ХАБАРҲО

«ШАҲРИ ГУЛҲО» БА ҶАШНВОРА ОМОДА АСТ

Фардо «Ҷашнвораи гулҳо» дар шаҳри Намангон чун анъана баргузор мегардад, оғоз меёбад. 
Ба ин чорабинии байналхалқӣ, ки 63 сол инҷониб дар сатҳи байналхалқӣ сурат мегирад, ҳарҷониба тайёрӣ дида шуд. Ҳокими вилоят Шавкатҷон Абдураззоқов бо мақсади шиносоӣ ба рафти омодагӣ ба ҳудудҳо баромад. Нахуст вай композитсияи гулҳои қаламрави ноҳияи Давлатободро аз назар гузаронд. Супориш дод ба баланд бардоштани сифат ва мазмуннокӣ, зиёд кардани миқдори баннерҳои ҷашнвораро тарғибкунанда дар кӯчаҳои марказӣ ва канори роҳҳо эътибор пурзӯр гардонда шавад.
Айни замон ҳокими вилоят аз меҳмонхонаҳои нав ва объектҳои сайёҳӣ дидан кард, ки дар арафаи ҷашнвора ба кор андохта мешаванд. Барои боз ҳам шароити қулайтар офаридан ба сайёҳони хориҷиву дохилӣ, ки ба Намангон меоянд, тавсияҳо дод.
«Ҷашнвораи гулҳо» дар Намангон то 23 июн давом мекунад. Чорабиниро ба тарзи  анъанавӣ паради автомобилҳои бо гул орододашуда оғоз мебахшад.

 

КИТОБ ДАР БОРАИ ЧЕҲРАИ НАМОЁНИ СИНАМО

Кору номи бузургмардони олами хираду фарҳанг ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Чанде аз ҳамзамонҳои мо низ ба сифати чеҳраи намоёни ҳунар дар хотираи мо нақш бастаанд.
Ба наздикӣ китоби Адиба Носирова бо унвони «Шуҳрат Аббосов дар хотираи ҳамзамонҳо» аз чоп баромад. Дар китоб роҳи ҳаёт ва эҷодӣ коргардони номӣ, мавқеи ӯ дар синамо, филмҳои ҷолиби диққате, ки вай режиссёрӣ кардааст, нақл мешавад. Баробари ҳамин дар бораи дигар кинорежиссёрҳои номӣ, аз қабили Набӣ Ғаниев, Йӯлдош Аъзамов, Комил Ёрматов ва дигарон дар китоб маълумотҳои қобили таваҷҷуҳ мавҷуд.
Навъе дар китоб қайд шуда, Шуҳрат Аббосов яке аз симоҳои намоён дар маданият ва санъати халқамон ба шумор мерафт, коргардони бузурги кинову театр буд. Дар баробари ҳамин вай бо фаъолияти бойи эҷодӣ ва маҳорати педагогӣ барои як қатор ходимони соҳаи кинову театри замони мо мактаби олии ибрат гардид. 
Ҳунарпешаи мардумӣ Шуҳрат Аббосов аз охири солҳои панҷоҳум ба кино ворид шуда, дар тӯли бештар аз шаст сол бо эҷоди баландғояи худ имконият фароҳам овард, ки  санъати саҳна ва экрани ин халқ ба ҷузъи ҷудонопазири маънавияти миллӣ табдил ёбад.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: