ОМОДАГӢ БА КИРМАКПАРВАРӢ

Кирмакпарварӣ ҳарчанд як моҳ давом мекунад, корест пурмашаққат.

Аз соҳибкор сабр ва бедорхобии шабонарӯзиро тақозо дорад.

Сайёра Набиеваи навбаҳорӣ аз овони наврасӣ ба кирмакпарварӣ рағбат дошт.
Айёми кирмакпарварӣ ба ҳамсоя ва қарибону наздикон кӯмак мерасонд. Азобу заҳмати кирмакпарвариро хуб дарк карда ва аз ҳамон давр оташаки заҳмати кирмакпарвариро дар қалби худ фирӯзон карда буд. Бонуи дар меҳнат обутобёфта 22 сол мешавад, ки ба хоҷагии фермерии «Ибодбобо» роҳбарӣ мекунад. Хоҷагии мазкур нафақат ба истеҳсоли ғаллаю пахта, балки ба чорводорию кирмакпарварӣ низ ихтисосонида шудааст.
– Агар 20 сол боз дар хоҷагии деҳот фаъолият дошта бошам, 15 соли охир пайваста кирмакпарварӣ мекунам, – мегӯяд Набиева. – Хоҷагиамон як гектар майдони тутзор дорад. Ҳар сол аз кирмакпарварӣ даромади хуб мегирем. Сарвари давлатамон ба соҳаи кирмакпарварӣ беш аз пеш эътибор медиҳад. Ба кирмакпарварон имтиёзҳои зиёд дода шудааст. Барои як моҳи кирмакпарварӣ додани собиқаи яксолаи корӣ имтиёзест арзанда. Ба наздикӣ Сарвари кишвар нархи маҳсулоти кирмакпарвариро 25 фоиз зиёд намуд, ки ин низ як имтиёз аст барои кирмакпарварон.
Зимни суҳбат С. Набиева гуфт, ки кирми пилла тозагӣ ва озодагиро тақозо дорад. Хонаи кирмакпарварӣ бояд  ҳарорати доимии якхела  дошта бошад. Ин сухану андешаҳо дар семинари илмӣ-амалӣ, ки бахшида ба кирмакпарварӣ дар Маркази ҷавонони шаҳри Навоӣ баргузор гардид, садо доданд.
Ин тадбир ба мақсади бо шуғл таъмин намудани бонувони хонанишин гузаронида шуд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: