15 майи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ҳамтои худро ба муносибати дубора ба вазифаи сарвари идораи корҳои хориҷӣ таъин шуданаш табрик гуфт.
Ҷонибҳо инчунин ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаро оид ба рӯзномаи дуҷонибаи Ӯзбекистону Русия баррасӣ карданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.