ХАБАРҲО

ТАРТИБИ НАВИ «ЗАНГИ ОХИР» ДАР МАКТАБҲО

Аз ҷониби Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ барои муассисаҳои таълими умумӣ оиди гузаронидани чорабиниҳои ҷамъбастӣ бинобар ба охир расидани соли таҳсили 2023-2024  тавсияҳо кор карда бароварда шуд. 

Навъе хидмати ахбори вазорат маълум менамояд, чорабиниҳои «занги охир» дар муассисаҳои таълими умумӣ 25 майи соли равон аз соати 8:00 то 9:00 ташкил карда мешавад. 
Ба чорабиниҳо аз миқдори хонандагони мактаб баромада омада, танҳо донишандӯзони синфҳои 1, 4, 9 ва 11 ҷалб карда мешаванд.  Баҳри муташаккилона гузаронидани «занги охир» фаъолони маҳаллаҳо, падару модарон, вакилони идораҳои ҳифзи ҳуқуқ дар вазъи риоя ба қоидаҳои пешгирии сӯхтор ва амнияти техникӣ ҳамдастӣ менамоянд.
Муаллимони собиқадор, падару модарони фаъол, пешқадамони маҳалла, собиқ хатмкардагоне, ки ба дигарон намунаанд, ба чорабинӣ таклиф карда мешаванд. Хатмкунандагони иқтидорноке, ки дар давоми сол бо хониши аъло ва хулқи хуб намунаи ибрат буда, дар рейтингҳо ба натиҷаҳои баланд ноил шудаанд, рағбатнок гардонда мешаванд. Айни замон ба падару модарони фаъол аз рӯйи номинатсияҳои «Падари фаъол», «Модари ҷонсӯз», «Падару модари масъулиятшинос», «Падари хонандаи пешқадам», «Модари толибаи аълохон» ташаккурномаҳо супурда мешавад.

БА ТАЪЛИМ ФАРОГИРИИ ДУХТАРОН 

Дар «Форуми занони Осиё», ки дар Самарқанд баргузор гардид, баромади раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева асосан ба масъалаи фарогирии бонувон ба таълим бахшида шуд. 

Вай қайд кард дар мамлакати мо эътибор ба таълим ва муассисаҳои таълимӣ ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст. Ба илму дониш фарогирии занону духтарон бошад, ғамхорӣ боз бештар аст. Масалан, барои ин кор кредитҳои имтиёзнок, квотаҳои махсус ҷудо карда шудааст. Ба духтароне, ки дар магистратура мехонанд, ҳақи шартномавӣ аз буҷаи давлатӣ пардохта мешавад. 
Агар дар соли 2017 донишҷӯдухтарон дар муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон ба ҳисоби миёна 9 фоизро ташкил кунанд, ҳоло ин нишондиҳанда ба 43 фоиз расидааст. Албатта, оянда масъалаи фарогирии духтарон ба таълим боз ҳам долузарбӣ касб карда, ин ба болоравии фаъолнокии сиёсиву иҷтимоии онҳо мусоидат хоҳад кард, гуфт Танзила Норбоева.    

М. ШОДИЕВ, 
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: