МУНОСИБАТИ УМУМӢ БА ДИГАРГУНИҲОИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ

Самараи ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мешаванд, барои қаробат ба низоми иқтисодиёти ҷаҳон, ба хусус инкишоф додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамҳудуд вобаста мебошад.

 Аз ин рӯ ҷараёни қаробати мазкур аз масъалаҳои рӯзмарраи кунунӣ ба шумор меравад. 

Тадқиқот нишон доданд, ки дар ин бобат Иттифоқи иқтисодии Авроосиё дар ҳудуди Иттиҳоди собиқ аз ҷумлаи чунин лоиҳаҳои истиқболнок мебошад. Шартнома дар бораи Иттифоқи иқтисодии Авроосиё, ки сараввал дар байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Белорус бо қарор «Дар бораи иттифоқи гумрук» оғоз ёфта, баъдтар ба он ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон ҳамроҳ шуда буданд, соли 2014-ум имзо шудааст. 
Иттифоқи иқтисодии Авроосиё ташкилоти байналхалқии дорои мақоми юридикӣ буда, бинобар таърихи ташаккулёбӣ ва рушди амалиёти худ ба сифати аз ҳар ҷиҳат бозсозӣ кардани иқтисодиёти миллӣ, ҳамкорӣ ва афзун намудани рақобатбардории давлатҳои аъзо, ҳамчунин баланд бардоштани дараҷаи ҳаёти аҳолии ин кишварҳо дар маркази эътибори ҷомеаи ҷаҳон қарор гирифт. ИИАО ҳаракати озоди молҳо, хидматҳо, сармоя ва нерӯи корӣ, ҳамчунин ба амал татбиқ гардидани сиёсати мувофиқ ё худ ягонаи шабакаҳои иқтисодиро таъмин менамояд. 
Ӯзбекистон 11 декабри соли 2020-ум дорои мақоми мушоҳиди ИИАО гардид. Ин мақом имконият медиҳад, ки ҷумҳурӣ ба ҷамъомадҳои ИИАО иштирок кунад, бо ҳуҷҷатҳое, ки дар доираи Иттифоқ қабул гардидаанд ва ғайра шинос шавад. 
Он чиз боиси эътибор мебошад, ки бо истифода аз имкониятҳои дастраси мақоми мушоҳид ба ИИАО натиҷаҳои саъю ҳаракати ягона ба чашм расиданд. Пас аз ташкил ёфтани ИИАО дар байни давлатҳои иттифоқ ва Ӯзбекистон ҳаҷми мубодилаи мол ду баробар афзуда, он соли сипаришуда аз 11 миллиард доллар гузашт. 
Президенти мо Шавкат Мирзиёев 8 май ба сифати роҳбари давлати мушоҳид ба шаҳри Маскав рафт ва дар ҷамъомади ҷашнии Шӯрои олии иқтисодии Авроосиё иштирок намуд. 
Роҳбари давлати мо ҳангоми суханрониаш дар қатори бисёр масъалаҳои рӯзмарра қайд намуд, ки бо мақомоти Иттифоқи иқтисодии  Авроосиё бинобар самтҳои муҳим бояд ҳамкориҳо бештар карда шаванд. Ба хусус, масъалаҳои инкишоф додани агроэкспресси Авроосиё, ҷорӣ намудани технологияҳои «сабз» ва сарфаи об, созмон додани кластерҳои муштараки агросаноатӣ ва марказҳои логистикӣ, коркарди муносибатҳои умумӣ барои бартараф кардани оқибатҳои тағйироти иқлим ва ҳамкории қарин аз ин ҷумла мебошанд. Дар ин бобат пешниҳод гардид, ки яке аз ҷамъомадҳои навбатии Гурӯҳи корӣ дар Ӯзбекистон гузаронида шавад. Баробари ин барномаҳои сайёҳӣ, ки ба куллан зиёд кардани табодули сайёҳӣ ва масъалаи истеҳсоли маҳсулот нигаронида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Равшан аст, ки инкишоф додани равандҳои «иқтисодиёти сабз» нафақат ба як давлати маълум, балки барои рушди барқарори тамоми минтақа имконият фароҳам меоварад. Бинобар ҳамин ҳам соли 2009-ум 34 кишвар ба баённомаи «Иқтисодиёти сабз» имзо гузоштанд ва бо ин сайъу ҳаракатҳои худро дар самти мазкур мустаҳкам намуданд. 
Бояд гуфт, ки дар кишвари мо ҳам бобати васеъ ҷорӣ намудани тамоюлҳои «иқтисодиёти сабз» чораву тадбирҳои амалӣ татбиқ карда мешаванд. Барои ин, пеш аз ҳама, асосҳои ташкиливу ҳуқуқии соҳа фароҳам оварда шуданд, манбаъҳои молиявӣ муайян гардиданд. Аз ҷумла, бобати истифода аз манбаъҳои энергияи нав, ки тамоюли асосии «иқтисодиёти сабз» ба шумор меравад ва ҷорӣ намудани он ба дигаргуниҳои чашмрас муваффақ шуданд. Мувофиқи маълумот соли равон саҳми «энергияи сабз» дар истеҳсолоти тамоми энергияи электрии мамлакат ба 15 фоиз мерасад. Бояд гуфт, ки нишондиҳандаи мазкур 5 сол пеш 1 фоизро ҳам ташкил намедод. 
Иқдоми умумимиллии «Макони сабз», ки ҳар сол дар кишварамон амалӣ карда мешавад, корҳое, ки барои дар қаъри баҳри хушкидаи Арал 5 соли охир ташкил намудани 1,8 миллион гектар ҷангалзор, ҳамчунин ба 25 фоиз расондани майдони умумии соҳати заминҳои фонди ҷангал ё худ ба 14 фоиз расидани ҳудуди майдонҳои табиии ҳифзшаванда, на фақат ба манфиати миллии Ӯзбекистон, балки ба манфиати давлатҳои минтақа низ хидмат мекунанд. 
Ба ин маънӣ, беш аз пеш, беҳтар намудани ҳамкориҳо дар самти мазкур бо давлатҳои аъзои ИИАО имконияти самарбахшии мақсад ва вазифаҳои устувори миллии моро фароҳам меоварад. 
Ба тарзи умумӣ бигуем, таклиф ва ташаббусҳое, ки дар ҷамъомади Шӯрои олии иқтисодии Авроосиё пеш гузошта шуданд, баробари вусъат додани манфиатҳои тарафайни ҳамкорӣ, бобати мустаҳкам кардани дӯстӣ ва шарикии байни кишвару халқҳоямон низ иқдоми амалӣ хоҳад шуд. 

Ислом ХУШВАҚТОВ,
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис.                  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: