ОЗМУНИ «ҚАЛАМИ ТИЛЛОӢ – XVIII» ҶАМЪБАСТ ШУД

Дар қасри анҷуманҳои байналхалқии «Ӯзбекистон» маросими ботантанаи тақдиронидани ғолибон ва ҷоизадорони озмуни эҷодии миллии журналистон «Қалами тиллоӣ – XVIII» баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки озмуни байналмилалии «Қалами тиллоӣ»-ро Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо фонди ҷамоатии «Илҳом» ва дигар ташкилотҳои мутасаддӣ ташкил намуд.
Ба озмун маводҳои беҳтарини дар рӯзнома ва маҷаллаҳо чопшуда, барномаҳои радио ва телевизионӣ, нашрияҳои интернетӣ доир ба номинатсияҳои гуногун супурда шудаанд.
Дар анҷуман намояндагони сафоратхонаҳои  мамлакатҳои хориҷӣ дар Ӯзбекистон, адибон, шоиру нависандагон, рӯзноманигорони маҳаллӣ ва хориҷӣ, журналистони ҷавон ва блогерҳо иштирок намуданд.
– Бино ба созишномаи байни иттиҳодияҳои журналистони Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки моҳи майи соли 2022 ба имзо расида буд, ҳамкорӣ дар мубодилаи афкори мо чӣ дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳанг, маънавияту маърифат торафт густариш меёбад, ки ин албатта бо сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду давлат мебошад. Дар ҳар ду кишвар муҳити эҷод барои аҳли қалам фароҳам аст. Аз фурсат истифода бурда, ғолибон ва ҷоизадорони озмуни байналхалқии «Қалами тиллоӣ»-ро аз номи аҳли эҷоди Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям, – гуфт ҳангоми суҳбат раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода. 
Дар озмуни байналхалқӣ наздик ба 600 вакили ВАО-и маҳаллию хориҷӣ бо беш аз 4 ҳазор кори эҷодии худ иштирок намуданд. Дар чаҳорчӯби иҷрои қарори Президент аз 27 июни соли 2022 «Дар бораи чораҳои дастгирии воситаҳои ахбори оммавӣ ва рушди соҳаи журналистика» аз соли 2023 инҷониб номинатсияҳои рағбатноккунӣ аз 5 то 12 зиёд карда шуд.
Иштирокдорони озмун аз рӯи номинатсияҳои «Барои китоби беҳтарин дар жанри публитсистика», «Барои фоторепортажи беҳтарин» нисбат ба соли гузашта се баробар афзудааст.
Дар озмуни байналхалқӣ мукофоти олӣ – туҳфаи Президент автомобили тамғаи «Tracker» насиби шабакаи телевизионии  нодавлатии «Uzreport TV» гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ ба ғолибон ҳайкалча, диплом ва ҷоизаҳои пулӣ супорида шуд.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: