умқи ин суханҳо фурӯ рафт.
Таҳияи А. КОМРОН.