ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ОСИЁ БО ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМА БА ПОЁН РАСИД

13-14 май дар шаҳри Самарқанд ҳамоиши байналмилалии занони Осиё таҳти унвони «Муносибати минтақавӣ ба масъалаҳои васеъ гардондани ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, имкониятҳои занон» баргузор гардид.

Иштирокчиёни ҳамоиш, ки бештар аз 400 нафарро ташкил менамуд, аз намояндагони парлумонҳо, ноибони сарони ҳукуматҳо, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, занони соҳибкор, сиёсатшиносон, олимон, намояндагони бахши иқтисодии 30 кишвари Қораи Осиё ва Ӯзбекистон иборат буданд. 
 Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева дар маросими ифтитоҳи ин ҳамоиш Паёми Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёевро ба иштирокчиёни он хонда дод. 
– Имрӯз таъмини иштироки фаъолонаи занон дар идоракунии давлатӣ, иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-академӣ ва фарҳангию гуманитарӣ аз пештара дида муҳимтар аст. Ин масъала, бахусус дар шароите, ки ноустувории сиёсиву иқтисодӣ дар миқёси ҷаҳон идома дорад, низоъҳои гуногун ва хатарҳои нав зиёд аст, боз ҳам муҳимтар мегардад. Маориф, нигаҳдории тандурустӣ, технологияи иттилоотӣ, иқтисодиёт ва бисёр соҳаҳои дигар бо суръат пеш рафта истодаанд. Албатта, нақши занон ва ҳиссаи бузурги онҳоро дар ноил шудан ба чунин дараҷаи баланди тараққиёт инкор кардан имконнопазир аст, – изҳор намуд Танзила Норбоева.
– Ба ин маънӣ метавон гуфт, ки кишварҳои қитъаи Осиё дар ҳифзи ҳуқуқи занон, аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ кардани онҳо ва таъмини баробарии гендерӣ таҷрибаи ғанӣ доранд. Солҳои охир рушд дар ҳама соҳаҳо таъмин гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ тадбирҳои васеъ амалӣ мешаванд. Таъкид гардид, ки бо иштироки ширкатҳои бонуфуз ва брендҳои бузурги ҷаҳон ҳазорон лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва саноатӣ роҳандозӣ шуда, садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд. Раиси Сенат ишора намуд, ки сармояи инсонӣ ва захираҳои меҳнатӣ ҳамчун сарвати асосӣ ва воситаи ҳалкунандаи ноил шудан ба натиҷаҳо ба ҳисоб мераванд. Маҳз иштироки фаъолонаи занон дар иқтисодиёт омили муҳим мегардад.
Ба гуфтаи ӯ баргузории ин ҳамоиш ҷиҳати таъмини баробарии гендерӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, ки дар умури давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пурсамар меҳнат мекунанд, босамар хидмат хоҳад кард. Барои ҳамин месазад, ки иштироки занон дар соҳаҳои идораи давлатӣ, сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ бештар рушд намояд. 
Симо Самеъ Бохус, муовини Дабири кулли СММ ва мудири иҷроияи «СММ-занҳо» дар ин ҳамоиш гуфт, ки ҷаҳони имрӯза бо бӯҳронҳои сершумор рӯбарӯ аст ва занону духтарон дар сафи пеши оқибатҳои харобиовари ин бӯҳрон қарор доранд. 
– Имрӯз дар қитъаи Осиё 4,82 миллиард нафар зиндагӣ мекунанд, ки ин 60,6 дарсади аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, 2,3 миллиард ё 48,8 дарсади ҷамъияти ин қитъаро занон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, масъалаҳои ба кор андохтани имконияту неруи занони минтақа, боз ҳам вусъат додани иштироки онҳо дар иқтисодиёт, пурзӯр намудани нақши занон дар идоракунии давлат ва ҷамъият ниҳоят муҳим аст, – иброз дошт хонум Бохус. – Аз ҳар се зан як нафар дар саросари ҷаҳон – дар хона, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва кор, дар платформаҳои гуногуни ВАО зӯроварӣ ва таъқибро аз сар мегузаронад. 
– Мо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи баргузор намудани ҳамоиши занони Осиёро пурра дастгирӣ мекунем, ки дар Иҷлосияи 78-уми Ассамблеяи Генералии СММ баён кардааст. Моҳи апрели соли равон, дар арафаи сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Пешбурди баробарии гендерӣ ҳамчун ҳадафи рушди устувор» мулоқоти занони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар боби пешбарии баробарии гендерӣ мо таҷриба иваз намудем, – гуфт ноиби раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Мавсума Мӯинзода.
Тавре ки вай тазаккур дод, рушди иқтисоди замони муосир, тақсими захираҳо, амнияти давлат ва дипломатия, ташаккулёбии сиёсати давлатҳо ва минтақаҳо, дар маҷмӯъ рушди устувори ҷаҳон аз беҳбуди вазъи занон ва таъмини баробарии ҳуқуқи онҳо вобаста аст. 
Дар идома ҳамоиши байналмилалии занони Осиё таҳти раёсати вакили Олий Маҷлиси Ӯзбекистон дар умури ҳуқуқи инсон (Омбдусман) Фирӯза Эшматова ва намояндаи доимии Хазинаи аҳолишиносии СММ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мудири ин хазина дар Тоҷикистон Нигина Аббосзода баргузор гардид. 
Ҳамоиши байналмилалии занони Осиё дар Самарқанд тарҳи Қатъномаро ба ҳайси асос қабул кард ва ба кори худ хотима бахшид. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири махсуси «Овози тоҷик».

САМАРҚАНД.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: