СУХАНОНИ ҲИКМАТОМЕЗИ БУЗУРГОН

Инсон фақат дар қиболи (баробар)-и гуфтаҳояш масъул нест, балки дар қиболи сукутҳояш низ масъул аст.

Инсон фақат дар қиболи (баробар)-и гуфтаҳояш масъул нест, балки дар қиболи сукутҳояш низ масъул аст.
Азиз Несин.

Агар рӯзе ба ту хиёнат кунанд, бидон, ки қиматат болост.
Чарли Чаплин.

Виҷдон, одатан, нафаронеро азият медиҳад, ки гуноҳе надоранд.
Эрих Ремарк.

Мо дар он ҷое, ки шикастем, қавитар мегардем.
Эрнест Ҳеменгуей.

Агар одамон шуморо дӯст доранд, пас шумо одами хуб ҳастед. Агар нафрат кунанд, нишони он аст, ки бартарие доред.
Ҷозе Моурино.

Агар хоҳӣ, ки пас аз марг фаромӯш накунандат, ё чизе бинавис, ки хонданӣ бошад, ё коре бикун, ки қобили навиштан.
Бинҷамин Франклин.

Мушкилоти мамлакат аз мактаб оғоз меёбад.
Эд Ҳаррис.

Агар дарди худро эҳсос кунӣ, пас ту зиндаӣ, вале вақте дарди дигаронро эҳсос мекунӣ, ту инсонӣ.
***
Вақте ба ту хиёнат мекунанд, мисли ин аст, ки дастҳоятро бурида бошанд. Хоинро метавон бахшид, вале намешавад ӯро ба канор гирифтан.
Лев Толстой.

Решаи таълим талх аст, вале мевааш ширин.
Леонардо да-Винчи.

Дӯсти хуб аз танҳоӣ, танҳоӣ аз дӯсти бад беҳтар аст.
Замаҳшарӣ.

Имон чизест, ки одамон барои он мемиранд, вале барои идеология якдигарро мекушанд.
Тони Бенн.

Тарҷума ва таҳияи А. СУБҲОН.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: