БОҒДОРӢ ДАР ОКРУГИ ХУҶАНД

«Майдони корҳои боғдорӣ дар округи Хуҷанд» ном мақоларо аз рӯзномаи «Овози тоҷик» (№ 240, аз 28 июни соли 1928) хонда, ба маҳорати баланди боғдорони тоҷик, ки навъҳои беҳтарини зардолуро парвариш кардаанду онҳо ҳоло ҳам дар байни зардолуҳои ҷаҳон беҳамто мебошанд, бори дигар тасанно гуфтам.

Чунончи, зардолуи Исфара дар симпозиуми умумиҷаҳоние, ки соли 1961 дар иёлоти  Колифорнияи ИМА баргузор шуда буд, соҳиби медали тилло гардидааст. Гӯё ин пешомадро чандин сол муқаддам хабарнигори «Овози тоҷик» бо имзои мустаори «Самарқандӣ» пай бурда, мақолаашро бо таҳлил ва пешгӯйии пайомад ба чоп додааст. Таъкид доштааст, ки аллакай солҳои 20-уми садаи гузашта миёни кооперативи  Иттифоқи хоҷагии деҳот бо деҳқонон барои ташкил кардани майдони боғдорӣ муоҳида баста шуд. Ба воситаи ҳамин муоҳида барои харҷи пешакӣ ба деҳқонони округи Хуҷанд 480 ҳазор сӯм қарз ҷудо карда шуд. Ҳоло ин пул ба деҳқонони камбағал ва миёнаҳол дода шуда истодааст.
Ғайр аз ин манфиате, ки соли гузашта Иттифоқи хоҷагии  деҳот (ИХД) аз тайёр кардани мева гирифта буд, ба деҳқононе, ки соли гузашта меваҷоти худро ба воситаи ИХД фурӯхта буданд, ба ҳар пут 15 тин дода шуда истодааст. Бо сабаби нағз ба роҳ монда шудани корҳои ташкилии соли оянда фоида зиёд шуда, эҳтимол аст, ки боз ҳам ба деҳқонон зиёдтар фоида дода шавад. Бояд деҳқонон вақти зиёд гум накунанд, бинобар дар марказ хонаи қабули мева ташкил шуд. Деҳқонон ба он ҷо меваи худро мефурӯшанд. Ҳамчунин, ба борхона барои таъмин кардани деҳқонон бо молҳои фабрикӣ, саноатӣ, ғаллатайёркунӣ омодагӣ дида шуда истодааст. Дар оянда деҳқонон чизҳои даркории худро аз дуконҳои кооперативии матлуботи қишлоқ гирифта метавонанд.
«Ҳоло дар округи Хуҷанд хеле меваҳоро бо усули Амрико хушк мекунанд, – навиштааст муаллиф. 
– Дар бозорҳои хориҷа мо бо меваҳои хушки Амрико мусобиқа карда истодаем. Имсол барои қоқи баргакро бо усули Амрико хушк кардан аз тарафи Иттифоқи хоҷагии деҳот ба деҳқонон доруи гӯгирд (олтингӯгирд) дода шуда истодааст». 
Дар мақола боз омадааст: «Ба усули Амрико хушк кардани мева ба деҳқонон чанд афзалият дорад. Чунки меваи, аввал, аз чангу ғубор тоза хушк шуда, нархи зиёд дорад. Дуюм, мевае, ки бо ин усул хушк карда мешавад, назар ба офтоб хушк кардагӣ вазнинтар аст. Савум, меваҳое, ки вақти бо офтоб хушк кардан хароб мешаванд, бо усули амрикоӣ нағз хушк шуда, хароб (вайрон) намешаванд.
Дар соли 1928 ба майдони боғдорон ҳашароти зарарнок дар ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом хеле зарар расонид.  Аз тарафи ташкилотҳо бо нияти нест кардани ҳашароти зараррасон хеле кӯшиш карда шуд. Ба ҳар ҳол, имсол ба сабаби сахт омадани зимистон дар округи Хуҷанд ҳосил миёнаҳол аст.
Бо вуҷуди ин ҳама, корҳои боғдорӣ дар музофот рӯ ба рушд ниҳодааст. Дар Конибодом  фаъолияти як заводи мева давом дорад». 
Дар ҳама давру замон мутахассисони соҳибмаълумот маҳаки пешбурди соҳа будаанду мебошанд. Татбиқи ин раванди ояндасоз имрӯз  дар бунёди Ӯзбекистони Нав низ ба мушоҳида мерасад. 

Ӯзбакбойи РАҲМОН,  
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: