ФОЛНОМАИ ҲОФИЗ

Ҳар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо ба рӯҳи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фотиҳа хонда, сипас ният карда, бо чашмони баста ангушти ишорат ба ғазале аз ӯ мениҳад ва бинобар он розҷӯйӣ мекунад.

Эй Ҳофизи Шерозӣ,
Ту кошифи ҳар розӣ.


Ҳар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо ба рӯҳи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фотиҳа хонда, сипас ният карда, бо чашмони баста ангушти ишорат ба ғазале аз ӯ мениҳад ва бинобар он розҷӯйӣ мекунад. Ҳоло мо ангушти ишорат ба рӯйи ғазали «Султони хубон» ниҳодем ва фолномаи Ҳофизро ҳамроҳ бо шарҳаш дар «Саҳифаи рӯзи истироҳат» манзури хонандагони азизи «Овози тоҷик» менамоем.

Султони хубон

Гуфтам: – Эй султони хубон, раҳм кун бар ин ғариб,
Гуфт: – Дар дунболи дил раҳ гум кунад мискин ғариб.
Гуфтамаш: - Магзар замоне. Гуфт: – Маъзурам бидор,
Хонапарварде чӣ тоб орад ғами чандин ғариб?
Хуфта бар санҷоби шоҳӣ нозанинеро чӣ ғам,
Гар зи хору хора созад бистару болин ғариб.
Бас ғариб афтодааст он мӯри хат гирди рухат,
Гарчи набвад дар нигористон хати мушкин ғариб.
Гуфтам: – Эй шоми ғарибон турраи шабранги ту,
Дар саҳаргоҳон ҳазар кун, чун бинолад ин ғариб.
Гуфт: – Ҳофиз, ошноён дар мақоми ҳайратанд,
Дур набвад, гар нишинад хаставу ғамгин ғариб.

Агар таваққуъ дорӣ, ки шоҳиди муваффақиятро дар оғуш бигирӣ, бояд камтар дунболи рӯдил ва ҳавою ҳаваси худ бошӣ, зеро фурсатҳои муҳими зиндагиро аз ту мегиранд. Вале агар ақлу эҳсосро ба ҳам омезӣ, чандон дур нест, ки корҳо мутобиқи майлат пеш раванд.

Таснифи Парвизи ИЗЗАТУЛЛО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: