ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО...

Тавре ки хабар дода будем, 18-19-уми апрели соли равон сарвари давлатамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо таклифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Душанбе ташриф овард.

 Дар ҷараёни музокираҳои сатҳи  олӣ, вохӯрӣ ва чорабиниҳои гуногуни  муштарак ба вуқӯъ пайвастанд. 

Дар  асоси аҳдномаҳое, ки ба имзо расиданд, як гурӯҳ меҳмонон аз  Панҷакент ба шаҳри Самарқанд ташриф фармуданд. Дар собиқ  боғи устод Садриддин Айнӣ, ки  ҳоло академияи «Турон» ҷойгир аст, вохӯрии аҳли фарҳанг  баргузор гардид. 
Ноиб-президенти академия Фарҳод Аҳмадҷонов меҳмонони олиқадру гиромиро хайра мақдам гуфта, риштаи суханро ба адабиётшиноси тоҷик, фарзанди фарзонаи Панҷакент Муҳаммади  Муҳаммадзоди 97-сола дод.
– Мо, мардуми Тоҷикистон хеле хушҳол ҳастем, ки  туфайли сиёсати оқи-лона, ҷасорату матонати дурандешонаи сарвари ду кишвари ҳамҷавор Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев соли 2018 дар  таърихи муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек саҳифаи нав боз шуд, ки бо хатти заррин сабт ёфт, – гуфт Муҳаммади Муҳаммадзод. – Мо дар  боби ҳамсоягиву  ҳамсоядорӣ ҳикматҳои зиёд дорем, ки «Ҳаққи  ҳамсоя ба  ҳаққи  Худо  баробар  аст» ё «Аз  хеши  дур ҳамсояи  наздик  беҳтар» аз он ҷумла мебошанд.
Шукр мекунам, ки  имрӯз  барои  рафту омади озодонаи шаҳрвандони  ду кишвар ҷиҳати дидорбинии хешу табор, ёру дӯстон ва саёҳату тиҷорат тамоми  имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Дар чунин  шароит мо бояд ба  хотири рушди  таҳкими арзишҳои созандаи  муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ бештар саъю кӯшиш намоем.
– Ана барои  ҳамин ҳам  тадбирҳои муштараки фарҳангӣ заруранд, – риштаи суханро ба даст гирифт доктори улуми филологии Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садрӣ Саъдиев. – Вақти он  расидааст, ки телевизиони муштарак, театри муштарак, нашрияҳои муштарак дошта бошем.
Нависандаи маъруф  Адаш Истад, шоири зуллисонайн  Номурод Каримзода, раисони  иттиҳодияҳои ҷанговарони байналмилали Самарқанд Эркин Мавлонӣ ва шаҳри Панҷакент Алиҷон Баротов, муҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодури Раҳмон ва дигарон дар бораи дӯстӣ ва ҳамсоягии неки халқҳои ӯзбеку тоҷик ҳарф заданд. 
Ҳофизи самарқандӣ Ҳазрати Ҳамроқул бо  сурудҳои дилошӯбу самимӣ табъи ҳозиронро болида сохт.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА. 
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: