ОИЛА ХУШБАХТ БОШАД, ҶАМЪИЯТ УСТУВОР МЕШАВАД

Дар олам ҷое ҳаст, ки мо ҳама сӯйи он мешитобем.

 Баъди кор, пас аз ҷараёни фаъолият ҷониби он маскан роҳ пеш мегирем. Дар он ҷо меҳри наздикон, тафти дили фарзандону набераҳоямон, ки ба мазмуни умри мо табдил ёфтаанд, муҷассам аст. Ин, бешубҳа, оилаи мо, хонадони мост.  


Оила барои инсон даргоҳи азизу муқаддас аст. Кас дар ин даргоҳ таваллуд мешавад, ба воя мерасад, камол меёбад. Оиларо метавон ба як пораи кучаки ҷамъият монанд кард. Хонавода манзили муқаддаси ҷомеа, асоси тарбия низ ҳаст. 
Аз тариқи ибрати падар, меҳри модар, панду андарзҳои бобову момо имону эътиқод, покиву ҳалолӣ, меҳру оқибат, ки аз ҳувиятҳои миллӣ мебошанд, аз насл ба насл мегузаранд, дар шуур ва қалби фарзандон нақш мебанданд.
Пойдевори ҷамъият ва давлате, ки дар пояи оилаи аз ҷиҳати иқтисодӣ фаровон ва дорои муҳити солими ғоявӣ ташаккул ёфтааст, мустаҳкам мегардад. Зеро дар чунин оила инсони аз ҷиҳати маънавӣ комил ба воя мерасад. 
20 сентябри соли 1993-юм баённомаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи соли байналхалқии оила» қабул гардид. Мувофиқи ин ҳуҷҷати байналхалқӣ аз соли 1994-ум 15 май ба сифати Рӯзи байналхалқии оила тақрибан дар тамоми давлатҳои дунё васеъ таҷлил карда мешавад. 
Мақсади асосӣ аз таҷлили санаи мазкур ҷалб сохтани эътибори давлат ва ҷамъият ба масъалаҳои вобаста ба оила, ҳамаҷониба амиқ кардани ҷараёнҳое мебошад, ки ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва демографӣ таъсир мерасонанд. Зеро оила нерӯест, ки муҳити маънавӣ, кайфияти хуш ва истиқрори ҳаёти ҷамъиятро таъмин месозад. 
Дар мамлакати мо таҳти сарварии Президент Шавкат Мирзиёев ба ҳифзи манфиатҳои оила, баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми он дар ҷамъият, масъалаҳои ҳамаҷониба дастгирӣ намудани оилаҳои ҷавон эътибори махсус дода мешавад. Чунончӣ, мувофиқи қарори роҳбари давлат аз 27 июни соли 2018-ум дар кишварамон аз соли 2019-ум 15 май ҳамчун Рӯзи байналхалқии оила васеъ қайд карда мешавад. 
Ин бесабаб нест. Зеро мафҳумҳое чун оила, фарзанд пояи ҷамъият буда, мазмуни ҳаёти ҳар кадоми мо ба шумор меояд. Халқи мо аз қадимулайём оиларо муқаддас дониста, барои дар он ба вуҷуд овардани муҳити солим ва мустаҳкам намудан эътибори махсус додааст. 
Ба хусус 7-8 соли охир барои ҳамаҷониба инкишоф ва ташаккул додани идораи оила, ки дар мамлакати мо ҳалқаи муҳими ҷамъият дониста мешавад, ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Аз ҷумла барои ҳифзи ҳувияти оила дар ҷамъият, беҳтар намудани муҳити маънавиву ахлоқии он ва боло бардоштани дараҷаи фаровонҳолии вай корҳои муайяне иҷро гардиданд. 
Мустаҳкам кардани идораи оила, ки қалъаи меҳру муҳаббат маҳсуб меёбад, ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шуд, сари вақт муайян кардани мушкилоти оила ва занону духтарон, кумакҳои иҷтимоиву ҳуқуқӣ, равониву рӯҳӣ расонидан ба оила ва занону бонувоне, ки дар ҳолати душвори иҷтимоӣ қарор доранд, корҳои назаррас амалӣ шуданд.
Дар мамлакат ҷорӣ гардидани лоиҳаҳои иҷтимоие чун «Дафтари бонувон», «Дафтари ҷавонон» ба дастгирӣ намудани оилаҳои ниёзманд, мустаҳкам кардани саломатии аъзои онҳо ва бартараф сохтани мушкилоти мавҷуда имкон медиҳанд. 
Корҳои мунтазаме, ки бо ташаббуси Президенти кишвар бобати дар маҳаллаҳо муайян сохтани вазъи ҳар як оила, омӯхтани аҳволи аъзои онҳо, бартараф сохтани масъалаҳои мавҷуда амалӣ мешаванд, алҳол дар ҳаёти мардум самараи худро зоҳир менамоянд. 
Солҳои охир барои оилаҳои ҷавон манзилҳо сохта мешаванд, вомҳои дарозмуҳлати имтиёзнок ҷудо мегарданд, ки низ аз эътибори баланд ба идораи оила шаҳодат медиҳад. Агар ба рақамҳо назар андозем, мебинем, ки бо мақсади ба аҳолӣ шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам овардан чаҳор сол муқаддам тартиби нави ба тамоюли низоми бозаргонӣ асоснокшудаи ипотекӣ ҷорӣ гардид. Дар муддати кӯтоҳ дар ҳудудҳо аз ҳисоби 100 триллион сӯм маблағ 6 ҳазор бинои баландошёнаи серҳуҷрадор сохта шуд. 
Дар натиҷаи саъю кӯшишҳои мазкур 250 ҳазор оила соҳиби манзили нав гардиданд. Ба 45 ҳазор оилаи камдаромад барои пардохти ибтидоӣ ва фоизӣ 2,4 триллион сӯм субсид дода шуд. Чунончӣ, танҳо соли гузашта дар тамоми мамлакат 85 ҳазор манзил сохта, 17 триллион сӯмина вомҳои ипотекӣ ҷудо карда шуданд. Умуман, метавон чунин мисолҳоро зиёд овард. 
Дар доираи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» барои афзун намудани фаъолнокии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии занону духтарон, истиқрори баробарии гендерӣ, таъмин сохтани ҳуқуқ ва манфиатҳои бонувон чорабиниҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Барои ин мақсад, пеш аз ҳама, қонунгузории миллӣ такмил меёбад, барои хоҳарони мо имкониятҳои бештар фароҳам оварда мешаванд.
Дар Сарқонуни таҳрири нав низ ба оила ҳамчун ба ҳалқаи асосии ҷамъият эътибори бузург дода шудааст, таъкид мешавад, ки оила дар муҳофизати ҷамъият ва давлат қарор дорад, давлат ба ҳамаҷониба инкишоф ёфтани оила, фароҳам овардани шароитҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ғайраи он масъул мебошад.
Хулоса, оила ҳалқаи муҳимтарини ҷамъият аст. Аз ин рӯ мо вазифадорем оиларо, ки мазмуни ҳаётамон буда, моро ҳамеша ба канори худ ҷалб месозад, мустаҳкам намоем. Замоне, ки мо фарзандони соҳиби ахлоқи нек ва дорои касбу ҳунарро тарбия мекунем, ин хидмати иҷборӣ аз дӯшамон соқит мегардад.

Музаффара АБДИЕВА, 
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.        
   

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: