Табрики идона ба халқи Ӯзбекистон

Ҳамватанони муҳтарам, собиқадорони азиз!

Самимона, аз таҳти дил собиқадорон, тамоми мардуми бисёрмиллатаи Ӯзбекистонро бо ҷашни пуршараф 9 май – Рӯзи хотира ва қадр ва 79-умин солгарди Ғалабаи Бузург дар Ҷанги бузурги ватанӣ муборакбод намуда, ба ҳамаи шумо эҳтироми  амиқ ва таманноҳои нек изҳор менамоям.

Дар ин рӯзи фархунда мо хотираи падарону бобоёнамонро, ки дар ҷанги дар таърихи башарият мудҳиштарин қаҳрамонии ҳақиқӣ нишон дода, ҷаҳонро аз фашизм наҷот доданд, тамоми ҳамватанони далеру наҷиб, ки дар ақибгоҳ фидокорона меҳнат карда, ба таъмини Ғалаба ҳиссаи сазовор гузоштаанд, пос медорем.

Мо ба собиқадорони азизамон, ки аз ҷанг баргашта, баҳри ободии диёрамон мардонавор заҳмат кашида, имрӯз бо файзу баракати худ рӯзгори моро равшан месозанд, изҳори сипос менамоем.

Мо сарбозони шуҷоъро, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри ҳимояи озодии Ватан, сулҳу оромии мардум ҳангоми адои хидмат ҷон додаанд, бо миннатдорӣ ёдовар мешавем.

Рафиқони азиз!

Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру деҳоти мо чорабиниҳо ҷараён доранд, дар он мо бори дигар ба ёд меорем, ки ҷанги бераҳмона ба сари мардуми мо чи гуна ғаму андӯҳ ва талафоти бешумор овард. Дар ин  солҳои вазнин беш аз 1 миллиону 950 ҳазор аскари ӯзбекистонӣ ба фронт сафарбар  шуда, аз онҳо беш аз 538 ҳазор нафар фавтид, беш аз 158 ҳазор нафар бедарак гашт, зиёда аз 870 ҳазор нафар ҷароҳат бардошта, беш аз 60 ҳазор нафар аз фронт маъюб шуда баргаштанд. Ин аз он далолат медиҳад, ки Ғалаба бо чи гуна арзиши баланд ба даст оварда шуд. Ва имрӯз, бо гузашти ин қадар солҳо захмҳое, ки дар рӯҳи одамони аз он ҷанги хунин баргашта мондааст, нест намешавад.

Дар солҳои ҷанг 214 ҳазор нафар аскару афсарони мо бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуданд, ки аз онҳо 301 нафарашон бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 70 нафарашон бо ордени «Шараф»-и се дараҷа мукофотонида шуданд, ки корнамоиҳои онҳо бешубҳа барои мо саҳифаи солномаи дурахшони Ғалабаи Бузург аст.

Дар ин солҳои пурташвиш халқи мо дар ақибгоҳ устуворона меҳнат кард. Кори корхонаҳои саноатӣ ба эҳтиёҷоти фронт нигаронда шуда буд. Аз минтақаҳои дар оташи ҷангмонда ба мамлакати мо зиёда аз 170 заводу фабрика кӯчонда, истеҳсолот дар муддати кӯтоҳ ба роҳ монда шуд. Халқи мо ба фронт ба миқдори зиёд техникаи ҷангӣ, яроқу аслиҳа, доруворӣ, сару либос, озуқаворӣ ва дигар маҳсулоти зарурӣ фиристод.

Танҳо дар солҳои 1941-1943 ӯзбекистониён ихтиёрӣ ба хазинаи мудофиа беш аз 475 миллион рубл ва ба маблағи 22 миллион рубл ҷиҳозҳои қиматбаҳои шахсӣ доданд, ки ин боз як ҳиссаи муҳим ба пешвози Ғалаба буд.

Мардуми мо инсондӯстии бебаҳо нишон дода, ба қариб 1 миллиону 500 ҳазор нафар сокинони аз минтақаҳои ҷанг эвакуатсияшуда сарпаноҳ дод, 250 ҳазор кӯдакони бепарастор мондаро бо ғамхории падарона иҳота кард ва луқмаи охирини нони худро бо онҳо баҳам дид.

Ҳамватанони азиз!

Маҷмӯи боҳашамати ёдгории «Боғи Ғалаба», ки дар пойтахти кишварамон ҳамчун рамзи қаҳрамонии халқи мо бунёд ёфтааст, дар муддати кӯтоҳ ба макони муқаддастарин табдил ёфт.

Инак, то имрӯз ба маҷмӯъ зиёда аз 2 миллиону 200 нафар одамон ташриф оварданд. Онҳо бо шавқу ҳавас ва диққати калон бо экспозитсияҳо шинос шуданд. Кормандони маҷмӯи ёдгорӣ қариб 50 китоб-албом ва монография, маҷмӯи ҳуҷҷатҳои нодири таърихӣ, ки аз ин пеш номаълум буданд, нашр карда, ба омма пешкаш сохтанд.

Дар доираи лоиҳаи «Ман бобои худро меҷӯям» руйхати қариб 2 миллион ҳамватанони мо – иштирокдорони ҷанг тартиб дода шуд. Бинобар беш аз 300 муроҷиати шаҳрвандони мо дар бораи сарнавишти 200 сарбози бедаракшуда маълумоти муҳим ҷамъоварӣ карда шуд.

Дӯстони муҳтарам!

Ба ифтихори ҷашни имрӯза дар Ӯзбекистон маросимҳои ёдбуд, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, мулоқоти се насл баргузор мешавад. Бо иштироки роҳбарони вазоратҳои дахлдор, идораҳо ва ташкилотҳо, қисмҳои ҳарбӣ бахшида ба қадрдонӣ ва тақдими туҳфаҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат, аъзои оилаи хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ фавтидаанд, чорабиниҳои идона баргузор мегарданд.

Собиқадорони муҳтарами ҷанг таҳти эътибори доимӣ қарор доранд. Аз ҷумла, хонаҳои собиқадорони яккаву танҳои ҷангу меҳнат ва оилаҳои хидматчиёни ҳарбӣ, ки дар солҳои истиқлолият фавтидаанд, таъмиру обод карда шуданд. Ба ҳар як иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ хидматҳои патронажӣ ва ёрии зарурии тиббӣ расонда шуд. Агар хоҳиш дошта бошанд, онҳо дар санаторияҳо табобат мегиранд.

Мо аз ин одамони бузург, ки имрӯз барои ҳаёти озоди мо фидокорона мубориза бурдаанд, бешубҳа қарздорем ва минбаъд ҳам барои онҳо тамоми шароитҳоро фароҳам меорем.

Дар ин айёми ниҳоят душвору пурташвиш корнамоию анъанаҳои пуршарафи қаҳрамонони собиқадор барои мо дар иҷрои чунин вазифаҳои хеле муҳим, аз қабили тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватандустӣ, аз таъсири гуногуни манфӣ ҳимоя намудани фарзандонамон, қадр ва ҳимоя карда тавонистани сарвати бебаҳотарини мо – сулҳу субот, ризоияти байнимиллӣ ва байниконфесиявӣ ҳамчун намуна хидмат мекунад. Мо аз чунин матонати беандоза илҳом гирифта, вазифаи олии худро оид ба ҳифзи Ватан, ҳифзи ҳаёти осоишта ва бунёди Ӯзбекистони Нав бешубҳа бошарафона иҷро хоҳем кард.

Ҳамватанони азиз!

Бори дигар шуморо бо иди бузурги имрӯза самимона табрик мегӯям. Ба ҳамаи шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва шукуфоӣ таманно дорам, бигузор дар кишварамон ҳамеша сулҳ ҳукм фармояд, бигузор халқамон хушбахт бошад!

 

Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: