МАВЗӮЪ: ТОБОВАРИИ БИНОҲО БА ЗАМИНҶУНБӢ

Дар Садорати сохтмон ва хоҷагии коммуналии хонаю ҷойи вилояти Бухоро таҳти мавзӯи «Тадбирҳои афзун гардондани ба зилзила тобоварии биною иншоот, инчунин такмил додани фаъолияти мониторинги хатари сейсмикӣ» семинар ба амал омад.

Дар он мутахассисони АИ Ӯзбекистон, масъулони инспексияи назорати соҳаи сохтмон ва хоҷагии коммуналии хонаю ҷой, мутасаддиёни Садорати вазъиятҳои фавқулода, намояндагони ташкилотҳои лоиҳа иштирок карданд.
Дар семинар бобати ҷорӣ намудани усулҳои замонавии муносибат ба таъмини бехатарии сейсмикӣ, зиёдтар намудани иқтидори тобоварии биною иншоот ба заминҷунбӣ, кор карда баромадани роҳҳои нави донистани пешакии заминларза ва барпо намудани низоми муосири омодагӣ ба он фикру ақидаҳо гуфта шуданд. Иштироккунандагони семинар ба саволҳои зиёди худ ҷавоб гирифтанд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.


РАИСИ СУД ҚАБУЛИ 
САЙЁР ГУЗАРОНД

Дар мономаркази «Марҳабо, ба кор»-и шаҳри Самарқанд бо иштироки раиси суди вилоят Олим Ҳайитов ва раиси суди маъмурии вилоят Тоҳир Файзиев қабули сайёр баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ мавриди ислоҳоти сохтори суду ҳуқуқ, навгониҳои қонунгузорӣ сухан рафт.
Дар ҷараёни қабул муроҷиати 67 нафар шаҳрвандон оиди масъалаҳои ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ баррасӣ шуданд. Аксарияти муроҷиатҳо дар раванди қабули сайёр ҳал гардиданд.
Дар қабули сайёр 59 нафар шаҳрвандоне, ки барои рафтори ҷиноии худ ҷазоро адо мекунанд, аз кирдорашон пушаймон буда, хулосаи дахлдор баровардаанд ва комилан ба роҳи ислоҳ гузашта, минбаъд тарзи ҳаёти солимро пеш мебаранд, хоҳиш карданд, ки аз қисми боқимондаи ҷазо озод карда шаванд.
Дар ҳамин ҷо ҷамъомади суди сайёри шаҳри Самарқанд оид ба корҳои ҷиноӣ ташкил карда шуда, ҳар як парванда алоҳида муҳокима ва шикоятҳо қонеъ гардонида шуданд.
Ба шаҳрвандони аз ҷазо озодгардида ва ё ҷазояшон сабукшуда тавсия доданд, ки дар мономарказ касб омӯзанд. Се нафар маҳкумшудагон, ки хоҳиши таҳсилро доштанд, ба омӯзиши касби интихобкардаашон ҷалб карда шуданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
 дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: