Хайриддин СУЛТОН
1. «Номи додараш чӣ буд?»
Адабиётшинос, профессор Умаралӣ Норматов инсоне буд нармдил ва нармсухан.
Домулло рӯзе дар шуъбаи ғоибонаи факултаи филологӣ аз донишҷӯён имтиҳон мегирифтааст. Зани миёнсоле ба ягон савол ҷавоб дода натавониста, ғарқ ба дарёи хиҷолат аст. Ба либоси одӣ ва қиёфаи аз пардоз холии зан разм монда, устод фаҳмидааст, ки вай аз деҳа. Аздусар ду-се фарзанд дорад, ба замми ин ҳомила менамояд.
Ба донишҷӯе, ки мулзам метофт, тараҳҳумомез нигариста, бо илоҷе «се» монданӣ шудааст.
– Хоҳарам, саросема нашавед, – даҳон кушодааст Умаралиака, – дида истодаам, тайёрӣ дидаед, андак дар ҳаяҷонеду халос. Ман ба шумо як саволи одӣ медиҳам, ҷавоб диҳед шуд, аз имтиҳон мегузаред, хуб?
– Раҳмат, – гуфтааст донишҷӯ саросема.
– Канӣ, гӯед, повести «Афсонаҳо аз гузаштаҳо»-и Абдулло Қаҳҳорро хондаед? – пурсидааст устод.
Зан фикр карда мондааст. «Нахондаам» гӯяд аз имтиҳон меафтад, «хондаам» гӯяд...
– Хондаед, албатта, хондаед, албатта, хондаед, – гуфтааст Умаралиака ба ӯ тасаллӣ дода, – ин асар дар барномаи мактабӣ ҳам ҳаст. Хуб, қаҳрамони асосии қисса чӣ ном дошт?
Яке аз ҳамкурсон, ки дар аудитория менишаст, ба домулло нафаҳмонда, оҳиста ба портрети дар девор овезони Абдулло Қаҳҳор ишора кардааст.
– Абдулло Қаҳҳор, – гуфтааст донишҷӯ ба обу арақ ғарқ шуда.
– Ҳа, бале. Гуфтам-ку, хондаед, медонед, – домулло мамнун шудааст. – Хуб, акнун гӯед, қаҳрамони асосӣ як додар дошт, чӣ буд номи кӯдак?
Зан бо ҷабини пурчин боз дурудароз ба фикр рафтааст.
– Ба ёд оред, ба ёд оред, – кӯмак кардан хостааст домулло. – Додари хурдсолаш бемори вазнин, табиб мефармояд оби ҷигар, кабобро ба даҳонаш чаконанд. Ба хотиратон расид? Вале ҳарчанд сахт ҳаракат карданд падару модараш, кӯдаки бечора бо азоб ҷон таслим кард... Хӯш, номи ана ҳамон қаҳрамон чӣ буд?
Зани донишҷӯ имдодталаб ба атроф нигаристааст. Ҳамон ҳамкурс оҳиста ба домулло ишора кардааст. Зан нобоварона ба вай бо нигоҳи суол нигарад, ҳамкурсаш бо сарҷунбонӣ сухани худро тасдиқ кардааст.
– Хӯш, ёфтед? – пурсидааст Умаралиака.
– Ёфтам, ёфтам! – гуфтааст бо шодӣ донишҷӯ.
– Хӯш, чӣ будааст номи ҳамон қаҳрамони шӯрпешонӣ?
Зан бо тантана:
– Умаралӣ Норматов! – гӯён хитоб кардааст.
Касе, ки «Афсонаҳо аз гузаштаҳо»-ро хондааст, медонад: номи қаҳрамон ҳақиқатан ҳам Умаралӣ, вале Умаралӣ Норматов нест.
2. Дузд
Рассоми мардумии Ӯзбекистон Чингиз Аҳмаров аз рӯйи кор ба нашриёт омада меистод. Дафъае бо қиёфаи маҳзун шикоят намуд:
– Шаб ба квартираам дузд даромадааст. Ман дар статсионар муолиҷа мегирифтам, чун фаҳмидааст хона беодам, дарро шикаста даромадааст.
– Хайрият худатон набудаед, – гуфтам таскиномез, – набошад як кору ҳол мешуд...
Ба милиса хабар надодед?
– Ҳа, бо сагаш омада санҷида рафт, – гуфт Чингизака.
– Бисёр чиз бурдааст?
– Соат, қошуқи тилло, вилка-корд, ваза барин чизҳо нест. Як плашро ҳам бурдааст. Хеле картинаҳо доштам, аз чӣ бошад, ба онҳо даст нарасондааст, – гуфт рассом бо оҳанги андӯҳ.
– Э, дузд картинаатонро ба сараш мезанад? – гуфтам ман аз содагӣ.
Чингизака бесухан аз ҷо бархест ва сардакак хайрухушкунон, аз хона баромад.
Баъд фаҳмам, ҳар як рассом дар дил орзу мекардааст асари офаридаашро бидузданд, ин ба вай обрӯ ва шарафи калон ҳисоб мешудааст.
3. «Телефон кор мекунад – гӯш кор намекунад»...
Дар солҳои охири ҳаёташ Чингизака дастнависи китоби хотираҳояшро ба нашриёт оварда супурд. Ба ӯтоқи корӣ таклиф кардам.
Чой рехта додам.
Устод-мусаввир барои ба ошёнаи чаҳорум пиёда баромаданаш каме монда шудааст. Раҳмат гуфта чойро нӯшид.
Баъд аз саломатиаш шикоят кард, гӯшаш нағз нашуниданашро низ гуфт.
Ба вай раҳмам омада:
– Чингизака, овора шуда ба нашриёт омада нагардед. Чӣ фикратон бошад, бо телефон гӯед. Ман ҳам гапам бошад, занг мезанам, хуб? – гуфтам. – Дар хона телефон кор мекунад?
Чингизака каф ба паси гӯшаш ниҳода пурсид:
– Лаббай?
– Телефон кор мекунад-мӣ, мегӯям? – гуфтам садоямро баландтар карда.
– Ҳа-а... Телефон кор мекунад – гӯш кор намекунад, – гуфт рассом бо ханда.
4. Ветнам. «Атматов»
Оиди он ки Чингиз Айтматов чӣ тавр шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, ҳоҷати сухан нест. Ман фикр мекардам адиб назар ба Қирғизистон дар Ӯзбекистон бештар машҳур аст. Вале соли 1985 бо намояндагии адибони шӯравӣ ба Ветнам рафта донистам, ки Айтматовро дар он ҷо аз ӯзбекистониён ҳам бештар дӯст медоранд. Мана исботаш.
Дар меҳмонхонаи Ханой, ки мезистем, Лан ном духтари зебое офитсиантӣ мекард. Рӯзе ба вай значоке туҳфа намудам, ки дар он Самарқанд тасвир ёфта буд. Вақте тарҷимон гуфт, ки ман аз Ӯзбекистон, чашмони пешхидматдухтар дурахшиданд. Вай гул-гул шукуфт ва «Атматов!» гуфт.
Воқеаи дувум дар Ҳошимин рӯй дод. Мухбири рӯзномаи ҷавонони шаҳр Нгуен Чон Кук ба як давраи адабӣ барои гирифтани интервю омад. Давра васеъ, дуямон паҳлӯи ҳам нишастаем. Аз он ки мутарҷим дар он тарафи давра буд, ҳар ду лабхандзанон бесухан менишастем. Ниҳоят, ӯ дастамро сахт фишурд ва «Киргизстан, Атматов!» гуфт. Ман хандида сар ҷунбондам.
«У!» гуфт вай бо ҳайрат, баъд хитоб намуд:
«Эдигей!» Ман гуфтам: «Авдий». «У, Ҷамила!» гуфт ӯ. «Танабой» гуфтам ман. «У-у, Момун!» гуфт вай. «Урозқул» гуфтам ман.
Хуллас, ҳамин тариқ мо номи қаҳрамонҳои Айтматовро такроркунон, «суҳбат»-и дилкаш оростем.
Дар ҳамин вохӯрӣ журнали адабиеро нишон доданд, ки дар он романи «Кунда» ба ветнамӣ тарҷума шуда буд. Аз чӣ бошад тарҷума аз қисми дувуми асар оғоз меёфт. Таҳпурсӣ кунем, ноширон бо лабханд эзоҳ доданд: ба тарҷумон даставвал ҳамин қисми роман афтодааст, зуд баргардонда, ба чоп додааст. Баъд қисмҳои дигарро ёфта, тарҷума намудааст...
5. «Танка»
Ҳикояи собиқ директори киностудияи «Ӯзбекфилм» Файзираҳмон Усмонов:
– Рӯзе роҳбарияти «Ӯзбеккино» супориш дод зуд ба Қароқалпоқистон равед, «Танка» ном филми бадеӣ ба сурат бардошта мешавад, тайёрӣ бинед.
Ёрдамчиёнро гирифта, ба Нуқус парвоз кардам. Бинобар камии вақт ба хондани сенарий дастам нарасид. Аз номи асар фикр кардам кино дар мавзӯи ҳарбӣ бошад даркор. Ба округи ҳарбии он ҷо нома навишта, ба дасти худам бурда супурдам, генералро мешинохтам, одами хуб, илтимосамро, ки кӯмак мепурсидам, рад накард. Панҷ-шаш танк, БТР, БМП барин мошинҳо, аслиҳа, воситаҳои пиротехникӣ дар Нуқус омода гашт. Барои ҳар эҳтимол як баталон аскар низ дар ҳолати омодагист.
Нисфишабӣ телефон занг зад. Саросема бардоштам. Роҳбари дар Тошканд будаам Мурод Муҳаммад Дӯст будааст. «Эй Файзираҳмон, Нуқусро ба воҳима афтондаед, чӣ балоро сар кардед?» Гуфтам: «Мувофиқи супоришатон ба сёмкаи «Танка» тайёрӣ мебинем» гуфтам хоболудона. Муродака аввал хандид, баъд коҳишомез: «Эй, амон бошед, ба сенария ақаллан чашм надавондед? Зуд ба ҳарбиҳо «отбой» диҳед, гуфт.
Баъд сенарияро кушода хонам, он аввалин филми бадеии қароқалпоқӣ, мазҳака будааст. «Танка» воситачӣ, ҳомие будааст, ки кори одамонро буд мекунад...
6. «Хонаи мо ба политбюро монанд аст»
Аз чӣ бошад директори хона-музей зуд-зуд нав шуда меистод.
Асное музей боз бероҳбар монд, Кибриёапа дар статсионар муолиҷа мегирифт.
Рӯзе вай ба корхонаам сим зада:
– Хонаи мо ба политбюро монанд шуда монд, – гуфт хандаомез.
– Яъне? – гуфтам мазмуни сухани ӯро дуруст нафаҳмида.
– Яъне саркотиб вафот кунад, дар политбюро барои соҳиб шудан ба ҷояш зуд ҷанҷолу кашокаш сар мешавад-ку, ба ҳамин монанд ходимони музей лавозими директориро талош мекунанд. Дар берун ҳам талабгорҳо мавҷуд. Баъзеҳо ба вазорат, баъзе ба идораи боз баландтар метохтаанд. Ҳатто баъзе нодонҳо назди ман меоянд. Намедонанд, ки дунё бевафо, кошкӣ ман як чизро ҳал кунам, – гуфт апа.
Бо ҳазлу мутоиба хайрухуш намудем ва тақрибан баъди ду соат Кибриё Қаҳҳорова худаш гуфтагӣ дунёи бевафоро тарк намуд...
7. «Дасти шеър менавиштагиаш не»
Ба идораи маҷаллаи «Муштум» барои дидани устод Неъмат Аминов рафта меистодам. Ӯву шоири суруднавис, иштирокдори фронт Зоҳидҷон Обидов, ки бо асобағал мегашт, дар як хона менишастанд.
Рӯзе ба редаксия рафта нигарам, мизи ҳамхонааш холӣ. Сабаби инро Неъматака нақл кард:
– Зоҳидҷонака дар манзилаш ба асобағал такякунон бо як дӯсташ телефонӣ суҳбат мекардааст. Дӯсташ латифаи аҷибтар гуфтааст аз афт, сахт хандида, якбора мувозинатро гум карда афтидааст. Дасташ шикастааст, гипс кардаанд. Саҳл пештар дил пурсам гуфта занг занам, гӯширо янга бардошт. «Эй, янгамулло, нағз нашудааст ба бечора Зоҳидакам», гӯям, медонед вай чӣ гуфт? «Вой, ташвиш накашед, Неъматҷонака, безарар, дасти чапаш шикаст, дасти шеър менавиштагиаш не...»
8. «Тарҷума накардааст-ку?..»
Соли 1991 ба муносибати ҷашни навбатии Алишери Навоӣ қарор кардем яке аз ғазалҳои машҳури ӯро ба забонҳои хориҷӣ тарҷума карда, дар шакли китоби алоҳида чоп намоем. Аз чаҳордаҳ ҷумҳурии бародарӣ шоирон-мутарҷимонро таклиф карда, дар хонаи эҷодии Дӯрмон ҷойгир сохтем. Онҳо дар ин ҷо як-ду ҳафта бо олимони навоишинос ва муҳаррирон дар болои тарҷума кор бурданд. Дар қатори онҳо як шоир – тарҷумони аз ноҳияи автономии Уйғури Чин омада низ иштирокдори фаъоли ҷараён буд.
Ниҳоят, дастнавис омода ва маҷмӯаи зебо аз чоп баромад.
Рӯзе ведомости барои пардохти ҳақи қалам муқарраршударо бардошта, сармуҳосиби нашриёт ба хонаам ворид гашт.
– Ман ба ин тарҷума ҳақ намепардозам, – гуфт ӯ ва яке аз саҳифаҳои он китобро кушода ба наздам гузошт.
– Барои чӣ? – пурсидам бо ҳайрат.
– Ба чияш ҳақ нависам, охир, тарҷума накардааст-ку? – гуфт бухгалтер бо абрӯи чин.
– Канӣ, нигарем, – гуфтам китобро ба даст гирифта. Чашмам ба сатрҳое афтод, ки зерашон хати сурх кашида шуда буд:
Ӯзбекиаш:
Жоно, жаҳон
жамолингга тасаддуқ...
Уйғуриаш:
Жино, жиҳан
жимолинға тасаддуқ...
Мисраъҳои дигари ғазал низ айнан бо ҳамин усул тарҷума шуда буданд.
– Апа, – гуфтам хандида, – забони ӯзбекӣ ба забони уйғурӣ ниҳоят наздик бошад, дар ин ҷо айби мутарҷим нест. Тарҷума ҳамин. Ҳақ додан даркор.
– Вой, наход ин тарҷума бошад? – гуфт бухгалтер бо тааҷҷуб. – Ин хел ман ҳам метавонам тарҷума кунам?!
Вай сар ҷунбонда-сар ҷунбонда, аз кабинет баромад.
9. «Гӯсфанд намонд»
Падари Ф. ном журналист, ки дар Тошканд кор мекард, аз дунё гузашта буд. Дӯстамон ният кардааст бахшида ба хотири падараш дар роҳи Худо эҳсон кунад. Ба додараш, ки дар хонаи падар истиқомат дошт, занг задааст:
– Ту аз бозор як гӯсфанди нағз харида мон, рӯзи шанбе, вақте ба деҳа рафтам, пулашро медиҳам.
Додараш фикр карда мондааст:
– Майлаш-ку, ако, лекин ҳамин... гӯсфандро худатон аз Тошканд меовардед, хуб мешуд-да.
– Чаро? – пурсидааст бародар бо ҳайрат. – Пулат нест?
– Пул ҳаст-куя, – гуфтааст додар хиҷолаткашон, – фақат дар ҳеҷ куҷо гӯсфанд нест.
– Барои чӣ нест? – дучанд ҳайратзада шудааст дӯсти мо.
– Ако, магар нашунидед, ба наздикӣ ҳокими вилоят аз кор рафт-ку?
– Хӯш, равад рафтагист, ин ба гӯсфанд чӣ алоқа дорад? – чизе нафаҳмидааст бародараш.
– Баъде ҳоким сабукдӯш гашт, аҳли вилоят хурсанд шуду дар ҳар деҳаву шаҳр гӯсфанд кушта худойикунӣ сар шуд, барои ҳамин ягон гӯсфанд намонд, – ҷавоб додааст додари дӯсти ман.
Тарҷумаи
Муҳаммад ШОДӢ,
аз китоби
«Навоӣ-30».